Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Минбар» мотам гирифт…

«Минбар» мотам гирифт…

17-10-2016, 15:08
Хабарро хонданд: 531 нафар
Назарҳо: 0
«Минбар» мотам гирифт…

Идораи ҳафтанома чанд рӯз боз серодам аст. Дӯстону ҳамкасбон аз дигар нашрияҳо меоянду нисбати марги ҳамкор ва дӯсти мо изҳори ҳамдардӣ мекунанд. Аз ноҳияҳо занг мезананд. Саҳари душанбе як нафар аз Шаҳринав телефон кард, аҳволи моро аввал боэҳтиёт пурсид ва пас савол кард, ки «Оё хабари марги ин кормандатон рост аст?»
Ман, ки ҳанӯз аз зарби ин ҳодисаи нобаҳангом ба худ наомадаам, бо овози дар гулӯ печида посух додам, ки барои худи мо ҳам бовар накарданист, вале чӣ кор кунем, ки рӯзи ҷумъа даргузашту шанбе ба манзили охираташ бурдем.
Ӯ дар кору зиндагӣ як марди бовиқор буд. Дар вазифаи котиби масъул воқеан ҳам масъулияти баланд эҳсос мекард. Бо ҳамкорон ва муаллифони беруна рӯи ҳар маводе, ки барои чоп пешниҳод мешуд, холисона андешаашро мегуфт. Баъзе муаллифони хираро бо далелҳои мушаххас ҷавоби воқеӣ ва мантиқӣ қаноат медод. Гоҳе мешуд, ки ин посухаш андаке сахт мебаромад.
- Чӣ нодуруст гуфтам? - ба мо рӯй оварда мепурсид, ки шоҳиди баҳсаш мешудем. – Ҳар чӣ, ки меоранд, мо наметавонем нашр кунем, Ҷойи мақолаи хубу хонданӣ дигар аст, аммо аз он, ки як маводи оддӣ ва такрори гузаштаҳоро гирифта мемонему муаллиф умедвори чопаш мешавад, ҷавобашро якбора диҳем, ҳам барои мо ва ҳам ба ӯ сабуктар меафтад.
Ману ӯ қариб ҳамсол будем ва бо эҳтироми он шукӯҳ ва салобате, ки дар идора дошт, Маъруфхоҷа гуфта хитобаш мекардам ва ӯ маро Бобои Солеҳ мегуфт, ки ҳар бор як дунё муҳаббату ҳурматро дар ин ибора эҳсос менамудам. Чунки худи ӯ ҳам бобо буду шаҳди ин суханро чашида ва манзалати онро дар мағзи ҷону дил гирифта мегашт.
Баъзе рӯзҳо ӯ ба ман дарди дилу розҳое аз рӯзгорашро мегуфту ман низ барои рӯҳбардориаш ба вай дарди дил мекардам.
Даҳлези васеи идора ҳоло бе ҳайкали баланди ӯ холӣ аст. Дӯстонаш меоянду бо мо ҳамдардӣ баён мекунанд, гӯё ғами моро каме сабук мегардонанд.
… Дар соатҳои охирини ин умри кутоҳ, вале ба назари ман, бобаракати Маъруфхоҷа мо, ҳамкорон дар паҳлӯи аҳли хонавода ва хешону наздикони ӯ дар бемористон будем. Лаҳзаҳое, ки хабари маргашро эълон карданд, С.Нодирӣ духтур ва мухлиси ҳафтанома ҳам онҷо буд. Ҳама моту мабҳут. Якдигарро ба оғӯш кашида, худро тасаллӣ медодем. Чанд соат барои дуруст кардани хату чак ва ҳалли масъалаи бурдани ҷасадаш сарф шуд.
Ду зани фаррош баргҳои хазони ҳавлии бемористонро мерӯфтанд. Саидҷон, ки чун равоншинос ҳолати ҳар кадоме аз моро дуруст дарк мекард, шояд барои аз риққат берун баровардани мо бо нигоҳ ба занҳои фаррош гуфт:
- Маъруфҷон гузашт, ин занҳо ҳавлӣ мерӯбанд,.. пас зиндагӣ давом дорад.
Оре, зиндагӣ давом дорад. Талафи шахси наздик барои ҳар кадоме аз мо вазнин ва дарднок аст. Аммо ёди ӯ ва зикри корҳои некаш, ки як амали пурарҷ аст, ин сахтиро андаке сабук мекунад.
С.Юсуфов











Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: