Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад

«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад

27-02-2026, 09:15
Хабарро хонданд: 19 нафар
Назарҳо: 0
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардадШанбеи чоруми моҳи апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Даври якуми фестивал дар сатҳи маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳрак то 18 март ва даври дуюм дар сатҳи ноҳия, шаҳр ва вилоят то 25 март ҷамъбаст мегардад. Комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ то 1 апрел ғолибонро дар асоси санад, протокол, навори видеоӣ, албом бо маълумотнома ба комиссияи ҷумҳуриявии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Баргузории даври сеюми фестивал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маросими мукофотондани ғолибони он 25 апрел дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Ғолибони фестивал аз рӯйи номинатсияҳои гулпарвар, гулгашт ва хиёбон, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, деҳа, маҳалла, ҷамоати деҳот, ҷамоати шаҳрак, ноҳия, шаҳр ва вилояти беҳтарин муайян карда хоҳанд шуд.

Меъёрҳои муайян намудани ғолибони Фестивали гулҳо мувофиқи нишондодҳои низомнома шумораи гулзор, аз ҷумла гули лола, интихоби композитсия ва дизайни ҷолиб, сифати корҳои иҷрошуда, симо ва сифати роҳравҳои мавҷуда, будани ҷойҳои нишаст, ҳолати ободонӣ ва нигоҳубин, таъминот бо оби полезиро дар бар мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали «Сайри гули лола» аз соли 2019 инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, отифанигорӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебоишиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ, сатҳи маърифати экологии сокинон ва тозагии муҳити зист баргузор мегардад.

Дар минтақаҳои кӯҳие, ки бо сабаби номусоид будани ҳаво гулшинонӣ аз моҳи май шуруъ мешавад, фестивал дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: