Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад…

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад…

25-08-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 319 нафар
Назарҳо: 0
Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад…


Маҷлиси машварати августии омӯзгорони ноҳияи Деваштич бо иштироки Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода, раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мусобек Мирравотов, мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Зикрулло Иброҳимов ва омӯзгорон баргузор гардид. Машварат бо намоиши ҳунарҳои дастӣ, маҳсулоти тахайюлоти толибилмон, либоси ягонаи хонандагон ва омӯзгорон оғоз ёфт.

Мудири шӯъбаи маорифи ноҳия З.Иброҳимов дар мавзӯи «Вазифа ва ӯҳдадориҳои кормандони соҳаи маориф дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд кард, ки баҳри омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониши 2016 – 2017 то ин рӯз ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, барои қабули хонандагон омода мебошанд. Дар ин ҷода фаъолияти муассисаҳои таълимии №1, 2, 7, 10, 15, 18, 22, 24, 26, 27, 42, 43, 51, 53 ва Гимназияҳои №1, 2, 3 назаррас мебошад. Бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудани фарзандон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи волидайн ба шумор рафта, бо мақсади таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ шуъбаи маориф ҳамкории байни сехҳои либосдӯзии ватанӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳияро ба роҳ монда, баҳри ба имзо расонидани шартномаҳо байни онҳо мусоидат менамояд. Таъмин намудани муассисаҳои таълимии ноҳия бо таҷҳизотҳои таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои дохила ва шахсони сарпараст яке аз самтҳои фаъолияти шӯъба мебошад. Аз 01.01.2016 то ба ин рӯз мувофиқи муассисаҳои таълимии ноҳия таҷҳизоту лавозимотҳои мактабӣ аз ҳисоби буҷаи худи муассисаҳо ва дигар сарчашмаҳо ба маблағи 163 ҳазору 213 сомонӣ харидорӣ ва дастрас карда шудааст. Дар тамоми таълимгоҳҳои ноҳия 69-то ҳуҷраи компютерӣ мавҷуд мебошад, шумораи умумии компютерҳо дар муассисаҳои таълимӣ 894 адад буда, инчунин принтер 161 адад, сканер 30 адад ва таҷҳизоти нусхабардорӣ – 19 ададро ташкил медиҳад. Эҳтёҷоти муассисаҳои таълимии ноҳия барои гузаронидани фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2016 – 2017 ба 922,53 тонна ангишт, 461,27м3 ҳезум, 255м3 шишабандӣ муқаррар карда шудааст. Мувофиқи маълумотҳои дастрасгардида дар муассисаҳои таълимии ноҳия то ба ин рӯз 669 тонна ангишт захира карда шуда, нақшаи ҳезум ва оинабандӣ барзиёд иҷро гаштааст. Аз аввали соли ҷорӣ 110 нафар омӯзгорон ба кор қабул карда шудаанд, ки аз онҳо 83 нафарашон мутахассисони ҷавон буда, аз ҷумла 60 нафарашон бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.

Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад…


Раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят Мусобек Мирравотов доири бурду бохти соҳаи таълиму тарбия сухан ронда, таклифу дархостҳои хешро баҳри омӯзгорону муҳассилин иброз намуд.

Раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода барои мардуми шарифи ноҳия таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро табрик намуда, ин санаи бузургу тақдирсозро ҳама якҷоя бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтанро ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва ҳамаи омӯзгорон иброз кард. Қайд намуд, ки масъулини соҳаи маориф низ дар ин санаи таърихӣ аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос бошанд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, насли наврасро дар руҳияи ватанпарастию муҳаббат ба ватани аҷдодӣ тарбия намоем.

Дар охир аз ҷониби роҳбарияти ноҳия, раёсати маориф ва илми вилоят ва шӯъбаи маорифи ноҳия ба масъулони таълиму тарбия Сипоснома, нишонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуд. Чанд нафар омӯзгорон, ки тамоми ҳаёт ва донишу маҳорати хешро барои тарбияи насли наврас ба харҷ дода буданд, бо супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ тантанавор ба нафақа гуселонида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: