Боздид аз боғи Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид”-и ноҳияи Восеъ4-10-2016, 15:37
Хабарро хонданд: 304 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” боздид ба амал оварда, бо нашъунамои дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ шинос шуданд. Аҳди меҳнати Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар майдони 23 гектар парвариши намудҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, гулу буттаҳои ороишӣ, полезӣ ва кишти дигар зироатҳоро дар байни қатори дарахтон ба роҳ мондаанд. Имсол 3 гектар боғи нав бунёд гардид, ки акнун майдони боғот 26 гектарро ташкил дода, дар майдони 13 гектар ангур, дар 10 гектар дарахтони гелос, зардолу, нок, бодом, олу, олуи сурх, чормағз, анор ва арча ва дар майдони 1 гектар гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, нашъунамои хуб доранд. Зимни тамошои боғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнаткашони Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” барои хуб ба роҳ мондани парвариши дарахтон, ки меваи аксари он ба содирот нигаронида шудааст, баҳои баланд доданд. Аз рӯи маълумоти боғдорони хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” имсол ҳосили боғот, аз ҷумла ангур фаровон буд. Бахусус ҳосили фаровони ангури меҳнаткашони Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид”, ки навъҳои беҳтарини ангурро дар ин боғ ҷамъ овардаанд баҳои арзанда гирифт. Даҳҳо тонна ҳосили хушсифати ангуру пиёзи боғ ба Федератсияи Россия содирот карда шуд. Аз ҳосили дарахтони зардолу ва ангур бо роҳи хушк кардан хушкмеваҳо истеҳсол карда шудааст. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки гулу буттаҳои мухталиф ва дарахтони сояафкани ин боғ барои корҳои ободонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои ҷамоат ва қад қади шоҳроҳи мошингард шинонида мешавад. Мавриди зикр аст, ки аз тарафи Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар 5 гектар майдони бекорхобидаи санглоху шуразамин боғи арча бунёд кардаанд, ки ба симои ҷамоат ҳусни тозае зам кардааст. Барои истифодаи самараноки заминҳои ин боғ, ки аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бобати гирифтани даромади хуб аз замин, гузаронидани кишти такрорӣ бармеояд, хоҷагидорон дар байни қаторҳо дар 3 гектар пиёз кишт карда, 80 тонна маҳсулот ба даст овардаанд. Дар кишти такрорӣ ба ҷойи пиёз тарбузу харбуза шинониданд. Аз кишти 3 гектар картошка бошад, аҳли меҳнат 45 тонна ҷамъоварӣ намуда, баъди ба бозор баровардан шароити иҷтимоии коргаронро беҳтар карданд ва ҳам барои дигар эҳтиёҷоти хоҷагӣ истифода бурданд. Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи парвариши дарахтон ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин боғ ба таври доимӣ 40 нафар ва мавсимӣ беш аз 70 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд. Таъсиси ҷойҳои корӣ як омили муҳими беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, ки аз ҷониби фарзандони ватандӯсти ин ҷамоат, роҳбарияти Хоҷагии деҳқонии “Файзи Саид” амалӣ шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.