Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Эҳёи ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон

Эҳёи ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон

12-10-2016, 10:24
Хабарро хонданд: 511 нафар
Назарҳо: 0
Эҳёи ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон


«Воқеан, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд».

Эмомалӣ Раҳмон

/АМИТ «Ховар»/. Меҳргон яке аз ҷашнҳои бошукўҳи мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки аз замонҳои ниҳоят қадим ба мо мерос монда, пешиниён онро бо шукуҳу шаҳомат, бо ҳама ҷузъиёташ баргузор мекарданд. Аммо бо мурури замон ин ҷашни миллию мардумӣ аз ёдҳо рафта, таҷлилаш дар қаламрави мамлакат баргузор намешуд. Нишонаҳои суннатии Меҳргон танҳо дар ёди бузургсолон монда, арзиш ва қимати он аз ҷониби донишмандони соҳаи мардумшиносӣ ҳифзу ҳимоя мегашт ва гог-гоҳ дар маъракаи ҳосилғундорӣ аз он ёд мешуд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои мухталифи мардумӣ аз нав эҳё гардид ва барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад. Махсусан, ҷашни Наврўз бо кўшиши бевоситаи Сарвари давлат мақоми баланд ва арҷи арзанда дар кишвар пайдо кард ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфт. Имрўз дар олам баробари дигар ҷашнҳо Наврўз низ бо шукуҳу шаҳоҳамоти хос доир гардида, асолати пешинаи хешро на фақат барқарор кардааст, балки ба он ҷузъиёти нав ворид гардидааст.

Доир ба ҷашни Меҳргон низ Сарвари давлат назари некбинона дошта, онро куҳантарин чашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хоса изҳор менамоянд. Дар ҳамин асос ҷашни мазкур аз нав эҳё шуда, доир кардани он ҳамасола ба ҳукми анъана даромада истодааст. Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баргузории ҷашни 80-солагии таъсиси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (аз 8 октябри соли 2011) гуфта буданд:

«Меҳргон ба монанди Наврўз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрўз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд» (www.prezident.tj 2011).

Таъкиди мазкури Сарвари давлат асос гузошт, ки ба ин оини мардумӣ таваҷҷуҳ бештар зоҳир карда шавад ва заминаи таърихӣ ва асосҳои миллию мардумии ин рукни фарҳанги ниёкон мавриди омўзиш қарор гирад ва таҷлили он бо хусусиятҳои хоси маҳалҳо бо шаклу шеваи зарурӣ доир гардад.

Дар воқеъ, ин ҷашни ниҳоят қадима, мероси мардумии мо маҳсуб буда, аз замоне ки мардуми мо ба чорводорӣ машғул шуданд, бо замин сару кор гирифтанд ва ҳосил рўёнда, аз дастранҷи худ роҳат диданд, ин маросимро эҳё намуданд ва онро дар доираи тафаккуру ташаккули зеҳнии асотирии ҳамон давраинаашон доир намуданд. Ҳамин ҷиҳати масъаларо ба инобат гирифта, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ишора кардаанд:

«Мувофиқи ойини гузаштагонамон дар рўзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рў, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст. Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рўз сару либоси идонаи арғувонӣ мепўшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд» (www.prezident.tj 2011).

Дар ҳақиқат, яке аз унсурҳои ин ҷашн аз он иборат буд, ки мардум аз баракати ҳосили ҷамъовардаашон шукрона мекарданд ва дигар либосҳои шинаму тоза ба бар карда, баракати солро дар баргузории ҷашни Меҳргон ифода намуда, шодию хурсандӣ менамуданд, ки соли оянда ҳосил боз ҳам фаровон шавад ва дастархони мардум аз маҳсулоти деҳқон фаровон гардад ва инчунин ғубори заҳмати кашидаи худро ба ин восита аз дил мебароварданд.

Дар ин асос мехостем иҷмолан доир ба таърихи пайдоиш ва суннатҳои ин оини басо мардумӣ изҳори назар намоем ва баъзе арзишҳои ҷашни Меҳргонро мавриди мутолиаи хонандагони муҳтарам қарор диҳем.

Вожаи меҳргон аз ду ҷузъ иборат буда, дар луғатномаҳо дар борааш чунин шарҳ омадааст: «Меҳр» — муҳаббат, самимият, дўстӣ ва «Гон» — далел бар нисбат, яъне ба чизе мансуб будан аст. «Гон» одатан дар охири исми рўз ва моҳи хуршедӣ омада, исми амшоспанд (ҷовидони муқаддас) ва фариштае аз устураҳои қадимаи мо мебошад. Мардуми эронитабор дар замони бостон чунин рўзеро, ки дар охири рўзу моҳаш пасванди «гон» мегирифт, бо шукуҳи хос ҷашн мегирифтанд. Барои мисол метавон аз рўзҳое ёд намуд, ки охирашон пасванди «гон» дошта, мардум ба онҳо эҳтироми фавқулодда дошта, эҳтироман ин рўзҳоро ба таври хос қайд мекарданд. Инҳо рўзҳои обонгон, обрезгон, хурдодгон, фарвардгон, меҳргон ва ғайраҳо мебошанд. (Муин, Теҳрон, 1371, с.3174).

Меҳр дар забони санскрит дар шакли митра [mitra], дар «Авесто» митҳра [mithra], дар паҳлавӣ [mitr] буда, пайвандагари рўшноӣ ва нури азалӣ мебошад. Гарчанде иддае аз муҳаққиқон дар баъзе навиштаҳои худ меҳрро хуршед мегўянд, вале Меҳр на фақат хуршед мебошад, балки дар «Авесто» яке аз эзадони устуравии бузург маҳсуб ёфта, ба он одамони ориёӣ ниёиш мекарданд ва аз он омурзиш мехостанд.

Эзади Меҳр дар миёни қавмҳои алоҳида ҷойгоҳи махсус дошта, ба маънии дўстӣ, муҳаббат ва довари бузург ва адолатпарвар амал мекард ва миёни мардум ин хислатҳои башардўстонаро талқин менамуд ва дигаронро низ ба риояи ин арзишҳои эзадӣ ҷалб мекард. Доир ба ин хусияти эзади Меҳр бостоншиносон аз минтақаи Буғозкўй дар яке аз шаҳрҳои Осиёи Хурд лавҳи гилине пайдо кардаанд, ки ба номи Капатука [kapatuka] машҳур буда, марбут ба 1400 сол пеш аз мелод мебошад. Ин лавҳ ва даҳҳо лавҳои дигар, ки аз ҷониби бостоншиносон ба даст омадааст, шаҳодат медиҳанд, ки эзади Меҳр дар замонҳои пеш дар ҳаёти хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ ҷойгоҳи махсус доштааст.

Меҳр дар адабиёти навишторӣ низ маъмул буда, ба шакли Митро яке аз бузургтарин эзадони мардумони ҳиндуэронӣ мебошад. Дар осори санскрит «Ведо» ва «Ригведо» аз он ёд шудааст. Эзади Меҳрро дар китоби «Ведо» ба маънии дўсту ҳамдами ёрирасон маънидод намудаанд. Ин ва даҳҳо далелҳои дигар бидуни ҳеҷ шаку шубҳа исбот менамоянд, ки дар замонҳои бостон ҷашни махсусе барои ин эзад доир мегаштааст, ки баъдҳо ба Меҳргон табдил ёфтааст.

Дар китоби «Авесто» чи тавре ки дар боло ишора рафт, Меҳр яке аз бузургтарин эзад маҳсуб ёфта, доир ба он борҳо дар ин китоби муқаддас ёдоварӣ шудааст. Чунончи, дар «Меҳряшт»-и Авесто омадааст, ки Аҳура Маздо Меҳрро мисли худ мешуморад: «Аҳурамаздо ба Спитмон Зартушт гуфт: Эй Спитмон! Ба-д-он ҳангом ки ман Меҳри фарохчарогоҳро ҳастӣ бахшидам, ўро дар шоистагии ситоиш ва барозандагии ниёиш, баробар бо худ, ки Аҳура Маздоям биофаридам» (Авесто, Душанбе, 2001, с.250).

Аз худи ҳамин ишора маълум мешавад, ки Меҳр дар низоми бисёрэзадии даврони зардуштӣ мақоми хос дошта, барои деҳқонон ва чорводорон арзишманд будааст ва ба тарзи махсус ситоиш ёфта, одамон низ ба он меҳри беандоза доштаанд. Ҳамин асолати ин оини мардумӣ асос гардид, ки баъдҳо оини Меҳр ва ҷашни Меҳргон арзи ҳастӣ намояд.

Баъди пайдо шудани таассуроти асотирӣ доир ба Меҳр он ташаккул ёфта, дар миёни мардум маҳбубияташ бештар гардида, аз доираи устуравӣ ба як оини мукаммали Меҳр табдил меёбад. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ оини Меҳр дар замони ҳукумронии Ардашери дуввум (405-395 п.м.) ва Ардашери Севвум (395-338 пеш аз мелод) дубора роиҷ ёфтааст ва тавассути кишваркушоии ҳахоманишиён он ба кишварҳои дигар ба монанди Осиёи Хурд ва Рум густариш пайдо намуда будааст. Бахусус сипоҳиёни румӣ ҳар ҷойеро тасхир мекарданд, онҳоро маҷбур мекарданд, ки ба оини Меҳр ниёиш кунанд ва рукнҳои онро риоя намоянд. Ҳамин асос шудааст, ки мардумони гуногуни кишварҳои аврупоӣ оини Меҳрро бо худоёни худ, махсусан бо худои Офтоб як медонанд. Мувофиқи маълумоти донишманди эронӣ Разӣ, ки ба таҳқиқи устураҳои қадим ва муқоисаи онҳо машғул будааст ва сарчашмаҳои дигар, ҳатто Юпитер ва Зевсро юнониҳо ва румиҳо ба Меҳр монанд кардаанд (ниг.: Разӣ, Оини меҳр ва митроизм, Теҳрон, 1371; Мифологический словарь, М., 1990, с.361-362).

Ишораҳои мазкур бори дигар маълум менамоянд, ки оини Меҳр ба зиндагии мардуми Аврупо роҳ ёфта, бо тарзи хос унсурҳои гуногуни он, эҳтирому ниёиш мегардидааст. Дар садаҳои аввали пеш аз мелод бошад, ба воситаи худи румиҳо оини меҳрпарастӣ ба Аврупои ғарбӣ, шимоли Африқо ва баъдтар дар атрофи Баҳри Сиёҳ, Осиёи Хурд паҳн гашта, бо шаклҳои мухталиф густариш пайдо карда будааст.

Дар садаи чоруми мелодӣ кишвари Рум дар Конистантинопол дини масеҳиро пазируфта, аз оини меҳр даст мекашад, вале баъзе унсурҳо ва рукнҳои онро нигоҳ дошта, дар дини масеҳӣ бо тарзу мазмуни нав онҳоро ҷойгузин менамояд ва бо мурури замон суннатҳои оини Меҳр ба оини месеҳият табдил меёбад. Ҳатто се рўзи пас аз таваллуди Хуршедро, ки ба 22 декабр рост меояд, ба 25 декабр табдил дода, онро шаби тавллуди Исои Масеҳ эълон намуданд ва ба ин санаи асотирию бостонӣ ҷанбаи қадимию таърихӣ ворид намуданд. Ин гуна трансформатсияи рамзҳову улгуҳои асотирӣ, ки аз як макон ба макони дигар, аз як оин ба оини дигар гузаштаанд, дар устрашиносӣ ва осори фолклорӣ ниҳоят зиёд буда, қадимияти ин арзишҳои мутақаддимро бори дигар исбот менамоянд.

Бешак, дар миёни қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, эҳтиром ба эзади Меҳр роиҷ гардида буд ва тайи садсолаҳо ҷойгоҳи парсатишӣ дошт ва мардум онро ситоиш карда, рукнҳои ин оинро риоя ва иҷро мекарданд. Ба ин ҷиҳат то ҳол дар баъзе минтақаҳои Эрони имрўза зодрўзи Меҳрро, ки ба шаби дарозтарин – 22 декабр рост меомад, ёд мекунанд. Ба гуфти баъзе пажўҳандагон шояд ҳамин ҷашн бо мурури замон ба ҷашни Меҳргон табдил шуда бошад (ниг.: Разӣ, Оини меҳр ва митроизм, Теҳрон, 1371).

Баробари ин дар тақвими авестоӣ як моҳ аз сӣ рўз ва як сол аз 12 моҳ иборат буда, ҳар рўз дорои як ном аст ва 12 моҳ низ номҳои худро доштааст. Дар қадим ҳар замоне, ки номи рўз ва номи моҳ ба ҳамдигар мувофиқ меомад, он рўзро мардуми эронитабор бо тарзи хос ҷашн мегирифтанд. Дар ин миён шонздаҳуми ҳар моҳ «меҳр» ном доштааст. Аз ин рў, рўзи шонздаҳуми меҳрмоҳ (2-октябр, гоҳе 7-8-окятбр ва гоҳе 15 ё 16 октябр донистанд) ҷашн барпо мегардид, ки он ба ҷашни Меҳргон рост меомад (Разӣ, Оини меҳр ва митроизм, Теҳрон, 1371, с.40) ). Дар замони Ҳахоманишиҳо ва баъд чандин садсолаҳо ин ҷашн бо шаҳомати бузурге доир мегашт. Мувофиқи баъзе ақида ва ҳисоби махсуси зардуштиён ҷашни Меҳргонро бар асоси тақвими бостонии хуршедии авестоӣ баргузор мекарданд, ки он баробари даҳуми меҳр (баробари 10 ё 12 октябр) буда, шаш рўз фарқ дорад. Дар ин бора дар бозёфтҳои бостоншиносӣ, манобеи навишторӣ ва ҳамчунин суннатҳои гуфтории мардуми эронитабор далелҳои мўътамади зиёд мавҷуд аст (ниг.: Разӣ, Оини меҳр ва митроизм, Теҳрон, 1371).

Дар замонҳои қадим сол ба ду тақсми мешуд, ки инро аз тақвими авестоӣ метавон дид. Якеро тобистон [«ҳама = hama» мегуфтан ва дигареро зимистон [«зайама = zayama»] меномиданд. Тавре ки дар «Бундаҳишн» омадааст, тобистон аз ҳафт моҳ 210 рўз иборат буд ва зимистон аз панҷ моҳу панҷ рўз ё 155 рўз. Аз ин рў дар оғози фасли баҳор Наврўзро ҷашн мегирифтанд ва дар оғози фасли зимистон Меҳргонро.

Баъдтар дар замони Сосониён аз ин ду фасли нобаробар чаҳор фасли баробар ба вуҷуд оварданд, яъне ҳар фаслро ба семоҳӣ – баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистон тақсим намуданд, ки то имрўз давом дорад. Агарчи фасли ҳар сол ба чаҳор ҷудо шуд, вале ҳамоно то замони мо мардуми эронитабор ду ҷашнро – Наврўз ва Меҳргонро якранг ҷашн мегирифтанд. Дар рўзгори пешин бузургии ин ду ҷашн чунон буд, ки якеро аз дигаре боло намешумурданд. Ҳатто дар манобеъ ва дар миёни мардуми эронитабор такя бар гуфтаи Салмони Форс, ки Берунӣ бар он ишорат кардааст, мегўянд худованд ёқутро дар Наврўз ва забарҷадро дар Меҳргон барои зинату ороиши бандагонаш падид овардааст.

Дар байн ин ду ҷашн ҳамоҳангиҳои зиёде мавҷуд мебошад, ки донишмандон борҳо ин ҷиҳати масъаларо ишора кардаанд ва ба бузургии мардумони пешин аҳсан хондаанд. Чуночи дар моҳи фарвардин (март), аввали баҳор, баргузор шудани Наврўз ва дар моҳи меҳр (октябр) аввали тирамоҳ баргузор шудани Меҳргон, албатта рамзҳои худро дорад. Дар ҷашни Наврўз низ наврўзи омма ва наврўзи хоса ҳаст ва дар ҷашни Меҳргон ҳам Меҳргони омма ва Меҳргони хоса қайд мегардад. Расму оинҳои ба ҳамдигар монанд доштани ин ҷашнҳо инчунин дар баргузор намудани маросими махсус барои расидан ба арзи мардум, ҳадя додан ба шоҳон, тақдими ҳадяи либоси зимистонӣ аз ҷониби шоҳ, маросими офаринхонӣ, ороиши дастрахони меҳргонӣ ба назар мерасад. Дар баробари ин қадимияти ин ду ҷашнро муҳаққиқон эътироф карда, арзи ҳастӣ кардани Наврўзро ба Ҷамшед ва Меҳргонро ба Фаридун нисбат медиҳанд. Бартарии Наврўз иборат аз он аст, ки аз зинда гардидани табиат башорат медиҳад ва баробарии хуршед дар бурҷи ҳамал аст. Меҳргон бошад, саршавии нимаи дуюми сол ё оғози соли Ҳахоманишии фасли тирамоҳ мебошад. Яъне ҳулули хуршед дар бурҷи мизон мебошад. Ин монандиҳои ҳаётан воқеӣ аз таҷрибаи бузурги рўзгордории хонаводаҳои эронитаборон, аз ҷумла тоҷикон шаҳодат дода, бори дигар қадимӣ будани ин ҷашнҳо ва аз замонҳои пешин фарҳангпарвар будани қавмҳои гузаштаи моро тасдиқ менамоянд.

Халқи мо аз қадим ба арзишҳои фарҳангию оинҳои хеш эътимод дошт ва ҳар як унсури устуравию суннатҳои мардумиашро дар ҳофизаи фарҳангии худ ҳифз намуда, бо асолатҳои инсондўстонааш то пайдо шудани осори навишторӣ нигоҳ намуда будааст, ки Наврўзу Меҳргон аз ҷумлаи онҳост.

Ҳамин ҷанбаи инсондўстонаи ҷашнҳои мазкур, ба хусус Меҳргон, асос шудааст, ки таърихшиносони юнонӣ ба он бо назари нек нигаристаанд. Онҳо иттилоъ додаанд, ки дар замони Ҳахоманишиҳо ба Меҳргон таваҷҷуҳ бештар будааст. Тибқи маълумоти таърихнигорони юнонӣ бо номи митроконо («mitrākānā») ҷашне будааст, ки дар тамоми Осиёи Хурд бо шукуҳу шаҳошмат баргузор мешудааст. Ин ҷашн, бо ҷашнҳои кишварҳои дигар ва худоёни юнонӣ омехта шуда ба ифтихори Меҳр (Митро) барпо мешудааст.

Аз рўи ривоятҳо дар ин ҷашн аҳли муғону руҳониён аз пеш, ба дунболи онҳо ҳунармандон, баъд мардум ва тамошагарон ҳаракат менамуданд. Дар ин маросим қурбониҳо, рақсу бозӣ, шаробнўшӣ, хурсандии фаровон будааст. Ба ишорати таърихнигорони Юнони бостон подшоҳони эронӣ дар чунин ҷашнҳо, ба ғайр аз ҷашни «митроконо», маст намешуданд ва дар шодию хурсандии умумӣ ширкат мекарданд. Кисенафон ва Плутархи юнонӣ мегўянд, ки бузургон ва шоҳони эронӣ ба номи Митро савганд ёд мекарданд. Шоҳони эронӣ барои баргузор намудани ҷашнҳои Наврўз ва Меҳргон кохи махсус доштанд. Дар ин ҷашнҳо навозандагон оҳангҳои дилнишин менавохтанд ва хонандагон сурудҳои дилнавоз мехонданд. Ба шоҳ ҳадяҳо месупурданд, ки ин баъдан дар даврони Сосониён низ идома дошт, ки дар бораи он аз тасвирҳои Тахти Ҷамшед метавон иттлоъ пайдо кард. Дар Меҳргон шоҳони ориёӣ либоси махсуси гаронбаҳо ба бар менамуданд ва тоҷи махсусеро, ки нақши хуршед дошт ба сар мегузоштанд (ниг.: Разӣ, Оини меҳр ва митроизм, Теҳрон, 1371).

Доир ба ҷашни Меҳргон инчунин дар сарчашмаҳои хаттии пешина ва осори адибони гузашта маълумоти фаровон омадааст, ки ҳар кадом бо диду андешаи худ аз сифатҳои ин ҷашну оини куҳан хабар додаанд ва онро беҳтарин маросими мардумӣ муаррифӣ намудаанд.

Тавре ки дар боло ишора шуд, Наврўз ба номи Ҷамшед ва Меҳргон ба номи Фаридун вобаста аст. Дар ин бора дар сарчашмаҳо зиёд ишорат шудааст. Дар «Шоҳнома» омадааст, ки баъд аз Ҷамшед салатанатро Заҳҳоки морон ба даст гирифт, ки дар он замон мардум ба ситам ва азобу азият гирифтор буданд. Хушбахтона, аз насли Ҷамшед абармарде ба номи Фаридун пайдо шуду Заҳҳокро аз сари ҳукумат дур сохт, ки ин дар моҳи меҳр рух дода буд. Мардум аз ин воқеаи нек, аз ин озодӣ ба ваҷд омада, ҷашни бузург баргузор намуданд. Номи ин ҷашнро Меҳргон гузоштанд, ки Фирдвасӣ дар ин бора гуфтааст:

Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,

Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.

Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ,

Биёрост бо кохи шоҳаншоҳӣ.

Ба рўзи хуҷаста сари меҳру моҳ,

Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.

Замона беандўҳ гашт аз бадӣ,

Гирифтанд ҳар як раҳи эзадӣ.

Дил аз довариҳо бипардохтанд,

Ба оини кай ҷашни нав сохтанд.

Нишастанд фарзонагон шодком,

Гирфтанд ҳар як зи ёқут ҷом.

Маи равшану чеҳраи шоҳи нав,

Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.

Бифармуд, то оташ афрўхтанд,

Ҳама анбару заъфарон сўхтанд.

Парастидани Меҳргон дини ўст,

Таносониву хўрдан оини ўст.

Кунун ёдгор аст аз ў моҳи меҳр,

Бикўшу ба ранҷ эч манмой чеҳр.

Варо буд ҷаҳон солиён понсад,

Ки нафканд як рўз бунёди бад.

[Фирдавсӣ, Д., 1987, с.123-124].



Фирдавсӣ дар ҷойи дигар ҳам аз Меҳргон ёд карда аз ҷумла менависад:

Бикард андар он кўҳ оташкада,

Бад-ў тоза шуд Меҳргон ва сада. (Фирдавсӣ).

Абурайҳон Берунӣ низ ин гуфтаро таид намуда, дар «Китоб-ут-тафҳим ли авоили санаот-ит-танҷим» навиштааст: «Меҳргон чист? — Шонздаҳум рўз аст аз меҳрмоҳ ва номаш Меҳр. Ва андар ин рўз Афридун зафар ёфт бар Биюросби Ҷоду, он-к маъруф ба Заҳҳок. Ва ба кўҳи Дамованд боз дошт. Ва рўзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд бар кирдори он-ч аз паси Наврўз бувад. Ва шашуми он Меҳргони бузург бувад ва Ромрўз ном аст ва бад-ин донандаш» (Берунӣ Аттафҳим, Д., 1973, с.144).

Берунӣ дар китоби дигари худ «Осор-ул-боқия» низ дар бораи Меҳргон бештар сухан ронда бар асоси ривоятҳои машҳури мардумӣ, ки дар манобеи дигар низ дар шаклҳои гуногун ба назар мерасад аз ҷумла гуфтааст:

«Мегўянд, сабаби ин ки ин рўзро эрониён бузург доштаанд, он аст, ки чун мардум шуниданд, Фаридун хуруҷ кардааст. Пас аз он ки Кова бар Заҳҳоки Биюросб хуруҷ намуда буду ўро мағлубу нест карда буд. Ва мардумро ба Фаридун хонд. Кова касест, ки подшоҳони Эрон ба раъияти ў некӣ меҷустанд. Ва байрақи ковиёнӣ аз пўсти хирс буд. Ва баъзе ҳам гуфтаанд: «Аз пўсти шер буда ва онҳо «дирафши ковиён» номиданд, ки пас аз ў ба ҷавоҳиру тиллое зеб карданд».

Ва низ гуфтаанд: «Дар ин рўз фариштагон барои ёрии Фаридун омаданд. Ва дар хонаҳои подшоҳон ин тавр дар ин моҳ расм шуда, ки дар саҳни хона марди диловаре ҳангоми тулўи Офтоб меистад ва ба овози баланд мегўяд: «Эй фариштагон, ба дунё поин оед ва шаётину шаррҳоро банду баст кунед ва аз дунё ононро дафъ намоед!» Ва мегўянд, ки дар ин рўз худованд заминро густаронид ва колбудҳоро барои он ки маҳали арвоҳ бошад, офарид. Ва дар соате аз ин рўз фалакофар оҳиста нафас мекашад, ки то ҷасадҳоро парвариш диҳад. Ва мегўянд, дар ин рўз буд, ки худованд Моҳро, ки курае сиёҳ ва бефурўғ буд, баҳо ва ҷило бахшид. Ва бад-ин сабаб гуфтаанд, ки моҳи Меҳргон аз Офтоб бартар аст. Ва фархундатарин соатҳои он, соати Моҳ аст.

Салмони Форс мегўяд: «Мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем, худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврўз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар»….

Ба идомаи суханонаш Берунӣ боз гуфтааст:

…Ва ин рўз дар айёми гузашта бо аввали зимистон мувофиқ буд. Ва чун кабисаро эҳмол карданд, пеш афтод. Ва дар мулуки Хуросон ин тавр расм гаштааст, ки дар рўи Меҳргон ба сипоҳиёну хидматгорон чизу чораи тирамоҳию зимистонӣ медиҳанд. Рўзи бисту якум Ромрўз аст, ки онро «Меҳргони бузург» меноманд. Ва сабаби ин ид он аст, ки Фаридун ба Заҳҳок зафар ёфт ва ўро ба қайди асорат даровард. Ва чун Заҳҳокро ба пеши Фаридун оварданд, ёфт ва ўро ба қайди асорат даровар. Ва чун Заҳҳокро ба пеши Фаридун оварданд, Заҳҳок гуфт: «Маро, ба хуни ҷаддат, накуш!» Ва Фаридун аз роҳи инкори ин қавл гуфт: «Оё тамаъ кардаӣ, ки бо Ҷам писари Виҷҳон дар қасос ҳамсару қарин бошӣ, балки ман туро ба хуни гови наре, ки дар хонаи ҷаддам буд, мекушам!» Сипас бифармуд, то ўро банд карданд ва дар кўҳи Дамованд ҳабс намуданд. Ва мардум аз шарри ў роҳат шуданду ин рўзро ид донистанд. Ва Фаридун мардумро амр кард, ки рўмоли махсусе ба камар банданду замзама кунанд ва дар ҳагоми таом сухан нагўянд. Барои сипосгузории худованде, ки эшонро пас аз ҳазор соли тарс бори дигар дар мулки худ тасарруф дод. Ва ин кор дар эшон суннату одат монд. (Ниг.: Берунӣ, Осор-ул-боқия, Д., 1990, с.242-244).

Ҳамин ривоятро Асадии Тўсӣ дар «Гаршоспнома»-и худ ба таври зерин тасвир намудааст:

Ҳамон сол Заҳҳокро рўзгор,

Дижам гашту шуд соли умраш ҳазор.

Биёмад Фаридун ба шоҳаншоҳӣ,

Ва з-он морфаш кард гетӣ тиҳӣ.

Сарашро ба гурзи кайӣ кўфт хурд,

Бибасташ ба кўҳи дамованд бурд.

Чу дар бурҷи шоҳин шуд аз хўша меҳр,

Нишаст ў ба шоҳӣ сари моҳи меҳр.

Бар ороиши Меҳргон ҷашн сохт,

Ба шоҳӣ сар аз чархи маҳ барафрохт. (Асади Тўсӣ).

Аз гуфтаҳои Берунӣ ва даҳҳо шоиру олимони замони ислом маълум мешавад, ки Меҳргон пас аз ислом низ бо ҳамон шаъну шукўҳи пешини худ таҷлил мегаштааст. Бахусус дар замони Сомониён ба ин ҷашн таваҷҷуҳи махсус дода мешудааст, ки инро метавон аз гуфтаҳои таърихнигорон ва сурудаҳои шоирон, аз ҷумла ин сатрҳои сарвари шоирон, аз ҷумла устод Рўдакӣ дарк намуд:

Малико, ҷашни меҳргон омад!

Ҷашни шоҳону хусравон омад!

Ҳаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,

Бадали боғу бўстон омад.

Мўрд ба ҷои савсан омад боз,

Май ба ҷои арғувон омад.

Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,

Май ба бахти ту навҷавон омад.

Гул дигар раҳ ба гулситон омад,

Вораи боғу бўстон омад.

Вори озар гузашта шўълаи ў,

Шўълаи лоларо замон омад. (Рўдакӣ, Д., 1999, с.198).

Дар осори адибони садаи 1Х-Х ва садаҳои баъдӣ дар бораи Меҳргон, ситоиши он, ҷойгоҳи он ишораҳои зиёде мавҷуд аст. Аз ин ишоратҳо маълум мешавад, ки Меҳргон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хосу ом будааст. Ҳоло барои намуна чанд порае аз сурудаи шоирон меорем, ки роҷеъ ба Меҳргон чӣ гуфтаанд:

Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад,

Бонгу овои дурой корвон омад.

Корвони Меҳргон аз хизрон омад,

Ё аз ақсои билоди Чинистон омад.

На аз ин омад, било на аз он омад,

Ки зи фирдавси барин, в-аз осмон омад.

Меҳргон омад, ҳон, дар бикшоедаш,

Андар оред ва тавозеъ бинмоедаш. (Манучеҳрӣ).

Дар ин таъкиди Манучеҳрӣ ҷашни Меҳргон ҳамчун беҳтари воситаи дилхушии одамон васф шуда, шукуҳу шаҳомати он бо тамоми хусусиятҳои дилкашаш тавсиф шудааст. Дар ин давра низ маълум мешавд, ки одамон бо омадани ҷашни Меҳргон шодию хурсандӣ мекардаанд, сурудхониву базм меоростаанд ва аз барактаи омаданаш шукргузорӣ менамудаанд.

Доир ба Меҳргон дар дигар абёти Манучеҳрӣ ва осори Фаррухию Унсурӣ низ ишораҳо омада, адибони мазкур бо муҳаббату меҳр сухан гуфта, самимияти худ ва шоҳони замонашонро ба ин ҷашн аз рўи сидқ ифода кардаанд:

Меҳргон ҷашни Фаридун мулки фаррух бод,

Бар ту эй ҳамчу Фаридун мулк фарухфол. (Фаррухӣ).

Бикшод Меҳргон дар иқбол бар ҷаҳон,

Фархунда бод малики Шарқ Меҳргон. (Фаррухӣ).

Меҳргон омад гирифта фолаш аз некӣ мисол,

Некрўзу некҷашну неквақту некҳол. (Унсурӣ).

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,

Норинҷу нору арғувон овард аз ҳар ноҳия. (Манучеҳрӣ).

Саъди Салмон бошад, ҷиҳати дигари ин ҷашнро, яъне дорои меҳру шафқат, хайру саховат ва ба ҳамдигар меҳрубон будани одамонро васф карда, бо муҳаббат нигоштааст:

Рўзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,

Меҳр бияфзо эй нигори моҳчеҳри меҳрубон.

На фақат дар адабиёт, балки дар мусиқӣ низ ишораҳо ба ин ҷашн ба назар мерасад. Масалан, дар гузашта бо номи Меҳргон оҳангҳои зиёде сохтаанд. Аз ҷумла Низомӣ Ганҷавӣ дар достони «Хусрав ва Ширин» аз сӣ оҳанги Борбад ёдовар мешавад, ки яке аз онҳо «меҳргонӣ» ном дорад. Ҳамчунин оҳангҳои «Меҳргони хурд», «Меҳргони бузург» низ дар замонҳои пешин шуҳрат доштааст.

Дар миёни мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, дар давраи салтанати Сомониён ба Меҳргон таваҷҷуҳи хос зоҳир мешуд ва он бо шаҳомат ва омодагӣ доир мегашт. Баъдҳо низ то чанд муддат ин ҷашн пойдор монда, баргузор шудани он барои кишоварзон, деҳқонон ва умуман аҳли адабу ҳунар, хурду бузург воситаи хуби хушҳолию хушнундӣ маҳсуб меёфт. То ба имрўз дар байни мардуми тоҷик нишонаҳое аз Меҳргон мавҷуд аст, ки ҳамчун суннати ниёгон дар фасли тирамоҳ нохудогоҳона чун як одати аз ниёгони хеш боқимонда иҷро мегардад. Вале мардум фаромўш кардаанд, ки ин ҳамон нишонаҳое аст аз ҷашни Меҳргон.

Дар асри нуздаҳ ва аввалҳои садаи бист дар фасли тирамоҳ, ба хусус дар моҳи октябр, натиҷаи ҷамъоварии ҳосил дар байни тоҷикони Осиёи Миёна бо шодию нишот баргузор мегардид ва ҷашнҳои бошукўҳе барпо мешуд. Тавре ки пирамардони бузургсол нақл менамоянд мардум дар гузашта пас аз ҷамъоварии ҳосил дар меҳмонхонаҳо, сайргоҳҳо, дар бозорҳо хурсандӣ мекарданд. Аз ҳосили ба даст овардаи худ ғизоҳо пухта ҳамдигарро зиёфат менамуданд, ки ин оин имрўзҳо низ ба назар мерасад.

Устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и худ таҳти унвони «Сайри Дарвешобод» ба таври муфассал яке аз ин гуна ҷашнҳоро тасвир намудааст, ки он дар фасли тирамоҳ баргузор мегашт ва ҷашни Меҳргонро ба ёд меорад. Устод Айнӣ бидуни ишорат ба Меҳргон, ба таври муфассал раванди баргузории ин ҷашнро, ки худ дар он ширкат варзидааст тасвир намуда, аз шодиҳо, бозиҳо, сурудхониҳо, шўхиҳои мардум бо самимият ёд карда, онҳоро ҳунармандона ба қалам овардааст. Аз ҷумлаи аввали устод маълум мешавад, ки ў ишора ба Меҳргон дорад, вале шояд бо таъсири мароми замон вай ошкоро номи ин ҷашнро нагирифта, васфашро ба қалам овардааст.Чуночи:

«Тирамоҳ шуд, вақти сайри Дарвешобод расид… Сайри Дарвешобод одатан ҳар ҳафта рўзи сешанбе пагоҳӣ сар шуда, рўзи чоршанбе то чоштгоҳӣ давом мекард..» (Айнӣ, Куллиёт, Д., 1962, с.121).

Аз ин гуфтаи устод Айнӣ маълум аст, ки сайри дарвешобод, яъне Меҳргон чанд ҳафта идом меёфтааст. Айнӣ чӣ гуна ба тамошои сайр рафтанаш ва дидаҳояшро ёдовар шуда, макон ва масоҳати ин ҷашнгоҳро низ шарҳ додааст:

«Мо ба сайргоҳ рафтем. Сайргоҳ дар тарафи ғарбии роҳи калоне буд, ки аз бозори гови Ғиждувон баромада ба тарфи Бухоро мерафт. Ин роҳ аз даҳанаи бозор то мадрасаи Чўбини Ғиждувон, монанди як хиёбон, васеъ ва рост мерафт. Фақат ду тарафи роҳ бедарахт буд. Дар тарафи ғарабии ин роҳ 10 гектар барин замини чоркунҷа буд, ки сайргоҳ дар он ҷо барпо шуда буд. Ин қитъа ба палҳои яктанобӣ, нимтанобии киштзор ҷудо бошад ҳам, соҳибони он замин дар аввалҳои моҳи сентябр киштҳои худро ғундошта гирифта барои сайргоҳ муҳайё карда буданд ва бо пули иҷорае, ки аз дўкондорони сайр мегирифтанд, зарари кишти барвақт ғундоштаи худро дучанд карда мебароварданд.

Ин қитъа сар то сар аз шимол ба ҷануб ба растаҳо ҷудо карда шуда буд. Дар ду тарафи он растаҳо бо бўрё ва ходачаҳо, каппамонанд дўкончаҳо сохта буданд, ки баъзеи он дўконҳо чойхона, баъзеашон ошхона, моҳипазӣ ва монанди инҳо буданд» (Айнӣ, Куллиёт, Д., 1962, с.123).

Аз ин тасвири устод Айнӣ баръало мушоҳида мешавад, ки ба ҷашни Меҳргон низ мисли Наврўз ба таври махсус ва муфассал омодагӣ мегирифтаанд. Устод Айнӣ дар ин ҳикояти саргузаштии хеш – «Сайри Дарвешобод» дар бораи яке аз сайргоҳҳои Меҳргон, ки дар манотиқи дигар низ баргузор мешудааст нақл кардааст. Ў зимни нақли худ ёдовар шуда, ки дар сайргоҳ барои мардум дилхушиҳое ба монанди сурудхонӣ, маддоҳӣ (қиссахонӣ), тарфбозӣ (як навъ бозӣ бо оташ), қартабозӣ, ғирғиракбозӣ, мушакҳои коғазӣ, хартозӣ, тагалҷангбозӣ ва амсоли ин баргузор мешудааст. Зимнан барои тафреҳи мардум анвою ақсоми ғизоҳо, ҳалвоҳо, нонҳо пешкаш гардида, дўконҳо, чойхонаҳо низ фаъол будаанд.

Пажўҳандаи фолклори тоҷик Рашид Қодиров дар китоби худ «Назаре ба фолклори тоҷикони вилояти Қашқадарё» дар бораи сайрҳо сухан ронда, аз ҷумла дар бораи «Сайри мазор» ёдовар мешавад, ки дар фасли тирамоҳ баргузор мешуд. Чунин сайру гаштҳо дар тирамоҳ, ки Меҳргонро ба ёд меорад дар Бухоро, Самарқанд, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд, Кўлоб, Ҳисор, Бойсун ва минтақаҳои дигари тоҷикнишини Осиёи Марказӣ дар охири садаи нуздаҳ ва авоили сади ХХ баргузор мешуд ва ҳоло низ нишонаҳои он аз байн нарафтааст.

Дар замони Иттиҳоди Шўравӣ, дар фасли тирамоҳ, дар байни мардум ин ҷашн баргузор мегардид. Вале сиёсатмадорони замон кўшиш намуданд, ки онро ба фоидаи сиёсати худ истифода баранд. Аз ин рў, бо номи «Иди ҳосилот» (ё «Иди ҳосил») дар фасли тирамоҳ дар деҳоту навоҳии Осиёи Миёна, ҷашне бо шодию нишот барпо мешуд ва онро бо карнай сурнай, бо рақсу бозӣ баргузор менамуданд.

Аз замонҳои бостон то имрўз дар рўзҳои ҷашни Меҳргон дастархони пурнозу неъмат мегустурданд ва аз гузаштагон бо хушҳолӣ ёд менамуданд. Дар бораи хони Меҳргон ва ороиши он дар манбаъҳо ишорат шудааст, ки такя бар он Сарвари кишвар ба таври зерин аз он ёдоварӣ намудаанд:

«Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рўи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хўрданиҳои маҳаллӣ ва бўйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад».

Мардум аз баракати додаи Худо шукрона намуда, бо хушҳолӣ ба сайру тамошо мебаромаданд, ки чунин лаҳзаҳо ҳоло ҳам дар ёди калонсолон ҳаст. Хеле хуб аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашнҳои бостонӣ ба монанди Наврўз, Меҳргон ва Сада таваҷҷуҳ намуда, барои эҳёи дубораи онҳо бо қарору фармонҳои расмии давлатӣ шароит муҳайё сохтаанд.

Инак, пас аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар фасли тирамоҳ баргузор намудани ҷашнҳои харбуза, асал ва намоишҳои дигар дастовардҳои деҳқонон барои мардум шодию сурур бахшида, зиндагиро боз ҳам рангинтар менамояд.

Дар таи чанд соли охир пас аз даҳрўзи аввали моҳи сентябр то моҳи ноябр бо супориши ҳукумати Тоҷикистон бо карнаю сурай, мусиқиву шодӣ, рақсу тарона дар тамоми деҳот, ноҳияҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистон ҷашни Меҳргон ба таври расмӣ бо шаҳомати хеле баланд барпо мегардад. Дар мактабҳо хонандагон, дар донишгоҳҳо донишҷўён тибқи намоишномаҳои махсуси театрӣ барномаҳои ҷаззоберо иҷро менамоянд.

Ҳоло, чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон ҳар сол ҷашни Меҳргон дар пайванди Истиқлолияти кишвар моҳи октиябр таҷлил мегардад. Дар тамоми бозороҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо баъзе шаҳракҳо мардум дастовардҳои кишоварзии соли равонро ба намоиш бароварда, гурўҳҳои ҳунарӣ даста-даста дар фазои озод таронасароӣ менамоянд. Барои харид фурўши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ бароварда мешавад. Бо нархи арзон мардум барои зимистони худ аз ин маҳсулот харид мекунанд. Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳо ва шаҳрҳо намоишҳои махсуси театрӣ бахшида ба Меҳргон баргузор мегардад.

Бешак, бо сайю кўшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон аз нав бо тамоми шукуҳу шаҳоматаш эҳё шуд ва дар радифи беҳтарин маросимҳои миллӣ ворид гардид. Он имкон медиҳад, ки мардум бо хушҳолию хушнудӣ ин ҷашнро таҷлил кунанд, аз ҳосили ба дастовардаашон дастархони меҳру муҳаббат боз намоянд, ҳамдигарро табрик карда, барои фаровонии дастархон, ободии кишвар, ваҳдати комил дасти дуо бардоранд ва нишоти Истиқлолиятро бо ҳам бибинанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвар ҷашни Меҳргонро мисли Наврўз ҷашн гирифта, бо Сарвари ватандўсту фарҳангпарварашон ифтихор намуда, баҳри пешрафти Ватани маҳбубамон боз ҳам бештар саъйю талош менамоянд.

Ҷашни Меҳргонро ба мардуми шарифи Тоҷикистон табрик мегўем.

Абдуҷаббор Раҳмонзода

академики Академияи илмҳои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Равшан Раҳмонӣ

профессори кафедраи назария ва

адабиёти навини форсии тоҷикии

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: