ИСТИҚБОЛИ САМИМИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР АЗ ҶОНИБИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ.31-01-2017, 10:57
Хабарро хонданд: 250 нафар
Назарҳо: 0
Вобаста ба шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо мардум баргузор шуда истодаанд. Чунин вохӯрӣ 12 январ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, ноиби Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов, Гулнора Бобоева-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умринисо Казакова – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Амонулло Салимов-ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Маҳмадшо Гулзода - ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино, Зарина Зуҳурова-мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Назарзода Икромҷон Ҳурматулло-сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шаҳобов Сайалӣ Қурбоналиевич – мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, намояндаи прокурори ноҳия бо сокинони маҳаллаҳои “Фирӯз” ва “Фирдавсӣ”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Нақлиёт”, “Болаёқат”, “Роҳи тоҷик” ва “Заргар” баргузор гардид. Дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо, таъсиси шабакаи ягонаи энергетикӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, ташабусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи ҷаҳонӣ, дохил шудани ёдгориҳои таърихии ҷумҳурӣ ба рӯйхати ЮНЕСКО ва ҳифзи онҳо, дигар паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буданд, ибрози андеша карданд. Дар идома зикр карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбати ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд ки: Дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ ва беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ бунёду азнавсозӣ гардида, онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимиву тиббӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин карда шуданд. Фақат соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. То замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд. Буҷети давлатӣ дар соли 2017 дар ҳаҷми зиёда аз 19 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2016 қариб 10 фоиз зиёд буда, беш аз нисфи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад. Дар қатори бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ сохтмону барқарорсозии иқтидорҳои дигари энергетикӣ, аз ҷумла навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо тавоноии 400 мегаватт амалӣ карда шуд, ки ба таъмин намудани иншооти гуногун ва сокинони шаҳри Душанбе бо гармӣ ва коҳиш додани норасоии барқ дар фасли зимистон равона гардидааст. Илова бар ин, таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ оғоз гардида, соли 2017 марҳалаи якуми барқарорсозии нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» дар ҳаҷми 3 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи 600 миллион сомонӣ шурӯъ мешавад. Рӯйдоди муҳимми таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки чанде пештар сурат гирифт. Аз аввали корҳои барқарорсозиву сохтмон ба иншооти зикршуда 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2016-ум 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Имрӯз корҳо дар ин иншооти тақдирсоз босуръат идома доранд ва тибқи нақша агрегати аввали он то охири соли 2018 ба кор дароварда мешавад. Ҳамчунин, барои дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ аз моҳи январи соли 2017 ҳамаи намудҳои автомашинаҳои наве, ки ба кишвар ворид карда мешаванд, аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ 50 фоиз озод карда шаванд. Дар фаромади вохӯрӣ аз сокинони маҳаллаи Фируз ва Фирдавсӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти кивар саҳмгузор бошанд ва фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.