Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВОХӮРИИ СУДМАНД

ВОХӮРИИ СУДМАНД

24-08-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори МТМУ №1 –и шаҳраки Восеъ вохӯрии гуруҳикории намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан», дар вилояти Хатлон бо ҷавонони ноҳия бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳар яки мо!» баргузор гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Р. Қурбонова вохӯриро ифтитоҳ намуда, оид ба масъалаи муҳими рӯз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротгаро изҳори ақида намуд. Аз ҷумла таъкид намуданд, ки таассуфовар аст, ки баъзе ҷавонон аз савияи дониши паст ва надоштани маърифати сиёси ба ин гуруҳҳо шомил мешаванд . Бояд мо ҷавонон ҳарчи зудтар пеши роҳи ин ҳодисаҳои номатлубро гирем.
Бо тн мақсад корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷавонон тақвият бахшида, дар ҳалли мушкилии онҳо кӯмакрасон бошем нагузорем, ки ҷавонони мо дигар ба сангараҳои ҷангҳои бемаъно афтода ҷони ширини худро аз даст диҳанд.

Сипас роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидов баромад намуда, оид ба фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» маълумот дода, иброз намуд, ки баҳри созандагию ободкор ҷавонон қувваи бузурганд, метавонанд , ки дар ҳамбастаги, дар гулгулшукуфоии меҳани азизамон саҳмгузор бошанд. Аз ташаббускории ҷавонон сухан карда, ба ҳозирин аз нақшаву фаъолияти ТҶҶ « Созандагони Ватан» ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ёдрас шуд. Таъкид дошт, ки мебояд ҳар як ҷавон баҳри рушду нумуи Ватани маҳбуби хеш сайъу талош варзад.
Ҷавонон – ояндаи давлату миллат ба шумор рафта, ҳидояти онҳо дар ин роҳе,ки миллати моро ба ояндаи дурахшон мебарад, вазифаи ҷонии мост. Мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, кору зиндагӣ намоем.

Намояндаи ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия Муборакшо Назриев аз фаъолияти ҷавонони ноҳия сухан намуда, таъкид дошт ,ки мо ҷавонон баҳри пешрафт ва шукуфоии ватани азизамон ҷидду ҷаҳд менамоем. Мекушем, ки бо дониши хуб ба ҳар як ғамхориҳои ҲХДТ сипосгузорона ҷавоб гуем. Ман ҳам чун як ҷавони ноҳия мехоҳам баъди хатми донишгоҳ дар хидмати халқу ватанам саҳмгузор бошам .
Иштирокчиёни вохӯри ба меҳмонон суолҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Вохӯрии ҷавонони ноҳия дар сатҳи баланд гузашт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: