Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ БА КЎМАК ШИТОФТАНД

ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ БА КЎМАК ШИТОФТАНД

6-02-2017, 14:57
Хабарро хонданд: 293 нафар
Назарҳо: 0
ФАЪОЛОНИ ҲИЗБ БА КЎМАК ШИТОФТАНДЧуноне ки иттилоӣ дода будем, бар асари тармафароӣ дар бештар аз 50 мавзеи шоҳроҳи Душанбе- Чанок дар километри аз 51-ум то 76-уми минтақаи Варзоб садҳо мошини боркашу мусофирбарии хурду миёна банд монда буданд. Дар натиҷаи ин ҳодисаи табиӣ то 10 нафар мусофирон, ки дар байнашон занону кӯдакон ҳастанд ба ҳалокат расиданд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ, раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ, масъулини ширкати IRS, ки ба нигоҳубини роҳи мазкур ихтисос дода шудааст ва дигар ниҳодҳои дахлдор дар ҷойи ҳодиса ба наҷот додани одамону нақлиёт машғуланд.
Бино ба хабари маркази матбуоти Ситоди наҷотбахши офати табиӣ то ҳол 500 нафар одамон, 30 мошини боркаш ва 60 мошини сабукрав аз зери барфу тарма берун карда шуданд.
Мақомоти ноҳияи Варзоб бо сарварии раиси ноҳия С. Назирзода, муовини раис Б. Нозимов бо фаъолону масъулини ноҳия ба кӯмаки зарардидаҳо шитофта, барои онҳо ҷойи хобу хӯроки гарм омода мекунанд. Дар ин кори хайр кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия (раисаш Бахтиёр Шеров) бо аъзои фаъоли ҳизб сафарбар шуда, дар амри наҷотдиҳии одамон саҳми муносиб гузошта истодаанд.
Чуноне, ки раиси комиҷроияи ҳизби ноҳияи Варзоб Б. Шеров иттилоъ дод,корҳои наҷот аз шаби 28-ум шурӯъ шуд ва то кунун 500 нафарро аз маконҳои хатарнок берун кардаанд, 30 мошини боркаш ва 60 мошини сабукрав низ ба ҷойи бехатар интиқол дода шудаанд. Барои наҷоти мардуми дармонда дар байни тарма, тамоми ҳайати наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода сафарбар шудаанд. “Дар байни мардуми бандмонда, кӯдакон, пиронсолон ва занон ҳастанд ва баъзеҳо бисёр тарсидаанд ва дар ҳоли шок қарор доранд.
Намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ки ҳамзамон бо маъмурони наҷот суҳбат мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи лағжиши тарма як ҷавонзани 28-сола аз шаҳри Хуҷанд ҳалок шудааст. Далер Мерганов, сухангӯи ширкати мутассаддии нигоҳубини Роҳи Душанбе-Чаноқ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунин ҷасади ду кӯдаки дигар дар маҳалли фалокатро пайдо кардаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: