Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гузоштани санги асос ба сохтмони мактаб бо 450 ҷойи нишаст дар ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз

Гузоштани санги асос ба сохтмони мактаб бо 450 ҷойи нишаст дар ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз

28-09-2016, 09:48
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0

Душанбе, 28.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Баъди анҷоми маросими истиқболи гарму самимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашт бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 бо 450 ҷойи нишаст дар як баст оғоз бахшиданд.

Лоиҳаи сохтмони муассиса аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абрис” омода гардида, фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тибқи лоиҳа иншоот аз чор қисм иборат буда, дар онҳо биноҳои таълимӣ барои 450 ҷойи нишаст дар як баст бунёд мешавад.

Лоиҳаи мазкур аз 16 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи лингафонӣ, кабинетҳои биология, физика, химия бо озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, синфхонаҳои технология, ҳуҷраи кории директор, ҳуҷра барои ҷаласаҳои кумитаи падару модарон, китобхона бо толори хониш, толори маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст, ошхона барои 130 ҷой ва толори варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст иборат хоҳад буд.

Арзиши лоиҳаи бунёди муассисаи таълимӣ 13 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимни шиносои бо лоиҳаи бино Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва дигар шахсони масъул дастур доданд, ки муассисаро бо риояи талаботи меъморию шаҳрсозӣ бунёд карда, ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Аз рӯи таъкиди Президенти мамлакат бино бо маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, бояд солҳои зиёд ба насли зодаи истиқлол хизмати бедареғ намояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: