Маҳфили хотирмон20-10-2015, 12:28
Хабарро хонданд: 430 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар шуъбаи САҲШ-и шаҳри Қӯрғонтеппа чорабинӣ таҳти унвони соли 2015 «Соли оила» доир гардид.
Дар он оилаҳои собиқадор, ҷавонон, намояндагони маҳаллаҳо, модарони ҷавон, аҳли ҷамоатчигии шаҳр, намояндагони раёсати САҲШ-и вилоят иштирок доштанд. Муовини раиси шаҳр, узви КИ ҲХДТ дар в. Хатлон С.Қосимова, мудири шуъбаи САҲШ-и шаҳр Х.Маҳсуддинова, Сардори Раёсати САҲШ-и вилоят З. Сафарзода, Собиқадори меҳнат Х. Ализода суханронӣ карда, татбиқи ҳидоятҳои Президенти мамлакатро дар ин самт муҳим арзёбӣ карданд. Дар рафти маҳфил ба собиқадорон ва навхонадорон туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя карда, ақди никоҳи навхонадоронро гузаронданд ва ба волидайни як гуруҳ навзодон шаҳодатномаи таваллуд супорида шуд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.