Абдулло Раҳмонзода: Пайравони воқеии Пешвои миллатро тарбия менамоем21-11-2016, 11:19
Хабарро хонданд: 729 нафар
Назарҳо: 0
5-солагии ТҶҶ«Созандагони Ватан»
27 июли соли 2011 тибқи қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 Конференсияи якуми Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» баргузор гардида буд. Ташкилоти мазкур санаи 21 ноябри соли 2011 расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Инак, аз лаҳзаи бақайдгирии расмӣ дар мақомоти давлатӣ панҷ сол мешавад, ки ин ниҳоди ҷамъиятӣ дар байни ҷавонон фаъолият дошта, ҳадафҳои барномавии ҳизбро тарғиб ва барои муттаҳидиву созандагӣ равона сохтани насли наврас тадбирҳо андешида истодааст. Вобаста ба панҷсолагии таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» сӯҳбате оростем бо Раиси ташкилоти мазкур Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ. Муҳтарам Абдулло Қурбоналӣ, қаблан Шумо ва тамоми ҷавонони кишварро ба муносибати панҷсолагии таъсисёбии ТҶҶ «Созандагони Ватан» шодбош мегӯям ва суоли аввалини ман ин аст, ки ғояи таъсис намудани созмони «Созандагони Ватан» аз куҷо манша гирифт ва он чӣ гуна сурат гирифт? - Ташаккури зиёд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ман ҳам тамоми ҷавонон ва ҷонибдорони ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро ба муносибати таҷлили панҷсолагии созмон ёфтани ташкилотамон табрик мегӯям. Баъдан, вобаста ба пурсиши шумо ҳаминро метавонам зикр намоям, ки ғояи тавлид шудани ташкилоти мо аслан аз ҷониби Раиси ҲХДТ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар анҷуманҳои гузаштаи ҳизб рӯи кор омада, баъди ворид шудани таклифу пешниҳодҳо аз ҷониби ҷавонони ҳизбӣ ин пешниҳод вусъати тоза касб намуд. Баъди омӯзишу баррасиҳо ва таҳлилу муқоисаҳо масъалаи ҷавонон дар сатҳи олии ҳизбӣ, яъне дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, санаи 20 апрели соли сипаришуда мавриди муҳокима қарор гирифт ва Роҳбари муаззами ҳизбамон зимни суханронӣ таклиф намуданд, ки бо дарназардошти талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони ҷавонони ҳизбӣ бо номи «Созандагони Ватан» таъсис дода шавад. Ин пешниҳодро аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва кулли иштирокдорони маҷлис, ки шумораи зиёди ҷавонон низ миёни онҳо буданд, бо хушнудӣ қабул карданд ва қарори дахлдор қабул шуд. Лутфан бигӯед, ки то ин замон ТҶҶ “Созандагони Ватан” чӣ иқдомотро ба субут расонидааст? Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати пиёда сохтани сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти мо то ин замон як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намудааст. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баён доштанд ва иҷрои бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ ва ташкилӣ ҷашн гирифтани 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби роҳбарият, кормандони масъули Дастгоҳи КИМ, кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва шаҳри Душанбе, инчунин Шӯрои собиқадорони ҳизб кумитаи тадорукоти ҳизбӣ оид ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд. Ҳамчунин, аз ҷониби Дастгоҳи КИМ ҲХДТ нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардида, барои татбиқ ба сохторҳои маҳаллии ҳизб ирсол гардид. Азбаски қисмати зиёди аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, бо назардошти вазъи кунунии минтақавию ҷаҳонӣ ҲХДТ кӯшиш менамояд, ки сиёсати худро дар самти кор бо ҷавонон тавассути созмони ҷавонони худ “Созандагони Ватан” дар амал татбиқ намуда, ҳарчи бештар онҳоро ба ватандӯстию Меҳанпарастӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз он ҷумла таҷлили шоистаи ҷашнҳои муҳими давлатӣ ҷалб намояд. Тибқи нақшаи Ташкилот, аз ҷониби ниҳоди ҷавонони ҳизб дар мувофиқа ба роҳбарияти ҲХДТ 25- ҳафтаи созандагию ободонии Ватан, 25 ҳафтаи корҳои наҷиб ва хайри ҷамъиятӣ ва 25 ҳафтаи иқдомҳои Созандагони Ватан бахшида ба 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуда буд, ки 25 ҳафтаи мукаммали маҷмуи чорабиниҳоро бахшида ба ин ҷашни муҳими давлатӣ фаро гирифт. Дар доираи ин иқдом роҳандозии ҳафтаи маҳфилҳои сиёсӣ, ҳафтаи хонишҳои сиёсӣ, ҳамоишу чорабиниҳои дигари маърифатӣ- сиёсӣ, инчунин ҳафтаи баргузории чорабиниҳои «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол- Ватани маҳбуби ҳар яки мо» хос ба хотири ба ҷавонон фаҳмонида додани аҳамияти истиқлолияти давлатӣ, таҳкими пояҳои он, татбиқи ғояҳои ватандӯстона, баланд бардоштани ҳувияти ҷавонон, густариши ифтихор аз доштани давлати соҳибистиқлол равона гардиданд. Дар асоси банди 38-и Нақшаи фаъолияти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ барои соли 2016 ва банди 7-и Нақшаи фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» барои соли 2016 созмони ҷавонони ҳизб дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ аксияи ҷавонони ҳизбро таҳти унвони «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳар яки мо» роҳандозӣ намуд, ки дар тамоми қаламрави кишвар бо ҷалби доираи васеи ҷавонон доир гардид. Ба хотири таҷлили сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 40 Нақшаи фаъолияти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ барои соли 2016 ва банди 9 Нақшаи фаъолияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» барои соли 2016 «Созандагони Ватан» мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ барои дарёфти «Ҷоми ҲХДТ» ва «Ҷоми ТҶҶ «Созандагони Ватан»» гузаронида шуд. Ғайр аз ин, барои сазовор ҷашн гирифтани дигар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, чун 3000-солагии бостоншаҳри Ҳисор, бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат ва амсоли ин мо пайваста иштироки фаъол доштем ва бо ҳамбастагӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар чорабиниҳои зиёдро ҳам роҳандозӣ кардаем. Фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар самти баҳамоӣ ва ваҳдати ҷавонони кишвар ва фаъол гардонидани онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ чи гуна ба роҳ монда шудааст? Умуман, дар манотиқи гуногуни кишвар Ташкилот чӣ тавр амал мекунад? Қобили қайд аст, ки намояндагиҳои созмони ҷавонони ҳизб «Созандагони Ватан» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ дар самти татбиқи ҳадафҳои дар ин росто ба нақшагирифтаи ташкилот бисёр фаъол мебошанд. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки имрӯз ҷавонони кишвар дар самти дастгирии сиёсати Ҳукумати кишвар, иштироки бевосита доштан дар корҳои ободонӣ ва таҳким бахшидани ваҳдату ягонагӣ дар ҷумҳурӣ бисёр фаъол ҳастанд. Масалан, аксияи ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Ман барои пойдории соҳибистиқлолӣ ва рушду нумӯи Ватан саҳм мегузорам» дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронида шуд, ки ҳадафи асосии чорабиниҳои дар доираи ин аксия доиршаванда сафарбар намудаи қувваи созандаи ҷавонон баҳри таҳким ва пойдории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Таҳкими дӯстию рафоқат миёни сокинони ҷавони кишвар ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ асоси пойдории истиқлолияти давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихор аз доштани Ватани соҳибистиқлол ба шумор меравад. Ташкилоти ҷавонони ҳизб «Созандагони Ватан» бо ин мақсад моҳи июни соли ҷорӣ маҷмуи чорабиниҳои сиёсию фарҳангии худро таҳти унвони «Шоҳроҳи Ваҳдат- 2016» бо ҷалби беш аз 100 ҷавонони вилояти Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар якҷоягӣ бо ҷавонони ин вилояти кӯҳии кишвар доир намуд. Бояд қайд кард, ки ҳафтаи баргузории чорабиниҳои мазкур аз ҷониби созмони ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» «Ҳафтаи таҳкими ваҳдат миёни ҷавонон» эълон карда шуда буд. Дар расонидани кӯмак ба қишри камбизоати ҷомеа корҳои зиёд ба субут расонида мешаванд. Масалан, аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҳамкорӣ бо дигар ширкатҳои соҳавӣ дар меҳмонхонаи «Серена» консерти хайриявӣ доир карда шуд, ки маблағҳои аз ин ҳисоб ҷамъоварӣ гардида, барои табобати ду нафар кӯдак, ки яке ба ҷарроҳии дил ва дигаре ба ҷарроҳии майнаи сар эҳтиёҷ дошту аз ҷомеа мадад мепурсиданд, равона гардиданд. Кӯмак ба кудакони ятиму бепарастори