Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҷамшеди рӯзгори мо

Ҷамшеди рӯзгори мо

13-07-2016, 17:30
Хабарро хонданд: 469 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамшеди рӯзгори моҲар миллат ва кишваре пешинаи фарҳангӣ ва таърихи хоси худро дорад, ки аз устура оғоз мешавад ва ба таърих мерасад. Миллат ва мардуми Тоҷикистон низ яке аз миллатҳое аст, ки бархурдор аз пешинаи фарҳангӣ ва таърихи куҳан аст. Ин пешинаи фарҳангӣ ва таърихӣ ба чанд ҳазор сол пеш аз мелод мерасад. Мардуми Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон пешинаи муштараки фарҳангӣ ва таърихӣ доранд. Санади ин пешинаи муштараки фарҳангӣ ва хостгоҳи таърихии мо китоби «Авесто» аст, ки саройиши он ба ҳазораи дувуми пеш аз мелод мерасад. Табиӣ аст, ки ҳар мардум ва қавме дар дарозои таърих дучори ҷудоӣ мешаванд. Мо низ бино ба даргириҳо ва рӯйдодҳои таърих, дучори ҷудоии ҷуғрофияи сиёсӣ шудаем. Аммо хушбахтона ин саодатро доштаем, ки аз назари фарҳангӣ ҳанӯз, фарҳангу забони муштарак дошта бошем, ки нишонаҳои муштараки фарҳанги мо ҷашнҳои бостонии мо, ба вижа ҷашни Наврӯз ва забони муштараки мо дар минтақа, забони тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ аст. Ба таъбири Якобсон мардумони Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон ҳалқи фарҳангӣ ҳастанд. Халқи фарҳангӣ фаротар аз ҷуғрофияи сиёсӣ ба ҷуғрофияи калони фарҳангӣ тааллуқ мегирад, ки ин ҷуғрофияи калон фарҳанги мо «Эрони фарҳангӣ» аст. Манзур аз «Эрон» ҷуғрофияи сиёсии Эрони имрӯз нест, балки манзур аз Эрон фарҳангӣ, ҳавзаи калони фарҳангӣ аст, ки дар «Авесто», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва ғайра аз он сухан рафтааст. Бинобар ин, мо бояд ин ҷуғрофияи фарҳангии хешро пос бидорем. Аммо ин ҷуғрофияи фарҳангиро чи гуна метавонем пос бидорем? Тавассути шахсиятҳои фарҳангӣ ва сиёсие, ки мутааллиқ ба ин фарҳанг нест, наметавон аз ин фарҳанг посдорӣ кард. Бинобар ин ҳар фарҳангро бо нишонаҳои фарҳанги худаш ва тавассути шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ ва мардум мутааллиқ ба ҳамон фарҳанг бояд пос дошт. Мушаххас бояд кунем, ки нишонаҳои фарҳанги мо кадом аст ва ҳавзаи фарҳанги мо аз куҷо то ба куҷо аст, киҳо ва чӣ касоне ин фарҳангро пос доштаанд ва дар рӯзгори мо кист, ки ин фарҳангро пос медорад?

Нишонаҳои фарҳанги мо ҷашни Наврӯз, ҷашни меҳргон ва ғайра анъана ва расму ривоҷҳои маҳаллӣ аст. Ҳавза ва ҷуғрофияи фарҳанги мо ҳавза ва ҷуғрофияи корбурд ва ривоҷи забони тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ аст. Бинобар ин, нишонаҳои фарҳангие, ки мутааллиқ ба ҷуғрофияи фарҳанги забони тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ аст ва аз назари асотирӣ ва таъ¬рихӣ исбот шудааст, ки мутааллиқ ба ҷуғрофияи фарҳанги мо аст. Бо арҷгузорӣ, тавсеа ва густариши ин нишонаҳои фарҳангӣ метавонем фарҳанги хешро пос бидорем ва ҳуввияти фарҳангии хешро ба ҷаҳониён нишон бидиҳем, ки мо кистем ва аз куҷо то куҷо омадаем ва дар рӯзгори муосир аз чи ҷойгоҳи фарҳангӣ бархӯрдор ҳастем. Пас аз ташхиси ин ки нишонаҳои фарҳанги мо кадомҳо ҳастанд, забони мо кадом забон аст ва ҳавзаи ҷуғрофиёи фарҳанги мо аз куҷо то куҷо аст, ниёз ба шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ дорем, ки огоҳӣ, доноӣ ва иродаи фарҳангӣ барои арҷгузорӣ ва ҳимоят аз ин фарҳангро дошта бошанд. Агар чунин шахсиятҳоеро надошта бошем, наметавонем аз фарҳанги хеш ҳимоят кунем ва фарҳанги хешро ба ҷаҳон бишносонем. Эй басо афрод ва ашхосе ҳастанд, ки аз назари таборӣ мутааллиқ ба забон ва фарҳанги мо ҳастанд, аммо аз назари алоқаи фарҳангӣ, чокар ва ғуломи фарҳанги бегонагон ҳастанд ва мехоҳанд фарҳанги бегонагонро бар мардум мусаллат бисозанд ва фарҳанги асил, асотирӣ ва таърихии мардуми моро нобуд кунанд. Таърихи мо аз ин гуна афрод ва ашхос зиёд доштааст ва ҳанӯз низ дорад. Мо бояд нисбат ба чунин ашхос ва афроди бегонапарвар, ҳассос ва ҷиддӣ бошем ва нагузорем дасти онҳо бар мо ва бар ҳавзаи фарҳангии мо дароз шавад.

Дар ҳавзаи фарҳангии муосири мо дар байн шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ танҳо касе, ки аз рӯйи огоҳӣ, доноӣ ва иродаи фарҳангӣ аз нишонаҳои фарҳангӣ, ҷашнҳои бостонӣ ва ҳувияти фарҳангии мо арҷгузорӣ ва ҳимоят мекунад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон ва Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» аст.

Хушбахтона, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон бо иродаи фарҳангӣ ва огоҳии фарҳангӣ аз ҷашни Наврӯз ва ҳувияти фарҳангии тоҷикон ва ҳавзаи фарҳанги мо посдорӣ ва дифоъ мекунад, ки ин иродаи ӯ барои ҳамаи мо муҳим ва аз назари аҳамияти фарҳангӣ ва ҳувияти фарҳангӣ сарнавиштсоз аст. Зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон, вазифаи фарҳанги моро низ анҷом медиҳанд. Ин масъулияти башарӣ ва фарҳангии мо низ ҳаст, ки аз ҷашнҳои фарҳангӣ ва фарҳанги хеш посдорӣ ва ҳимоят кунем, аммо бино ба ногузириҳои сиёсӣ ва таассубот наметавонем аз ҷашнҳои фарҳангии хеш он чунонки лозим аст, посдорӣ кунем. Хушбахтем, ки шахсияти сиёсии фарҳангӣ дар ҳавза ва ҷуғрофияи фарҳанги хеш дорем, ки бо ирода ва доноии фарҳангӣ аз фарҳанги хеш (ки фарҳанги ҳамаи мо аст) ҳимоят ва посдорӣ мекунад. Ин шахсият дар рӯзгори мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳур ва Раҳбари тоҷикони ҷаҳон аст.

Чаро номи ин мақоларо «Ҷамшеди рӯзгори мо» гузоштаам. Ба ин далел, ки дар ривояти ҳамосии мо ҷашни Наврӯз бо Ҷамшед ва подшоҳии Ҷамшед муносибат дорад, яъне, ки тахтнишинии Ҷамшед ва Наврӯз бо ҳам мусодиф будааст. Бино ба ин ду рӯйдоди нек Наврӯз ва ҷашни Наврӯз хуҷастагӣ ва шукуҳаш бештар мешавад.

Агар дар ривояти асотирӣ ҷашни Наврӯз бо Ҷамшед ва подшоҳии Ҷамшед муносибат дорад, дар рӯзгори муосир ва асри ҳозир Наврӯз ва ҷашни Наврӯз бо номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибат дорад. Барои ин ки ин ҷашн бино ба таассубҳо, бегонапарвариҳо, худошиносиҳо, ривоҷ ва ғалабаи фарҳанги бегонагон ва ғайра дар ҳоли фаромӯшӣ буд. Ҳатто он дар басо ҷойҳо фаромӯш шудааст. Ин кӯшиш ва талоши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хос ва дигар ҳамзабонон ва ҳамфарҳангон дар сатҳи ҷаҳонӣ буд, ки ҷашни Наврӯзро аз фаромӯшӣ наҷот дод ва ба унвони як ҷашни байналмилалӣ матраҳ кард.

Бино ба ин талош ва кӯшишҳои фарҳангии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки эшон фаротар аз як шахсияти сиёсӣ ва Раиси Ҷумҳур ва Раҳбари як кишвар ба унвони як шахсияти фарҳангӣ дар сатҳи минтақа, дар байни форсизабонон ва тоҷикони ҷаҳон матраҳ шудааст. Аз назари фарҳанги сиёсӣ дуруст аст, ки ҳар шаҳрванди хориҷӣ бояд ба раҳбарон ва Раиси Ҷумҳури кишварҳои ҷаҳон эҳтиром бигузорад. Аз ин назар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раҳбар ва Раиси Ҷумҳури кишвари Тоҷикистон қобили эҳтиром аст. Аммо он чи эҳтиром ва аҳамияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ман бештар кард, шахсияти фарҳангии эшон буд. Ман ба унвони як шаҳрванди кишвари Афғонистон, ҷудо аз мавқеият ва мақоми сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эшонро ба унвони як шахсияти фарҳангӣ дар ҷуғрофияи фарҳангии хеш эҳтиром дорам ва эшонро символи барҷастаи фарҳанги рӯзгори хеш медонам. Барои ин ки эшон посдор ва шиносонандаи фарҳанги муштараки ҳамаи мо аст. Ҷашни Наврӯз, ки яке аз ҳувиятҳои муштараки фарҳангии мо аст, дар кишварҳои минтақа, теъдоде аз рӯйи нодонӣ ва таассуб бо ин ҷашн душманӣ меварзанд. Ин душманӣ бо ҷашни Наврӯз аз имрӯз не, балки аз солҳо аст, ки нисбат ба ин ҷашн ва рӯйдоди фарҳангии хуҷаста, мутаассибон ва ҷоҳилон душманӣ варзидаанд. Ҳатто таассуб нисбат ба ин ҷашн дар ҳадде будааст, ки дар замони подшоҳии Султон Маҳмуд шоири дарбораш Унсурӣ ба ӯ мегӯяд:

«Ту марди динӣ ва ин расм, расми габрон аст,
Раво надорӣ ба расми габракон рафтан.
Ҷаҳониён ба русуми ту таҳният мегӯянд,
Туро ба расми Каён таҳният нагӯям ман,
На оташ аст, балки оташ оташи туст.
Ки як забона ба тозӣ занад яке ба Хутан».

Бо васфи ҳамаи таассубҳо, ки нисбат ба ин ҷашни фарҳангӣ вуҷуд дошт ва дорад, аммо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшиш ва иродаи фарҳангии хеш ва миллати фарҳангпарвари Тоҷикистон тавонист аз ин ҷашн бардошти муосир ва навин дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ироа кунад.

Наврӯз дар орои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар ҷашн ва рӯйдоди фарҳангӣ дар ҳар асру замон, маъно, мафҳум ва коркарди хосе дорад. Агар таҳаввулоти иҷтимоӣ ва ниёзмандиҳои равонии ҷомеа тағйир накунад, он ҷашн ва рӯйдоди фарҳангӣ наметавонад давом биоварад. Бинобар ин таҳаввул ва тағйири ҷашнҳо ва рӯйдодҳои фарҳангӣ бинобар ниёзмандиҳои замон ва ҷомеа, иртибот мегирад ба бархӯрди чигунагии фаҳми шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ аз як ҷашну рӯйдод. Агар шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ як ҷашн ва рӯйдоди фарҳангиро бад тавҷеҳ кунанд, метавонад бад ҷилва кунад, агар хуб ва бино ба муносиботи муосири башарӣ тавҷеҳ ва таъ¬вил кунад, метавонад хуб ва созгор бо руҳия ва бардошти ҷомеа ҷилва кунад ва барои хушии ҷомеа ва афрод муфид бошад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони як шахсияти сиёсӣ ва фарҳангӣ ҷашни Наврӯзро ҳамчун унвони як рӯйдоди фарҳангии хубу созгор бо ҳувияти миллии тоҷикон ва форсизабонон дар рӯзгори муосир тавҷеҳ карда ва кӯшидааст, ки фаҳми навин ва муосир аз ҷашни Наврӯз дар минтақа ва ҷаҳон ироа кунад, ки ин фаҳми навин ва муосир аз ҷаш¬ни Наврӯз ҳам барои тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ва ҳам барои ҷаҳониён паёми зиндагибахш ва сулҳомез дошта бошад. Бинобар ин метавонем бино ба ин фаҳми навину муосир, ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аз ҷашни Наврӯз дар рӯзгори мо ироа кардааст, эшонро эҳёгари ҷашни Наврӯз ва ҷашнҳои миллӣ ва фарҳангии хеш дар ҳазораи севум бидонем ва бигӯем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-Ҷамшеди рӯзгор мост, зеро чунон ки Наврӯз дар рӯзгори асотирӣ бо номи Ҷамшед муносибат дорад. Дар рӯзгори мо ва дар ҳазораи сеюм, ҷашни Наврӯз бо иродаи фарҳангии ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон фаҳми навин, муосир ва ривоҷи тоза пайдо мекунад.

То ҷое, ки ман имсол суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Наврӯзгоҳ дар бораи ҷашни Наврӯз шунидам ва ду суханронии Ҷаноби Олиро дар шумораҳои 22 ва 23-и маҷаллаи «Пайванд» хондам, мутаваҷҷеҳ шудам, ки аз чанд нигоҳ эшон ба ҷашни Наврӯз аҳамияти башарии муосир бахшидааст:

1. Ҷашни Наврӯз ба унвони ҳувияти фарҳангӣ ва ҳамгароии тоҷикон ва форсизабонон ҷаҳон
Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзро ба унвони ҳувияти фарҳангӣ ва ҳамгароии тоҷикон ва форсизабонон ҷаҳон маънидод намуда, таъкид мекунад: «Дар иртибот ба ин мехоҳам таъкид намоям, ки иморати хештанши¬но¬сии тоҷикон дорои ду шаҳсутун аст, ки яке забони модарӣ ва дигаре ҷашни Наврӯз мебошад» (Эмомалӣ Раҳмон, Дар бораи Наврӯз, шумораи 23, маҷаллаи «Пайванд», с. 12). Ин таъкид, ки иморати хештаншиносии тоҷикон дорои ду шаҳсутун аст, аз назари ҳувият ва фарҳанг таъкиди бисёр маънодор аст, зеро ҳар ҷомеа ва миллате бо фарҳанги хоси хеш ва ҳувият вуҷуд дорад, агар фарҳанги хоси худашро аз даст бидиҳад ва фарҳанги бегонагон ва дигаронро бипазирад, дигар ҳувият ва вуҷуди фарҳангӣ нахоҳад дошт. Унсури фарҳанги ҳар миллат, забони хоса ва ҷашну анъанаҳои хоси ҳамон миллат аст. Бинобар ин ҳувияти фарҳан¬гии миллати тоҷик, забони модарӣ ва ҷашнҳои миллӣ ва мардумиаш аст. Агар забони модарӣ ва ҷашнҳои миллишон набошад ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз забони модарӣ ва ҷашнҳои мардуми тоҷик ҳимоят накунад, чи гуна метавон аз ҳувияти хоса ва миллии мардуми тоҷик чи дар Тоҷикистон ва чи дар саросари ҷаҳон сухан гуфт. Бардошти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷашнҳои фарҳангӣ хеле дақиқ ва илмӣ ва ҳамзамон хеле инсоншиносона ва башарӣ низ ҳаст. Ҷашнҳои фарҳангӣ аз муҳтаво ва жарфи сохти асотирӣ ва таърихӣ бархӯрдор аст, ки чигунагии ҷаҳоннигарии як ҷомеа ва миллатро аз рӯзгори асотирӣ то рӯзгори таърихӣ нишон медиҳад ва баён мекунад. Бинобар ин дақиқ аст, ки ҷашни Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллӣ ва забону адабиёти тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ (забони модарӣ), сурати тафаккур ва ҷаҳоннигарии мардуми тоҷик ва ҳамаи порсизабонони ҷаҳонро нисбат ба ҷаҳон, зиндагӣ, зебоӣ, табиат ва ғайра нишон медиҳад ва баён мекунад. Бино ба ҳамин бардошти дақиқ ва инсоншиносона аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни Наврӯз чунин ибрози назар мекунад:

«Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзуву ормон, расму оин, ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии миллатамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангӣ ва миллии моро дар таркиби худ ҳифз кардааст» (Эмомалӣ Раҳмон, Дар бораи Наврӯз, шумораи 23, маҷаллаи «Пайванд». с. 9). Дарки ҷиддӣ гирифтан ва донистани аҳамияти ин сухан на танҳо барои тоҷикон, балки барои ҳамаи форсизабонони ҷаҳон муҳим аст ва ин «ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии миллатамон» гуфтани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавонем ба ҷуғрофиёи фарҳангӣ ва ҳавзаи тамаддуни мо нисбат бидиҳем, ки унсури фарҳангӣ ва тамаддунии он ҷашни Наврӯз ва ҷашнҳои дигари миллӣ ва забони тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ аст. Бинобар ин, ҷашни Наврӯз ва забони модарӣ дар суханони Раиси Ҷумҳур ва Раҳбари Тоҷикистон ба унвони ҳувияти миллӣ ва санади ҳамгироии миллии мардуми Тоҷикистон матраҳ аст, ки дар ҷуғрофиёи сиёсии Тоҷикистон ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистонро ҳифз мекунад ва дар сатҳи ҷаҳон заминаи шинохт ва ваҳдати саросарии тоҷикон ва форсизабононро фароҳам мекунад.

Мо тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон агар худро як халқ ва як миллати фарҳангӣ ба шумор меоварем ва ҳамдигарро мешиносем, забони муш¬тарак ва нишонаҳои фарҳанги муштараки мо аст, ки забони муштараки мо забони тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ ва нишонаҳои фарҳангии мо яке аз нишонаҳои муҳими он ҷашни Наврӯз аст. Агар забони муштарак ва нишонаҳои фарҳанги муштарак надошта бошем, наметавонем аз як халқу миллати фарҳангӣ дар саросари ҷаҳон сухан бигӯем. Ин забону фарҳанги муштараки мо аст, ки аз мо ба унвони як халқ ва миллати фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳон ва барои ҷаҳониён шинохт ироа мекунад. Бинобар ин, чунон ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон бо ирода, доноӣ ва ого-ҳии фарҳангӣ аз забон ва нишонаҳои фарҳанги муштараки ҳамаи мо ҳимоят мекунад, мо низ дар канори Ҷаноби Олӣ бошем ва ба ин иродаи фарҳангӣ ва башарии эшон арҷ бигузорем ва бидонем, ки паёми фарҳангӣ ва башарии забону адабиёт ва ҷашнҳои мо, бахусус ҷашни Наврӯзи мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон паёми му¬до¬ро, таҳаммул ва ҳамгироӣ аст:

«Дар баробари ин, ба муқобили ифротгароӣ, хурофоту ақида ва андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд.

Мо бояд оини мадоро ва таҳаммулгароиро, ки дар фарҳангу мафкураи халқамон асрҳо боз идома меёбад, риоят намоем» (Эмомалӣ Раҳмон, Суханронӣ, шумораи 22, маҷаллаи «Пайванд». с. 12».

2. Ҷашни Наврӯз ба унвони нишонаи фарҳангӣ барои эҳтиром ба муҳити зист, эҳтиром ба табиат, эҳтиром ба зиндагӣ ва таваҷҷуҳ ба кишту кор
Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, ҷашни Наврӯзро эҳтиром ба табиат, замин ва оини кишоварзӣ медонад:

«Наврӯз, баёнгари рӯзи тоза, зиндагии навин ва эҳёи табиат баъд аз сардии замистон мебошад. Наврӯз ба ҷуз ин, ки баёнгари рӯзи тоза мебошад, ифодаи паёми суруровар аз рӯҳи тоза, нафаси гарми табиат, эҳёи эҳсоси ишқу муҳаббат ба зиндагӣ аст» (Эмомалӣ Раҳмон, Дар бораи Наврӯз, шумораи 23, маҷаллаи «Пайванд». с. 10). Дар рӯзгори муосир, бештарин истифода аз табиат сурат мегирад ва табиат нобуд мешавад, вале бо таассуф камтарин таваҷҷуҳ ва эҳтиром ба табиат ва замин сурат мегирад. Ин таваҷҷуҳ накардан ба табиату замин боис мешавад то вазъияти муҳити зист ҳар рӯз номуносибтар ва бадтар шавад. Бинобар ин таваҷҷуҳ ба ҷашни Наврӯз моро мутаваҷҷеҳи табиат ва замин месозад. Замине, ки мо дар он зиндагӣ мекунем ва аз он истифода мекунем, аммо қадри онро намедонем. Ҷашни Наврӯз ва фарҳанги баргузории ҷашни Наврӯз моро фаро мехонад, ки ба замин, ба маҳалли зиндагии худ ва ба ҷаҳон эҳтиром бигузорем, зеро замин хонаи ҳамаи мо ва хонаи наслҳое, ки дар оянда меоянд, мебошад. Ин ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзро «эҳёи эҳсоси ишқу муҳаббат ба зин¬дагӣ» медонад ба ин маъно ишора дорад, ки бо беэҳтиромӣ ва таваҷҷуҳ накардан ба табиат наметавон зиндагии саршор аз ишқу муҳаббат дошт. Пас бояд «Паёми суруровар»-и ҷашни Наврӯзро дарк кард, ки дарки он эҳсо¬си ишқу муҳаббат ба табиат ва зиндагӣ аст. Эҳсоси ишқу муҳаббат ба табиату зиндагӣ боис мешавад то мутаваҷҷеҳи муҳити зисти худ ва ҷаҳон шавем. Бинобар ин, ҷашни Наврӯз дар афкори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни муҳити зист низ ҳаст. Аз ин нигоҳ ҷашни Наврӯз паёми муҳим ва ҷиддии муҳити зист барои башар низ мебошад.

Бинобар санъатӣ ва мошинӣ шудани зиндагӣ инсон ҷанбаи муҳим ва халлоқи табиат ва заминро фаромӯш кардааст, ки ин ҷанбаи халлоқ ва муҳими табиат ва замин, робитаи инсон бо замин ва табиат аз тариқи кишоварзӣ ва кор аст. Аз ҳазорон сол ба ин сӯ, инсон дар оғӯши замин парварда шудааст ва фарҳанги кишоварзӣ, робитаашро бо замин ва табиат мустақим нигоҳ доштааст. Аммо дар рӯзгори муосир ин робитаи мустақими инсон бо табиат ва замин дучори фаромӯшӣ шудааст. Бинобар ин, ҷашни Наврӯз ва таваҷҷуҳ ба ҷашни Наврӯз аст, ки бо сабз шудани ҷаҳон ва рӯидани гиёҳу дона, моро мутаваҷҷеҳи замин ва табиат мекунад. Пас, ҷашни Наврӯз, ҷашни кишоварзӣ ва аҳамият додани фарҳанги кишоварзӣ ва робита барқарор кардан байни инсон ва замин низ мебошад. Чунонки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ишора мекунад:

«Яке аз маросимҳои муҳими соли нави миллии мо аз қадим то имрӯз ин аст, ки бобои деҳқон заминро шудгор карда, бо ният ва ор¬зуҳои нек донаи гандум кишт мекунад, то барои ҳосили фаровон ва баракати сол замина бигузорад» (Эмомалӣ Раҳмон, Дар бораи Наврӯз, шумораи 23, маҷаллаи «Пайванд». с.9).

3. Ҷашни Наврӯз, паёми сулҳи саросарӣ ва ҳамзистии ҷаҳонӣ аз фарҳанги ориёӣ ба кишварҳо ва миллатҳои ҷаҳон
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар зидди хушунат, ифрот, таас¬суб ва нобурдбориҳо дар сатҳи ҷаҳон садо баланд карда, паёми ҷашни Наврӯзро ба унвони сулҳи саросарӣ ва ҳамзистии ҷаҳонӣ дар байни миллатҳо ва кишварҳо матраҳ мекунад. Инчунин ҷаҳонӣ матраҳ кардани паёми ҷашни Наврӯз то ҳанӯз собиқа надоштааст. Дар суханрониҳои муҳ¬тарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҷашни Наврӯз паёмовари фарҳанги таҳаммулпазирӣ, бурдборӣ, сулҳи саросарӣ ва ҳамзистии мусоламатомез дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ мешавад:

«Наврӯз барои кулли кишварҳои минтақа ва ҷаҳон чун мунодии сулҳ ва оромӣ, пиндор, гуфтор ва кирдори нек, дӯстӣ ва ҳамкории халқҳо хидмат намуда, ҳамзамон бо ин ҳамаи моро сӯи рӯзгори ором ва бехушунат ва талош ба хотири зиндагии осуда раҳнамоӣ мекунад» (Эмо-малӣ Раҳмон, Дар бораи Наврӯз, шумораи 23, маҷаллаи «Пайванд» с.12).

Дар ҷашни Наврӯз чӣ аҳамияти башарӣ нуҳуфтааст, ки ҷашни Наврӯз битавонад паёми сулҳи саросарӣ ва ҳамзистии мусоламатомез дар сатҳи ҷаҳон барои миллатҳо дошта бошад? Маълум аст, ки ҷашни Наврӯз ҷашни замин, табиат ва зоишу рӯиш аст. Бинобар ин, тавре ки замин ва табиат хонаи ҳамаи мо аст, ҷашни Наврӯзро низ метавонанд ҳамаи миллатҳо барои зиндагӣ ва замин арҷ бигузоранд. Муҳимтар аз ҳама ин ки ҷашни Наврӯз дар рӯзгори мо мутааллиқ ба ҳеҷ дину оини хос нест, балки ҷашни Наврӯз ҷашни мутааллиқ ба табиат ва башар аст. Аз ин нигоҳ метавонад нуқтаи васли байни башар ва табиат ва байни ҳамаи инсонҳо ва миллатҳо бошад. Бинобар ин дарку аҳамияти башарии ҷашни Наврӯз аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзро «барномаи дӯстӣ ва баҳамоии мардумони ҷаҳон барои ҳалли масоили мубрам ва доғи сайёраи мо» матраҳ мекунад ва башариятро фаро мехонад то аҳамияти башарӣ ва ҷаҳонии ҷашни Наврӯзро дарк кунанд:

«Фарҳанги Наврӯз дар назди башарият масъулиятҳои ҷиддиро барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гузоштааст. Мо ва шумо ҳамчун меросбарони ин фарҳанги бузург бояд дар амалӣ сохтани орзу ва омоли Наврӯзӣ ибтикороти созанда нишон диҳем.

Наврӯз метавонад ва бояд ба ҳайси маҷмуи таълимоти нави сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ, беш аз ҳама чун барномаи дӯстӣ ва баҳамоии мардумони ҷаҳон барои ҳалли масоили мубрам ва доғи сайёраи мо истифода шавад» (Эмомалӣ Раҳмон, Дар бораи Наврӯз, шумораи 23, маҷаллаи «Пайванд». с.13).

Давлати кунунии Тоҷикистон меросдори давлати Сомониён
Ҳавзаи тамаддуни забон ва адабиёти тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ пас аз ислом дар қаламрави Сомониён шакл мегирад. Сомониён аз табори муътабар ва асили ориёӣ ва форсизабони Осиёи Миёна буданд, ки пас аз Саффориён ба қудрат расиданд. Сомониён бино ба асолати фарҳангӣ ва шинохти фарҳангие, ки аз забон ва фарҳанги хеш доштанд ба ҳимояти забони тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ ва фарҳанги миллӣ ва бумии ориёиҳо пардохтанд. Падари шеъри тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ - Рӯдакӣ дар дарбори Сомониён ба шуҳрат расид. Ибни Сино файласуф ва мутакаллим дар китобхонаи Сомониён ба андеша ва мутолиа пардохт. Дақиқии Балхӣ саройиши «Шоҳнома»-ашро ба ҳидоят ва ҳимояти шоҳи Сомонӣ оғоз кард, ки бинобар даргузашти нобаҳангоми Дақиқӣ са¬ройиши «Шоҳнома»-аш нотамом монд. Фирдавсӣ дар идомаи кори Да¬қиқӣ ба саройиши «Шоҳнома»-аш пардохт.

Рӯҳияи миллигароӣ дар рӯзгори Сомониён бинобар ҳимояти фарҳангии Сомониён шакл гирифт. Шаклгирии рӯҳияи миллигароӣ ниёзманди барҷастасозии ривоятҳои миллигароёна ва фарҳангӣ буд. Сомониён аз ривоятҳои миллӣ ҳимоят карданд, ки дар натиҷа рӯҳияи ҳамосасароӣ ҷон гирифт ва ба вуҷуд омад. Зеро бидуни ҳимояти ривоятҳои миллӣ ва ҳамосаи миллӣ, забону адабиёти тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ намешуд. Сомониён барои ҳувияти миллӣ ва ривоятҳои миллӣ, забони тоҷикӣ-форсӣ-дариро тақвият карданд. Бинобар ин, забони миллии мо ва ривояти миллии мо (ҳамосаи миллии «Шоҳнома») дар рӯзгори Сомониён ва бинобар ҳимояти Сомониён шакл гирифт. Агар давлати Сомониён рӯи кор намеомад, мо имрӯз шояд аз назари фарҳанги миллӣ ва забони миллӣ, ривоятҳои ҳамосиро бо ин густурдагӣ намедоштем. Зеро ҳавзаи тамаддунӣ ва фарҳангии мо, ки имрӯз аз он ба унвони ҷуғрофиёи фарҳангӣ ё Эрони фарҳангӣ ёд мекунем, дар рӯзгори баъд аз ислом бино ба ҳимоят ва иродаи фарҳангии Сомониён шакл гирифт ва рӯйи кор омад.

Бархеҳо «Шоҳнома»-и Фирдавсиро аз ҷумлаи адабиёти ҳамосии давраи Ғазнавиён медонанд, дар ҳоле ки дуруст нест. Фирдавсӣ саройиши «Шоҳнома»-ро пас аз даргузашти Дақиқӣ дар рӯзгори Сомониён оғоз кард, ки таҳия ва сароишаш то рӯзгори Ғазнавиён идома ёфт. Бинобар ин «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ шомили адабиёти рӯзгори Сомониён аст. Ин Сомониён буданд, ки аз ривоятҳои миллӣ ва ҳамосаҳои миллӣ ҳимоят карданд ва бо ҳимояти Сомониён руҳияи ҳамосасароӣ дар адабиёти тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ ривоҷу равнақ гирифт. Ғазнавиён, ки аз ҷумлаи ғуломон ва сарбозони Сомониён буданд, дар заминаи фарҳангӣ ва адабӣ аз Сомониён таъсир пазируфта буданд. Аммо Султон Маҳмуд бо ба қудрат расидан сиёсатгузории фарҳангиашро тағйир дод ва ба ҷойи ин ки монанди Сомониён аз ривоятҳои миллӣ ва ҳамосӣ ҳимоят кунад, аз ривоятҳои мазҳабӣ ҳимоят кард. Зеро Султон Маҳмуди Ғазнавӣ турк буд ва алоқамандие ба ривоятҳои миллӣ ва ҳамосии форсизабонон ва ориёиҳо надошт. Бинобар ин, барои қонунӣ нишон додани салтанаташ аз ривоятҳои мазҳабии ифротгароёна истифода кард. Дар рӯзгори Ғазнавиён рӯҳияи ривоятҳои миллӣ ва ҳамосӣ коҳиш ёфт. Зеро Ғазнавиён аз ривоятҳои миллӣ ва ҳамосӣ ҳимоят накарданд, ки шоҳиди ин ҳимоят накарданашон «қадрношиносӣ» аз Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯст.

Сомониён ва рӯзгори Сомониён барои ҳавзаи тамаддун ва фарҳангии мо аҳамияти мабно ва хостгоҳро дорад. Бинобар ин лозим аст то дар чигунагии шаклгирии ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунии хеш, аҳамияту мақом ва ҷойгоҳи Сомониёнро бишносем ва Сомониёну сиёсатгузории фарҳангии онҳоро улгуи фарҳангии хеш қарор бидиҳем.

Хушбахтона, дар чанд рӯзе, ки дар Душанбе ва ҷойҳои дигари Тоҷикистон будам, дарёфтам, ки давлати Тоҷикистон ва Ҷаноби Эмо-малӣ Раҳмон, Раҳбар ва Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон аз Сомониён ва сиёсатгузории фарҳанги Сомониён дарки дурусти фарҳангӣ ва таърихӣ дорад. Шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон аз назари фарҳангӣ тавре ороста шудааст, ки мероси фарҳангии Сомониёнро инсон бо дилу ҷон эҳсос ва дарк мекунад. Аз ин нигоҳ ҳавзаи тамаддунӣ ва фарҳангии мо бояд аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз миллати фарҳангӣ ва озодаи Тоҷикистон сипосгузор бошад. Зеро аз назари ҳувияти фарҳангӣ ва миллӣ, Сомониён ва мероси фарҳангии Сомониён танҳо ба кишвари Тоҷикистон тааллуқ намегирад, балки мутааллиқ ба кулли ҷуғрофиёи фарҳангӣ ва ҳавзаи тамаддунии мо аст. Ин ки мо афғонистониҳо ва эрониҳо натавонистаем мероси фарҳангии рӯзгори Сомониёнро ончунон, ки боиста ва шоистааст муаррифӣ кунем, хушбахтона Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ва миллати Тоҷикистон ба хубӣ тавонистааст, ки мероси фарҳангии Сомониён ва рӯзгори Сомониёнро ҳифз кунад, муаррифӣ намояд ва ба ҷаҳониён бишносонад. Бинобар ин, давлати Тоҷикистон танҳо меросдори воқеии Сомониён дар ҳавзаи тамаддунӣ ва фарҳангии мо дар минтақа аст.

«Наврӯзгоҳ» ва бозтоби намодини ҷуғрофияи Эрони фарҳангӣ
Бо васфе, ки шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон ба далели доштани ҳайкалҳо ва тандисҳои шоҳони Сомонӣ, бузургони шеъру адаб ва донишмандони таърихи адабиёти тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ ва адабиёти муосири тоҷик, на танҳо намоди фарҳангии Тоҷикистони муосир, балки намоди фарҳанги таърихии ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунии ҷуғрофиёи фарҳанги забон ва адабиёти тоҷикӣ-форсӣ-дариро муаррифӣ кардааст ва фазосозии фарҳангӣ низ кардааст. Аммо «Наврӯзгоҳ», ки як порк ва маҳалли хоса барои баргузории Ҷашни Наврӯз сохта шудааст, аз назари фарҳанги асотирӣ ва таърихии ҳавзаи тамаддунии мо (Эрони фарҳангӣ) хеле муҳим ва бо аҳамият аст ва бисёр бо диққати фарҳангӣ ва ҳунарӣ сохта шудааст. «Наврӯзгоҳ» фақат як порк не, балки як фазои намодин аст, ки ба сурати намодин ривояти ҳавзаи тамаддунии моро аз даврони асотир то даврони таърихӣ дар пеш аз ислом ва баъд аз ислом аз назари фарҳангӣ ва ҳунари бозсозӣ ва фазо-созӣ кардааст. Албатта, бинобар ҷашни Наврӯз ва таҷаммуи мардум дар Наврӯзгоҳ натавонистам ба сурати ҷузъӣ ва дақиқ нишонаҳои фарҳангии Наврӯзгоҳро бубинам, аммо дар нигоҳи куллӣ ва гузоро, ки ба «Наврӯзгоҳ» доштам донистам, ки ин макон аз назари фарҳангӣ нишонаҳои кулли ҷуғрофиёи фарҳангии мо ва ҷуғрофиёи Эрони фарҳангиро бозсозӣ кардааст. Сохтмонҳое, ки дар «Наврӯзгоҳ» сохта шудааст низ аз назари санъату фарҳанг намодин аст ва нишонаҳои фарҳанги ҷуғрофиёи таърихии моро муаррифӣ ва нишон медиҳад. Умед дорам фурсате пеш биёяд ва битавонам бештар ва бо диққат Наврӯзгоҳро бо ҷузиёташ тавсиф кунам. Зарофат ва резакориҳое, ки дар кохҳои «Наврӯзгоҳ» ва дар кулл фазои «Наврӯзгоҳ» сохта шудааст, ниёз ба таваҷҷуҳи дақиқ дорад, ки дар нигоҳи гузаро наметавон ба зарофат ва резакориҳои ҳунарӣ ва намодини он пай бурд. Ин ки ман мегӯям «Наврӯзгоҳ» аз назари фарҳангӣ бозтоб ва бозсозии ҷуғрофиёи ҳавзаи фарҳангӣ ва ҷуғрофияи Эрони фарҳангӣ аст, ба ин далел аст, ки дар «Наврӯзгоҳ» мо мебинем тахти Ҷамшед низ бозсозӣ шудааст. Ҳангоме ки инсон дар «Наврӯзгоҳ» қадам мезанад кулли устура ва таърихи фарҳангӣ ва ривояти ҷуғрофиёи фарҳангии хешро эҳсос мекунад ва ба инсон тасаввури шукӯҳу шодмонӣ даст медиҳад.

