Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР РАДДАБАНДИИ ШИРКАТИ МАШҲУРИ АМРИКОӢ «MASTERCARD» САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ ГАРДИД!

ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР РАДДАБАНДИИ ШИРКАТИ МАШҲУРИ АМРИКОӢ «MASTERCARD» САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ ГАРДИД!

31-01-2017, 15:47
Хабарро хонданд: 340 нафар
Назарҳо: 0
ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР РАДДАБАНДИИ ШИРКАТИ МАШҲУРИ АМРИКОӢ «MASTERCARD» САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ ГАРДИД!
ДУШАНБЕ, 31.01.2017./АМИТ”Ховар”/. Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар раддабандии (рейтинги) шаҳрҳои аз нигоҳи туризм ояндадор ҷои аввалро соҳиб шуд. Ин раддабандиро маҷаллаи сайёҳии «34travel” бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури амрикоӣ «Mastercard» таҳия кардааст.

Маҷаллаи сайёҳии «34travel« рӯзи 30 январ бар асоси таҳқиқоти «Mastercard», ки яке аз ширкатҳои бузурги трансмиллии молиявии ИМА маҳсуб меёбад, рӯйхати 5 шаҳрро, ки имкониятҳои зиёде дар соҳаи сайёҳӣ доранд ва дар оянда метавонанд ба самтҳои асосии ҷаҳонгардии сайёҳони хориҷӣ табдил биёбанд, нашр кард.

Дар ин раддабандӣ дар ҷои аввал шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Дар ин рӯйхат ҳамчунин София, пойтахти Булғористон, Бухарест, пойтахти Руминия, шаҳри Касабланка ё Дор-ул-Байдои Марокаш ва шаҳри Бостони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ дар ҷумлаи шаҳрҳое, ки имрӯз сайёҳони зиёд надошта бошанд ҳам, вале дар ояндаи наздик метавонанд ба «Макка»-ҳои нави ҷаҳонгардии сайёҳони олам табдил ёбанд, зикр шудаанд.

Маҷаллаи «34travel» дар шарҳи интихоби Душанбе ба унвони яке аз шаҳрҳои аз нигоҳи туризм ояндадор, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Табиати кӯҳистонаш поку ором аст. Агар шумо мехоҳед аз тамоми хубиҳои туризм баҳра баред, беҳтар аст, ки саёҳати худро ба ин ҷо зудтар ба нақша гиред. Дар соли 2015 шумори сайёҳоне, ки аз Тоҷикистон дидан кардаанд, назар ба як соли қабл ду маротиба афзудааст».

Душанбе дар тасвири ин маҷалла дарвозаест барои онҳое, ки орзуи дидани қуллаҳои осмонбӯси кӯҳистони Помир ё ошноӣ бо ганҷинаи бозмонда аз даврони Зардуштро дар дил мепарваранд. Муаллифони раддабандӣ ба ин муштоқони тамошои кӯҳистон ва осори аҳди бостон машварат додаанд, ки қабл аз баланд шудан ба қуллаҳои Помиру рафтан ба умқи даврони Зардушт, «хеле хуб омӯхтани пойтахти Тоҷикистонро фаромӯш накунанд. Номи Душанбе худ маънои рӯзи аввали ҳафтаро дорад ва ишора ба он мекунад, ки сафари худро бояд аз ҳамин ҷо оғоз кард».

Муаллифон ба сайёҳон дар Душанбе ҳатман тамошо кардани осорхонаҳои бостонӣ, археологӣ ва этнографиро машварат дода, навиштаанд, ки «чашидани шоҳкорҳои ошпазии маҳаллӣ – оши палави машҳури тоҷикӣ ва шириниҳои тоҷикиро фаромӯш накунед. Бар изофа, бузургтарин ҳайкали Буддои хобида дар Осиёи Марказӣ низ дар Душанбе ба маърази тамошо гузошта шудааст».

Қобили зикр аст, ки раддабандии ширкати маъруфи амрикоӣ дар ҳоле нашр шудааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба рушди минбаъдаи соҳаи туризм дар мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, чунин изҳор намуданд: «Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад». Тавре Пешвои миллат ишора намуданд, ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми содакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст. Дар натиҷа, шумораи сайёҳон дар се соли охир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.

Бино ба омори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, танҳо дар 9 моҳи соли 2016 беш аз 312 ҳазор сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан кардаанд, ки назар ба як соли қабл 72 ҳазор ё 23 дарсад бештар аст. Дар ин муддат аз ҳисоби сайёҳон ба Тоҷикистон 156 миллион доллар пул ворид шудааст. Кумитаи мазкур ният дорад, ки то соли 2020 шумори сайёҳони хориҷиро соле ба 1 миллион нафар расонад.

Сарвари давлат дар Паёми худ зикр намуданд, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ соли 2017 дар назди Ҳукумати Ҷумҳуроии Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад. Президенти мамлакат аз Ҳукумати ҷумҳурӣ тақозо намуданд, ки якҷоя бо вазорату идораҳои марбутта ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа имкониятҳои мавҷударо васеъ истифода бурда, инфрасохтори сайёҳиро инкишоф диҳанд, сифати хизматрасониро баланд бардоранд, раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳиро густариш бахшанд, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин намоянд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин ширкатҳои сайёҳӣ дар давоми панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд.

Хотиррасон менамоем, ки Маҷаллаи «34travel” дар раддабандии фавқуззикр инчунин шаҳри Бухарестро ҳамчун «Пориси Балкан” лоиқи тамошо унвон карда, Софияро ба маҳзи биноҳои таърихиаш шаҳри барои туризм ояндадор унвон кардааст. Муаллифон навиштаанд, ки агар кас мехоҳад ба умқи таърихи Мағриб ғӯтта занад, бояд ҳатман ба Дор-ул- Байдои Марокаш, ки дар Ғарб бо номи Касабланка маъруф аст, сафар кунад. Аммо Бостони Амрикоро, ба ақидаи маҷаллаи «34travel”, осорхонаи илм, аквариуми бузург, сайругашт дар бандари шаҳр ва кӯчаҳои таърихиаш ба зудӣ ба як макони умдаи ҷаҳонгардӣ табдил хоҳанд дод.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: