Мулоқот бо роҳбарону сокинони фаъоли вилояти Хатлон 25.08.2016 , ноҳияи Бохтар26-08-2016, 13:43
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Баъд аз шиносоӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни бинои Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо донишҷӯён ва устодони он, роҳбарону сокинони фаъоли вилояти Хатлон мулоқоти ошкорову самимӣ анҷом доданд. Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи боз як муассисаи олии таълимиро дар ҷумҳурӣ ба ҳозирин табрик гуфта, фаъолияти онро барои рушди соҳаи энергетика, ки аз бахшҳои стратегии давлату ҳукумати Тоҷикистон мебошад, муассир арзёбӣ карданд. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҷараёни иҷрои вазифаҳо аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, дигар дастуру супоришҳои Сарвари давлат, қарору фармоишҳои Ҳукумати Тоҷикистон, барномаҳо ва дурнамои рушди вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони вилоят ва ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори фарорасии рӯзи истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфтанд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар давоми 25 соли истиқлолияти давлатӣ мардуми бонангу номуси вилояти Хатлон зери парчами давлати соҳибихтиёрамон дар самти бунёдкориву созандагӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят бо суръати миёнасолонаи 6,5 фоиз афзоиш ёфта, то ба 12,5 миллиард сомонӣ дар соли 2015 расонида шуд, ки ба 25 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад. Дар 25 соли истиқлолият аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон зиёда аз 25 миллиард сомонӣ сарф шудааст. Таъкид гардид, ки танҳо барои бунёду барқарорсозии иншооти муҳимми вилоят 14 миллиард сомонӣ маблағ равона шуда, хонаҳои истиқоматӣ дар ҳаҷми 3 миллиону 700 ҳазор метри мураббаъ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои 124 ҳазор ҷойи нишаст, дармонгоҳҳо барои 6700 қабул дар як баст ва шифохонаҳо барои 2000 кат ба истифода супорида шуданд. Дар шаш моҳи аввали соли 2016 бошад, барои бунёд ва барқарорсозии иншооти гуногуни вилоят 890 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 332 миллион сомонӣ ё 58 фоиз зиёд мебошад. Тибқи дурнамо дар чор соли оянда танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои рушди вилояти Хатлон 7,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Барои сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, бунёди нерӯгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ислоҳот ва рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҳоло дар қаламрави вилоят татбиқи 79 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 14,7 миллиард сомонӣ оғоз гардида, то ба имрӯз 47 лоиҳа ба маблағи 4,5 миллиард сомонӣ ба анҷом расидааст ва 32 лоиҳа ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар панҷ соли оянда дар доираи барномаи рушди шаҳру ноҳияҳои вилоят ва барномаи навбатии рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2020, ки ҳоло дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор дорад, татбиқи 4000 лоиҳа ба маблағи 10 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Баъди таҳлилу баррасии амиқи дигар соҳаҳо, аз ҷумла, саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, рушди бахши энергетикӣ, роҳсозӣ ва дигар соҳаҳои вилоят Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он, вазоратҳои мамлакат ҷиҳати татбиқи пурра ва саривақтии барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва ҷалби маблағҳои зарурӣ барои амалӣ кардани онҳо супоришҳои мушаххас доданд. Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки барои сазовор ҷашн гирифтани 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда, корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.