Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Сокинони Тоҷикистон дар иди Соли нави мелодӣ чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Сокинони Тоҷикистон дар иди Соли нави мелодӣ чанд рӯз истироҳат мекунанд?

27-12-2016, 09:52
Хабарро хонданд: 336 нафар
Назарҳо: 0
Сокинони Тоҷикистон дар иди Соли нави мелодӣ чанд рӯз истироҳат мекунанд?

ДУШАНБЕ, 26.12.2016/АМИТ «АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи тақвим 1 январи соли 2017 ба рӯзи якшанбе, яъне рӯзи истироҳат рост меояд. Дар робита ба ин, дар рӯзҳои истиқболи Соли нави мелодӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд? Тавре зимни посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Исмоил Файзизода зикр намуд, мувофиқи моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 1 январ, ки иди Соли нави мелодӣ ба ҳамин рӯз рост меояд, ҳамчун рӯзи иди ғайрикорӣ, яъне истироҳат мебошад. Инчунин тибқи қисми 5-и моддаи 89 -и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон агар рӯзи истироҳат ба рӯзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали кории баъд аз рӯзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад. Аз ин рӯ, дар Тоҷикистон рӯзҳои 31 декабр, 1 ва 2-юми январи соли 2017 рӯзи истроҳат эълон карда мешаванд ва дар тамоми идораю муассисаҳои давлатии кишвар рӯзи 3 январи соли 2017 рӯзи корӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки иди Соли нави мелодиро дар Тоҷикистон ба таври густурда ва дар сатҳи баланд истиқбол мегиранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 60 ид таҷлил мегардад, ки маъмултарини онҳо 21 -24 март иди Наврӯз, 8 — март Рӯзи Модар, 27 июн-Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 9 сентябр-Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 октябр Рӯзи забони давлатӣ, 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: