Таваҷҷуҳи сайёҳон ба Ҳисори баъдиҷашнӣ афзудааст4-08-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Ҳисори баъдиҷашнӣ низ тибқи нақшаи генералии қабулшудаи шаҳр дар ҳоли рушд қарор дошта, иншооти нав ба истифода дода шуда истодаанд. То ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 8 иншооти ба нақшагирифташуда амалӣ гардида, дар 23 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Чуноне Шарифҷон Ҷумазода, Раиси шаҳри Ҳисор қайд намуд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони шаҳр дар масъалаи ободонӣ ва рушди ин минтақаи кишвар чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Раиси шаҳр ҳамчунин аз камбудиҳои ҷойдошта низ ҳарф зада, аз масъулини соҳа ислоҳи онҳоро талаб кард. - Савдои қадикӯчагӣ чун дар дигар манотиқи кишвар дар шаҳри Ҳисор низ ҷой дорад ва мо пайваста аз пайи роҳи ҳалли он ҳастем. Бояд гуфт, ки чунин намуди соҳибкорӣ дар ҷойҳои ба ин мутобиқнашуда бо Қарори Ҳукумати кишвар манъ карда шудааст ва чунин ашхос мебояд аз чунин тарзи пешбурди савдо худдорӣ намоянд. Онҳо фикр мекунанд, ки дар роҳраву хамгаштҳо ва дигар ҷойҳои серодам савдои онҳо хуб мешавад назар ба дохили бозор. Мо бо роҳбарияти бозорҳои шаҳр оид ба пешниҳод намудани нуқтаҳои савдо ба чунин фурӯшандагони берунӣ ва додани сабукиву имтиёзҳо ба онҳо машварат намудем ва мутасаддиёни соҳа ба ин таклифу пешниҳодоти мо розӣ шуданд,-иброз дошт Ш. Ҷумазода. Раиси шаҳр ҳамчунин аз вазъи санитарию эпидемиологӣ ва бемориҳои сироятӣ сухан ронда, онро то андозае ташвишовар номид: - Мо айни замон дар шаҳр нуқтаи асосии безараргардонии партовҳоро надорем, аммо нисбати ҳалли ин масъала корҳо рафта истодаанд. Бояд гуфт, ки дар самти тоза нигаҳ доштани маҳал бояд худи шаҳрвандон масъулият ҳис кунанд ва маданияти экологии онҳо баланд бошад. Зикр шуд, ки баъди ҷашни 3000-солагии бостоншаҳри Ҳисор таваҷҷуҳи меҳмонони сайёҳ ба ин куҳандиёр зиёд шудааст. Соли ҷорӣ 11 ҳазору 870 сайёҳи дохилӣ ва 1640 сайёҳи хориҷӣ бо харидани чипта, инчунин 680 ҳайати давлатӣ аз ҷойҳои таърихии шаҳри Ҳисор дидан намуда, ин нишондод рӯ ба афзоиш аст. Рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва дигар иншооти маишӣ, аз қабили сохтмони меҳмонхонаи замонавии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии «Усто Набот» ва монанд ба ин ба пешрафти соҳа ва ғанӣ гардидани буҷаи маҳаллӣ мусоидат мекунад. Қайд шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нишондоди рушди тамоми соҳаҳо мусбӣ буда, аз ҳамин давраи соли гузашта тафовут доштааст. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.