ятимхонаҳои шаҳри Душанбе, ноҳияи Рашт ва сокинони аз офати табиӣ зарардидаи навоҳии ВМКБ аз ҷумлаи корҳои дигари хайриявии созмони ҷавонони ҳизб мебошад. Дар оянда низ роҳандозии чунин иқдомот мадди назари мо қарор гирифтааст. Чорабиниҳои дигари ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба хотири ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва дигар маъракаҳои муҳими давлатӣ ин баргузории шанбегиҳо таҳти унвонҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии боғу гулгаштҳо» мебошанд, ки баҳри тозаю озода гардонидани боғу гулгаштҳо ва соҳили кӯлу дарёҳо дар арафаи таҷлили ҷашни 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ равона карда шуда буд. Аксияи “Сулҳ ба ҳама”, ки соли гузашта ба муносибати Рӯзи Парчам тайи 1 моҳ дар қаламрави кишвар баргузор гардид, бешак, барои ташаккули зеҳнияти таҳаммулпазириву инсонсолоронаи қишри ҷавони ҷомеаи мо нақши муҳим мебозад. Бидуни шубҳа, баргузории чунин чорабиниҳо барои баҳамоии ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар мусоидат мекунад. Иштироки ҷавононро дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ имрӯз чи гуна метавон баҳо дод? Аз назари Шумо, оё имрӯз ҷавонон дар равандҳои сиёсӣ фаъол ҳастанд? Айни замон фарогирии ҷавонон ба маъракаҳои муҳими сиёсиро ман метавонам мусбӣ баҳогузорӣ намоям. Имрӯз ҷавонони ҷумҳурӣ он нерӯи созанда ҳастанд, ки дар рушди давлатдории миллӣ ва суботи кишвар ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд. Дар 5 сол ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагиҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар дар амал обутоб ёфта, таҷрибаи кор дар ду маъракаи сиёсии интихобот ва як райъпурсии умумихалқиро касб кардаанд. Зимни маъракаҳои пешазинтихоботии Президентии соли 2013 ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳру навоҳии кишвар беш аз 4000 аксияву вохӯрӣ ва суҳбатҳо миёни омеа доир намуда, беш аз 200 аксия-роҳпаймоиро таҳти унвони “Президенти ман!” бо иштироки васеи ҷавонон роҳандозӣ намуданд. Дар давраи маъракаҳои пешазинтихоботии парлумонии 2015 бошад ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо истифода аз таҷрибаи андӯхтаи худ корро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар беш аз 10 000 аксия ва нишасту вохӯриҳои таблиғотӣ дар бозорҳо, ҷойҳои серодам ва ташкилоту муассисаҳо баргузор намуд. Инчунин, дар ин миён беш аз 70 аксия-роҳпаймоиҳои ҷавонон бо шиору парчамҳои ҳизбӣ дар кӯчаҳои марказии шаҳру навоҳии кишвар ташкил карда шуд. Дигар чорабиниҳои муҳимми сиёси ин баргузории раъйпурсии умумихалқӣ вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар ин самт низ аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳамчун дастёри боэътимоди ҲХДТ беш аз пеш ташаббус нишон дода, аксия таҳти унвони “Барои ояндаи боамну озодиву ободии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии худ овоз медиҳем”-ро ба роҳ андохт. Дар доираи аксияи мазкур аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳудуди 1,5 миллион варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуда, дар ҷойҳои намоён насб намуданд. Зимнан, дар ҳудуди кишвар беш аз 10 000 нишасту вохӯриҳо баргузор гардида, 73 аксия-роҳпаймоиҳои васеъи тарғиботӣ ташкил карда шуд. Дар оғози соли 2016 аз ҷониби парлумони кишвар бо мақсади арҷ гузоштан ба хизматҳои арзандаи фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» қабул карда шуд. Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади ба аҳолӣ, бахусус ҷавонони кишвар расонидани моҳияти аслии лоиҳаи қонуни мазкур маҷмуи чорабиниҳои худро роҳандозӣ намуд. Ҳамоишҳо ва аксияҳои ҷавонон таҳти унвони «Пешвои миллат – ҳадяи таърих», қабули муроҷиатномаҳо ба сокинон, нашри мақолаҳо атрофи зарурияти қабули қонун, баргузории соатҳои сиёсӣ дар мавзӯи "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат" ва мулоқоту вохӯриҳо бо ҷавонон дар мавзӯъҳои «Эмомалӣ Раҳмон- пешвои арзандаи миллат», «Ҳамроз ва дардошнои миллат», «Интихоби Пешвои миллат зарурияти таърихист», «Интихоби Пешвои миллат – зарурати давлатдории навини тоҷикон», ««Пешвои миллат – кафили сулҳу суббот дар ҷомеа», «Пешвои миллат - гарави осоиш ва шукуфоӣ», «Пешвои миллат –рамзи Сулҳу Ваҳдати миллӣ», «Пешвои миллат – ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик!», «Тоҷикистон, Пешвои миллат, ҷавонон», «Меъмори сулҳу ваҳдат», нашр намудани андешаҳои аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» атрофи лоиҳаи қонуни мазкур ва роҳандозии барномаҳои фарҳангӣ таҳти унвони «Мо бо Шумоем, Пешвои миллат!» аз зумраи чорабиниҳои баргузорнамудаи ниҳоди ҷавонони ҳизб мебошанд. Ҳамасола тарғиби бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиякистон яке аз вазифаҳои асосии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дониста мешавад. Аз ин рӯ, бобати тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо нақшаи корӣ таҳия намуда, мутобиқи он даҳҳо мулоқоту вохӯриҳои судманд анҷом доданд. Инчунин, роҳбарияти ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дигар аъзои фаъоли он дар кори гурӯҳҳои таблиғотии ҳукуматӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи бандҳои Паёми Президенти кишвар ба мақомоти олии намояндагӣ ва қонунбарори кишвар низ фаъолона ширкат варзиданд. Чорабинии дигари муҳими сиёсие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдирсоз арзёбӣ мегардад, ин баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Дар рафти маъракаи қабл аз раъйпурсӣ, шурӯъ аз рӯзи эълони он аз ҷониби парлумони кишвар ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ниҳодҳои он яке аз аввалинҳо шуда тавассути ахбори оммаи давлатию ҳизбӣ аз ҷонибдории худ ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни асосиии кишвар хабар доданд. То рӯзи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби сохторҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо даҳҳо аксияву чорабиниҳои дигар таҳти унвонҳои «Барои ояндаи боамну озодиву ободии Ватани маҳбубамон ва осудагиву хушбахтии худ овоз медиҳем!», «Ҷавонон ҷонибдори – рушди босуботи кишвар», «Мо ҷавонон насли созандаем», «Барои хушбахтии худ овоз медиҳем!» ва ғайра доир карда шуда, ҳазорҳо маводи тарғиботи дар шакли буклету дигар мавод ба сокинон дастрас карда шуданд. Бо ташаббуси ТҶҶ " Созандагони Ватан " дар қариб ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар аксияи ҷавонони ҳизб таҳти унвони "Ҳама ба раъйпурсӣ" гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур аз тарафи ҷавонон варақаҳои таблиғотӣ тақсим гардида, ба кулли сокинон зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида дода шуд. Чунин варақаҳо дар Рӯзи дави миллӣ низ бо нишони ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба иштирокдорони дав тақсим карда шуданд. Банда ҳамчун роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи бандҳои тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Деваштич ва Кӯҳистони Масчоҳ қарор доштам ва дар хусуси зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик бо сокинон, бахусус ҷавонон мулоқоту суҳбатҳо доир намудам. Пеш аз баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ- раъйпурсии умумихалқӣ бо мақсади баланд бардоштани фарҳангии ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ва дар ин росто фаъол гардонидану таъмини иштироки ҳар як шарҳанд дар раъйпурсӣ аксияҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Ман худам овоз медиҳам!» эълон ва доир карда шуданд. Дар дигар чорабиниҳои сатҳи давлатӣ низ саҳми Ташкилот назаррас аст. Дар самти расонаӣ кардани фаъолияти «Созандагони Ватан» чӣ гуфта метавонед? Ҳамкории шумо бо васоити ахбори умум имрӯз дар чӣ сатҳ қарор дорад? Созмони ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» ҷиҳати бо ахбори мусбӣ пур кардани фазои иттилооти кишвар ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ кӯшиш менамояд. Воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва ҳизбӣ доимо аз фаъолият ва мавқеъгириҳои ташкилот дар раванди ҳодисаҳои сиёсӣ ахбор интишор менамояд. Ҳамкории ташкилот бо нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ», ки аз сертеъдодтарин нашрияҳои ҷумҳуриявист, Агенти иттилоотии Ховар ва дигар ВАО-и ватаниву хориҷӣ низ дар сатҳи хеле хуб қарор дорад. Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ТҶҶ «Созаздагони Ватан» таҳти унвони «ТҶҶ «Созандагони Ватан- Ватансоз» саҳифаи худро дорад, ки мунтазам бо маводҳои таҳлилию иттилоотӣ пур карда мешавад. Бояд гуфт, ки дар ин самт мо ягон мушкилӣ надорем ва пайваста дар ҳолати вусъат бахшидани фаъолияти иттилоотии Ташкилот ҳастем. Равобити байналмилалии Ташкилот айни ҳол чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? Ба назари Шумо, он қаноатбахш аст? Густариши муносиботи бурунмарзӣ аз ҳадафҳои асосии мост, ки дар самти муаррифии қишри ҷавони ҷомеаи Тоҷикистон ва таҳкими дӯстиву рафоқат миёни ҷавонони кишварҳои гуногун нақши бузург мебозад. ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ ҷиҳати иштироки фаъол доштан дар муносибатҳои байналмилалӣ барои ба роҳ мондани равобити ҳасана миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ талош меварзад. Қобили зикр аст, ки дар оғози соли равон лоиҳаи кӯмакҳои молиявӣ дар асоси созишномаи сеҷонибаи ТҶҶ «Созандагони Ватан», Фонди баҳри сулҳ ва тараққиёти Хитой ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар ҳаҷми зиёда аз 250 000 доллари амрикоӣ татбиқ гардид, ки ин аввалин лоиҳа дар асоси созишномаи ниҳоди ҷавонони ҲХДТ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин муносибати ниҳоди ҷавонони ҳизб бо ниҳоди ҷавонони дигар аҳзоби сиёсии хориҷ дар ҳоли густариш қарор дорад. Айни замон пешниҳоди ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ниҳоди ҷавонони Ҳизби умумироссиягии ҳизби Единая Россия- «Молодая гвардия» аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҳоли омӯзиш қарор дорад, ки чанде қабл аз ҷониби ТҶҶ «Молодая гвардия» ба унвонии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ворид гардидааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва дастуру супоришҳои хирадмандона Сарвари давлат фаъолият намуда, ба он ноил гардида истодааст, ки обрӯ ва нуфузи худро берун аз қаламрави кишвар низ густариш бахшад. Боиси сарфарозию қаноатмандист, ки созмони ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» низ муносибатҳои хориҷии худро дар асоси принсипҳои эътирофу эҳтироми ҳамдигарӣ бо ҷиноҳи ҷавонони аҳзоби кишварҳои хориҷӣ ба роҳ мемонад. Дар ин росто, бо даъвати Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Жас Отан»-и Ҳизби Халқии Демократии Қазоқистон- «Нур Отан» ва дастури Президенти кишвар аз 19 октябри соли 2016 таҳти рақами 146 ман ҳамчун Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ санаҳои 21- 29 октябри соли ҷорӣ ҷиҳати ширкат дар Иҷлосияи махсуси ҷавонони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар карда шудам. Дар ин иҷлосия, ки таҳти унвони «Ҷаҳон. Асри 21» доир гардид, камина бо маърӯза баромад намуда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти муборизаи дастаҷамъӣ бо падидаҳои номатлуби асри нав, амсоли терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, даст кашидан аз силоҳҳои ҳастаиву химиявӣ ва пешгирӣ намудан аз ба вуқӯъ омадани хатарҳои нави геополитикӣ бармеояд, баён намуда, аз таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли низоъҳои мавҷуда ва мавқеи сулҳпарварию сулҳоварии Роҳбари давлати тоҷикон маърӯза намудам. Зимни иҷлосия таваҷҷуҳи иштирокчиён ба Манифести Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки зимни баргузории Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба пешгирӣ аз ҷангҳои нави ҷаҳонӣ ва хатарҳои ба он таҳрикдиҳанда ироа намудааст, ҷалб гардид. Аз ҷониби намояндаи созмони ҷавонони ҲХДТ баён гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зерироҳбарии сарвари хирадманди худ акнун оқибатҳои нохуши ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро пушти сар намуда, ба сӯи рушду инкишоф ва суботи милливу минтақавӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Мардуми тоҷик чӣ будани ҷангро медонад ва доимо аз роҳи мусолиҳатомези ҳалли низоъҳо пуштибонӣ менамояд. Ҳамчунин дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбари созмони ҷавонони ҲХДТ «Созандагони Ватан» бо роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои ҷавонони Ҷумҳурии Қазоқистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар созмонҳои иштирокчӣ сурат гирифта, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда ва имзои меморандуми ҳамкорӣ табодули назар сурат гирифтанд. Намояндагони созмонҳои ҷавонони дигар кишварҳо бо назардошти обрӯ ва нуфузи ҲХДТ омодагии худро барои ба имзо расидани санадҳои ҳамкорӣ бо ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва ба роҳ мондани равобити барои ҷонибҳо судманд ибрози назар намуданд. Дар анҷоми штирокчиёни иҷлосияи махсуси ҷавонон муроҷиатнома қабул намуданд. Санаи 29 октябри соли равон дар шаҳри Алма- Атои Ҷумҳурии Қазоқистон бо муҳоҷиронии меҳнатӣ вохурию мулоқот анҷом дода шуд. Маълум гашт, ки танҳо дар бозори «Зелёный»-и шаҳри Алма- Ато даҳҳо нафар ҷавонони тоҷик танҳо ба фурӯши меваҳои хушку тари аз Тоҷикистон содиршуда машғул буда, даҳҳо нафари дигар дар ошхонаву дигар бахшҳои тиҷоратии бозор машғули меҳнат мебошанд. Вохӯрии намояндаи ҲХДТ дар лаҳзаҳое сурат гирифтанд, ки дар Нерӯгоҳи Барқии Обии Роғун маросими бастани маҷрои дарёи Вахш оғоз гардид ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пушти фармони техникаи пуриқдор нишаста, шахсан дар бастани маҷрои дарёи Вахш ширкат меварзиданд. Умуман, дар самти густариши равобити байналмилалӣ Ташкилот ҷидду ҷаҳд ва нақшаҳои зиёд низ дорад. , Имрӯз масъалаи хатарҳои муосири геополитикӣ, аз қабили ифротгароиву терроризм ва таҳаммулнопазириву гардиши маводи мухаддир ва амсоли ин аз масъалаҳои доғи рӯз маҳсуб мегарданд. Дар самти огоҳ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ, умуман хатари ҷалби онҳо аз ҷониби қувваҳои манфиатхоҳ ба ҳар гуна ҷараёнҳои хатарзо аз ҷониби созмон имрӯз чӣ чораҳо андешида мешаванд? Дуруст қайд кардед, имрӯз бо ба рӯйи кор омадани хатарҳои муосир моро зарур аст, ки корҳои тарбиявию тариботиро баҳри ташаккул додани ҳисси ватандӯстиву ҳифзи ҳувияти миллӣ миёни ҷавонони кишвар вусъат бахшем. Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» то ин замон якчанд даври чорабиниҳои худро бахшида ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар шаҳру навоҳии кишвар дар шакли вохурию мулоқот, баргузории аксияву чорабиниҳои дигар ва мизҳои мудаввардар мавзӯи «Омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он» баргузор намуд. Дар кори мизи мудаввар, ки дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеъ доир гардиданд, ҷавонони навоҳии мухталифи ҷумҳурӣ, намояндагони мақомоти прокуратура, суд ва амният, рузноманигорону коршиносон, аҳли дин ва мақомоти минтақавии муҳоҷират иштирок намуда, доир ба роҳҳои ҳалли пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу гуруҳҳои ифротӣ ибрози ақида намуданд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо, ки аз ҷониби ташкилоти ҷавонони ҲХДТ доир гардида буд, дарёфти омилҳои ифротгароии ҷавонон ва таҳияи механизмҳои муосири корбарӣ дар асоси фикру таклифоти чунин чорабиниҳо арзёбӣ мегардад. Зеро ТҶҶ «Созандагони Ватан» вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллию давлатӣ тарбия намуда, қувваи созандаи онҳоро ба корҳои хайри ҷамъиятӣ сафарбар намояд ва онҳоро аз хатарҳои замони муосир, ки бештар вақт ба зеҳнияти ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад, огоҳ намояд. Мо тасмим гирифтаем, ки минбаъд низ шумораи чунин чорабиниҳоро бештар намоем, чун ин тақозои давр аст. Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд ва дар рӯҳияи ватандӯстиву таҳаммулпазирӣ тарбият кардани онҳо барои рушду суботи Меҳан аз вазифаҳои асосии ҷомеаи навини мо, махсусан ТҶҶ «Созандагони Ватан» мебошад. Бо қаноатмандӣ метавонам зикр кунам, ки дар ин ҷода мо ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудаем ва дар оянда низ роҳандозии чунин лоиҳаҳоро идома хоҳем дод. Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво. Дар фаъолияти минбаъдаатон муваффақиятҳо орзумандем. Мусоҳиб Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.