Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲХДТ ба осебдидаҳои зилзила кӯмак мерасонад

ҲХДТ ба осебдидаҳои зилзила кӯмак мерасонад

14-12-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 375 нафар
Назарҳо: 0
ҲХДТ ба осебдидаҳои зилзила кӯмак мерасонадДар ҷаласаи изтирории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Муовини якуми Раиси ҲХДТ С. Фаттоҳзода доир гардид, масъалаи расондани кӯмакҳои молиявӣ ба зарардидагони заминларзаи дар баъзе навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баамаломада мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки тибқи ҳисобҳои қаблӣ зарареро, ки ба манзилҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабу муассисаҳои фарҳангиву давлатӣ, роҳҳои мошингарду пулҳои тахрибшудаи чанд деҳа расидааст, 24 миллион сомонӣ мегӯянд. Бар асари зилзила ду нафар ба ҳалокат расидааст.

Танҳо дар қаламрави ноҳияи Рӯшон беш аз 200 манзил комилан хароб ва 832 хонаи дигар қисман хароб шудаанд. Дар минтақаи осебдида Комиссияи ҳукуматӣ кор карда истодааст. Чанд рӯз боз чархболҳо мардуми осебдидаи ҷамоати Бартангро ба маркази ноҳия интиқол медиҳанд. Ҳамчунин осебдидагон аз ҳукумати кишвар ҳамчун кӯмак маводи хурокворӣ ва сӯхт дарёфт кардаанд.

Дар робита ба ин ҳодисаи нохуши табиӣ Дастгоҳи КИМ ҲХДТ тасмим гирифт, ки ба зарардидаҳои офат кӯмаки бевоситаи худро расонад. Тибқи қарори матраҳшуда ҳамаи кормандони Дастгоҳи КИМ ҳизб, идораи нашрияи «Минбари халқ», кормандони тамоми комиҷроияҳои ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ вазифадор шуданд, ки маблағи маоши якрӯзаи худро ба ҳисоби зарардидаҳои офати табиӣ гузаронанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки аъзои фаъоли ҳизб, соҳибкороне, ки узвияти ҲХДТ-ро доранд, метавонанд, мустақиман ба осебдидаҳо ёрии молию пулӣ расонанд.
©У. Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: