
/ АМИТ «Ховар» /. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ва Ҷон Керри, Котиби давлатии ИМА зимни гуфтугӯи телефонӣ ҳалли низои Сурияро бо таъкид ба вазъ дар атрофи шарқи Ҳалаб баррасӣ карданд. Дар ин бора АИР «Новости» бо истинод ба изҳороти ВКХ Русия хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки суҳбати телефонӣ бо ташаббуси ҷониби Амрико сурат гирифтааст.
Чанд рӯз қабл Сергей Лавров ва Ҷон Керри дар ҳошияи ҳамоиши АТЭС (Ҳамкории иқтисодии Осиё ва Уқёнуси Ором) дар Лима мулоқот анҷом доданд. Музокирот беш аз як соат идома кард, ки онро ҳарду ҷониб сермаҳсул хонданд.
Пас аз анҷоми мулоқот Лавров ҳадафи зарбаҳои охири қувваҳои кайҳонӣ-ҳавоии Русия ва артиши Сурияро шарҳ дода, зикр намуд, ки «онҳо дар музофотҳои Идлиб ва Ҳомс барои пешгирии баромади террористон аз Мосул фаъолият доранд».