Ҷашни Наврӯз дар «Наврӯзгоҳ» бисёр намодин баргузор мешавад. Ман ҳаргиз чунин баргузории намодин аз ҷашни Наврӯзро надида будам, на дар Эрон ва на дар Афғонистон. Ҷашни Наврӯз дар «Наврӯзгоҳ» чунон баргузор мешавад, ки бинанда аз назари фарҳангӣ ривояти баргузории ҷашни Наврӯзро дар тӯли таърих эҳсос мекунад. Ривояте, ки Хайём дар «Наврӯзнома» ва Байҳақӣ дар осораш аз баргузории ҷашни Наврӯз ироа кардаанд. Барафрӯхтани оташ, сабзаи гандум, суманак, зебоии рангҳо, иштироки мардум, иҷрои кирдорҳои намодин, иштироки Раҳбар ва Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ғайра, ҳама аз назари фарҳангӣ маънои таърихӣ ва фарҳангӣ дорад, ки ба фарҳанг ва оини баргузории Ҷашни Наврӯз аз назари асотирӣ ва таърихӣ иртибот мегирад.

Занон намоди Наврӯз ва баҳор дар Ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон
Ончи ба шукӯҳи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон аз назари арзишҳои инсонӣ ва башарӣ бештар аҳамияту шукӯҳ мебахшад, нигоҳи инсонӣ ва башарии Раҳбар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занон аст. Дар ин ҷашн занон на танҳо иштироки густурда доранд, балки бештарин кирдорҳо ва маросимҳои Наврӯзӣ тавассути занон иҷро карда мешавад. Дар ҷашни «Наврӯзгоҳ» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ доштанд. Дар суханрониашон гуфтанд, ки ҷашни Наврӯз ва оини баргузории ҷашни Наврӯз ва соири ҷашнҳои миллии моро модарон ва занони Тоҷикистон ҳифз кардаанд. Ин сухан ҳам асоси илмӣ дорад ва ҳам арзиши башарӣ. Асоси илмӣ ба ин маъно дорад, ки занон дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги зиндагӣ дар сатҳи хонавода, ҷомеа ва башар нақши арзанда дошта ва доранд. Арзиши башарии ин сухан дар он аст, ки Раҳбар ва Раиси Ҷумҳур ба занон эҳтиром мегузорад ва мехоҳад ба онҳо обрӯю эътибор бибахшад то занон дар ҷомеа бештар фаъол шаванд.

Занон дар ҷашни Наврӯз намоди Наврӯз ва баҳор буданд. Дар маҳалли ҷашн духтарони ороста ва зебо бо номи «Маликаи Наврӯз» бо сабзаи гандум истода буданд. Дар воқеъ маликаи Наврӯз ва иштироки занон таҷассуми бахше аз Наврӯз ва баҳор буд. Ин гуна таъбир аз Наврӯз ва баҳор бисёр зебо, маънодор ва инсонӣ аст. Зеро зан, зиндагӣ, табиат, Наврӯз ва баҳор хеле бо ҳам наздик ва дар иртибот ҳастанд. Ин гуна истиқбол аз Наврӯз ва рафтан ба пешвози он худ далел бар қадршиносӣ аз занон, аз зиндагӣ, аз табиат ва аз фасли баҳор аст.

Натиҷа (Ҷамъбаст)
Тасмими натиҷагирии ҷиддӣ ё хосе надорам. Фақат мехоҳам дар поёни ин мақола арзи иродату эҳтиромамро ба муҳтарам Раҳбар ва Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва миллати озода ва фарҳангпарвари Тоҷикистон иброз намуда, барои Раҳбар ва миллати тоҷик орзуи саодату хушбахтӣ намоям.

Аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон бояд мо афғо¬нистониҳо ва эрониҳо сипосгузор бошем, зеро ирода ва хидмати фарҳангишон қобили қадр аст. Барои ин ки инҳо тавонистаанд дар рӯзгори муосир бо баргузории ҷашни Наврӯз ва дигар маросимҳои фарҳангӣ, ҳувияти фарҳангии ҷуғрофиёи фарҳангии моро эҳё ва равнақ бидиҳанд.

Умед дорам дар оянда низ барои муаррифии фарҳанги муштаракамон кор кунам то битавонам дар муаррифии арзишҳои фарҳангӣ саҳми хешро бигузорам. Ният доштам дар бораи оини баргузории ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон, дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ва дар дигар шаҳрҳои Тоҷикистон бинависам, аммо ба далели фурсати кам натавонистам, ки иттилооти кофӣ ба даст биоварам. Бисёр мехоҳам дар Тоҷикистон бештар бимонам ва хати сирилликро ёд бигирам то битавонам адабиёти муосири Тоҷикистонро ба хати форсии дарӣ баргардон намуда дар Афғонистон чоп кунам ва адабиёти муосири Афғонистонро низ барои ҳамзабонони тоҷик ба хати сириллик баргардон намоям. Умед дорам барои амалӣ шудани ин орзуям дӯстони тоҷикистониам ба ман кӯмак, ҳамкорӣ ва меҳрубонӣ хоҳанд кард.

Дар поён мехоҳам аз бузургворӣ, меҳмоннавозӣ ва меҳрубониҳои ҷаноби Раҳбар ва Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз дӯстони фарҳангии тоҷик ва аз мардуми фарҳангдӯсти то¬ҷик сипосгузорӣ намоям ва ин мақола нишоне бошад аз эҳтирому иродатам ба ҷаноби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллати тоҷик ба дӯстони фарҳангии тоҷикам ва ба мардуми ҳамзабон ва ҳамфарҳанги тоҷикистониам.
Яъқуби ЯСНО, узви Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - «Пайванд», устоди донишкадаи забон ва адабиёти донишгоҳи «Ал-Берунӣ»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: