Мулоқоти котиби давлатии ИМА бо Путин дар Москва баргузор шуд15-07-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 253 нафар
Назарҳо: 0
Ҷон Керри, котиби давлатии ИМА бо президенти Русия Владимир Путин дар Москва мулоқот кард. Мавзуи баррасии ин мулоқот - Сурия, Украина ва муносибатҳо дуҷониба буд. Пеш аз дидор Ҷон Керри гуфт, ҳам президент Обама ва ҳам худи вай бар ин назаранд, ки ҳоло ИМА ва Русия дар марҳилае қарор доранд, ки метавонанд барои нафъи ҷаҳон кори зиёде анҷом диҳанд.
Ба гуфати котиби давлатӣ, сухан на танҳо дар бораи "Сурия ва Украина, балки дар бораи бахшҳои боаҳамияти дигар, ки мо метавонистем равнақи ҷиддие ба даст орем, меравад". Дар ин мулоқот ёвари президенти Русия Владислав Сурков ва аз ҷониби Амрико - ёвари котиби давлатӣ Виктория Нуланд ва сафири ИМА дар Русия Ҷон Теффт ширкат варзиданд. Ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, котиби давлатии ин кишвар бо чанд ташаббус дар умури Сурия ба Москва омадааст. Аз ҷумла, бо пешниҳод ҳамаҳонгсозии мубориза бо терроризм ва ғайра. Ин чаҳорумин сафари Ҷон Керрӣ ба Русия аз моҳи майи соли 2015 ба ин сӯ аст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.