Маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ3-11-2015, 13:00
Хабарро хонданд: 367 нафар
Назарҳо: 0
![]() Оиди масалаи мазкур Наврӯз Тоирзода, Усаров Қ, Хоҷазода О.А, Турабоев Б, раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Муҳаммадиев М. ҳисобот доданд. Сипас сухан ба Пӯлотов Одилҷон дода шуд, ки сокини н.Спитамен аз давлати Сурия ба Ватан баргашт ва бо хоҳиши худ ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия муроҷиат намуда, аз кору кирдори худ пушаймон шуда, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод гардидааст. Пӯлотов Одилҷон ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон миннатдори худро баён намуда, ба ҷавонон муроҷиат намуд, то ки ба ҳар гуна фиребу найрангҳо бовар накунанд, ки ин оқибати хуб надорад. Дар фарҷом, раиси ноҳия Хоҷазода Ориф ба иштирокчиён муроҷиат намуд, ки бояд ҳама сарҷамъона оиди ин ҳодисаи номатлуб мубориза баранд, корҳои тарғиботи ташвиқотӣ пурзур карда шавад, зеро ҷавонон оянда миллатанд. ©Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар в.Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.