Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аҳмад Зоҳир: Садое, ки дилҳоро ба ҳам меорад

Аҳмад Зоҳир: Садое, ки дилҳоро ба ҳам меорад

22-06-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 229 нафар
Назарҳо: 0
Аҳмад Зоҳир: Садое, ки дилҳоро ба ҳам меорад
Тобистони соли 1979 буд. Мо, донишҷӯён дар пайи тайёр кардану супоридани санҷиш ва имтиҳонҳо будем. Аммо рӯзи 14-15 июн хабари марги нобаҳагоми ин хонандаи машҳуру овозадор моро аз худ бехуд кард. Дар ҳар суҳбат дигар гап аз ин фоҷиа ва марги ӯ мерафт. Рӯи харакҳои назди бинои факултет ва дар утоқҳои дарсӣ ҳама ҷо дар бораи ӯ ва сурудҳояш суҳбат мекарданд.

Душанбеи дур ҳам ба хаёлам, он рӯзҳо ҳамон ҳолу ҳавои Кобул, балки тамоми Афғонистонро дошт. Мардуми Тоҷикистон ҳам ба монанди тамоми онҳое, ки дар кишварҳои атрофи Афғонистон, балки дар дунё Аҳмад Зоҳирро ба туфайли овози мондагораш мешинохтанд, мотам гирифта буданд.

Ҳоло осон аст, дар бораи ҳунари ӯ аз вожаи «мондагор» истифода кардан, аммо он солҳо мо гумон мекардем, ки пас аз чанд муддати маргаш ҳунари ӯ ҳам фаромӯш мешавад. Ба ин далел буд, ки марги дарднокашро чун марги ҳунараш мепиндоштем. Бехабар аз ин ки марги ҷисмонӣ фақат барои одамони оддӣ аст ва барои як фарди баҳунар марг танҳо ӯро ҷисман аз байн мебарад, ба осору маҳсули заҳматҳояш кам таъсир мерасонад.

Аҳмад Зоҳир ҳамон гуна, ки он солҳо мехонду истиқбол мешуд, инак пас аз қариб 40 соли марг низ ба он андоза пазируфта мешавад, оҳанг ва сурудаҳояш ба дилҳо менишинад. Гӯё дирӯз, на, балки чанд соат пеш суруда бошад:

Марги ман рӯзе фаро хоҳад расид,
Дар баҳори равшан аз амвоҷи нур…
(шеъри Фаррухзод)


Марг ӯро 14 июни соли 1979 дарёфт ва аз байни ёрону муштоқонаш бурд. 37 сол пеш дар ин рӯзҳо натанҳо саҳифаҳои нашрияҳои расмии Афғонистон пур аз матолиб дар бораи ин овозхон буд, балки шинохтатарин нашрияҳо, радио ва шабакаҳои телевизионии ҷаҳон ҳам дар ин бора менавиштанду матлаб ба нашр мерасонданд. Он рӯзҳо агарчӣ марги ӯ хабарсоз буд, аммо асли гап дар ҳеч яке аз хабарҳо гуфта намешуд, танҳо пас аз баёни хабари маргаш, ки садамаи автомобилӣ эълон шуда буд, ишораҳое ба сабабҳои дигари ин ҳодисаи фоҷиавӣ мекарданд. Ҳоло низ ҳамон хабари расмӣ, ки гуфта буданд, Аҳмад Зоҳир дар натиҷаи фалокати автомобилӣ дар ағбаи Соланг, дар маҳаллаи Чорикор ба ҳалокат расид, рад нашудааст.

Андрей Грешнов, хабарнигори собиқадори РИА «Новости» (Русия) пас аз 30 соли ин ҳодиса (соли 2009) бо ёдоварӣ аз он рӯзҳо дар гузорише навишта буд: «Чанд рӯз пеш аз марги ин хонандаи боистеъдоди Афғонистон барои кор вориди ин кишвар шудам ва шоҳиди мотами саросарии мардуми афғон будам. Аҳмад Зоҳир овозхоне, ки то ба имрӯз аудио ва дискҳояш номи ӯро дар дилу дар дидаи ҳаводоронаш зинда нигоҳ медорад…»

Ҷавонии рангини овозхон
Навҷавонии Аҳмад Зоҳир, дар Кобул гузашт. Падараш сарвазири давлати Зоҳиршоҳ буд ва аз нигоҳи молӣ ӯ тамоми имконро дошт, ки ҳам таҳсил, ҳам ҳунари овозхониашро такмил кунад.

Ба пиндори ман, Аҳмад Зоҳир бо рӯи саҳнаи калон омадан, ҳунари овозхониро ҳам аз миёни ом ба боло бурд.

Мегӯянд, нахустин консерти ӯ дар ҳамон «Ҳабибия»- беҳтарин муассисаи таълимии Афғонистон, ки бо тарзи омӯзиши фаронсавӣ фаъолият мекард, баргузор шуда буд. Овози ӯ он ҷойгоҳе, ки дар ҳамон барномаи консертӣ пайдо кард, то ба имрӯз аз даст надодааст.

Ӯ бо бартарӣ аз хонандагони замонаш шеваи беҳтарин сарояндагони ғарбиро омӯхта буду бо лаҳни сарояндагии афғонҳо ва форсизабонҳо ба ҳам овард.

Ӯ аз ашъори Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ аз ашъори шоирони муосири ҳамзабонон, аз Тоҷикистон ва Эрон мехонд. Нотакрор, дилнишин, бо дарки баланд мехонд.

Бо ҳамон чеҳра, қаду қомати зебои «пахшак» (таъбири афғонҳо, ба маънои қадпаст) ва овози форам, ҳама дӯсташ медоштанд ва духтарон бештар. Ҳар нафаре овозашро мешунид, ҳатман орзуи аз наздик диданашро мекард.

Дар Афғонистон ва берун аз он ривоятҳое аз забон ба забон гузаштааст, ки ба эҳтимоли қавӣ, бозгӯи воқеиятҳои он солҳо аст.

Ҳафизулло Аминро гунаҳкор медонанд
Ба Аҳмад Зоҳир садҳо духтар нафар ошиқ буданд. Яке аз онҳо духтари сарвазири вақти Афғонистон Ҳафизулло Амин буд. Нафаре, ки гӯё Нур Муҳаммад Таракӣ, раиси Шӯрои Инқилобии Афғонистонро аз байн бурда, худ ба ҷои вай нишаст. Мегӯянд, Амин бо ёрии ёваронаш бо номҳои Тамун ва Рӯзӣ ин устоди саҳнаро аз байн бурд.

То замони марг овозаи дӯстии А. Зоҳир бо духтари Амин дар саросари Афғонистон сайр мекард. Бо шунидани ин хабар Амин, ӯро ба зиндон андохт, вале баъд бо дахолати духтараш озод кард ва… ба тӯи яке аз хешовандонаш даъват намуд, то суруд хонад.

Иттифоқан пас аз чанд соли марги ӯ замоне, ки дар ин кишвар кор мекардам, боре ҳамкорони афғон ҳавлиеро нишон дода гуфтанд, ки Аҳмад Зоҳир ин ҷо мезист. Он вақт намояндагии як ширкати Шӯравӣ дар он ҷой гирифта буд…

Бо ошноӣ бо сабти сурудаҳои овозхонҳои классику муосири ағфон устодон Муҳаммад Ҳусайни Сароҳанг, Ғуломҳусайн, Содиқи Фитрат машҳур бо «Ношинос», Зоҳир Ҳувайдо, Залонд (Ҷалил, Фарид, Шаҳло ҳама аз ин хонавода) Абдулваҳҳоб Мададӣ, устод Маҳваш, бонуҳо Ғизол ва Мужда ва даҳҳо нафари дигар, ба ин натиҷа расидам, ки миллат ва кишваре, ки онҳоро дорад, шоиста ва қодир аст, ки нафареро бо номи Аҳмад Зоҳир ҳам дошта бошад.
Солеҳ Абдулазиз
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: