Омодагии васеъ ба ҷашни Ватанам5-09-2015, 10:33
Хабарро хонданд: 388 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби васеи донишҷӯён, муҳассилини макотиби ҳамагонӣ, фаъолони ҳизб дар назди ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки 4700 нафар дар 80 корхонаҳо шанбегии ҳизбӣ доир карда шуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани утоқҳои корӣ, гулу гулгаштҳои назди биноҳо, соҳили ҷӯйборҳо иштирок намуда, аз нав шинонидани гулҳо, тоза намудану рубучини назди бинои муассисаҳоро ба сомон расониданд.
Дар ин чорабинӣ аъзоёни гуруҳҳои таблиғотӣ, раисони ташкилотҳои ҳизбӣ, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» фаъолияти назаррас нишон доданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.