Ҷашни Наврӯз26-03-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 384 нафар
Назарҳо: 0
Ҷашни Наврӯз чун асотири гоҳшиносӣ ва мушоҳидаҳои нуҷумӣ бештар дар миёни барзгарону деҳқонон маъмул буда, аз канораҳои Вароруд то халиҷи Форс чун мавсими аз бурҷи ҳут ба бурҷи ҳамал ворид шудани Офтоб, ки ба рӯзи эътидоли баҳорӣ рост меояд, бо номи иди рӯзи нав, оғози сари сол, эҳёи табиат ва бедории замин ҷашн гирифта мешуд.
Маросими истиқболи расмии Наврӯз аз аҳди Ҳахоманишиён бо шукуҳу шаҳомати хоса дар толори бузурги Тахти Ҷамшед сурат мегирифт, ки ба он нақшҳои барҷастаи тахтасангҳои девори қасрҳои пазироӣ ва зинаҳои Ападона шаҳодат медиҳанд. Мутобиқи маълумоти «Наврӯзнома» -и Умари Хайём шоҳаншоҳ дар рӯзи ҷашни Наврӯзи Бузург бо ҷомаи абрешимӣ бар тахти заррин менишаст ва мӯбади мӯбадон дар табақи бузурге барояш подоши наврӯзӣ меовард. Одатан дар ин табақи бузурги зарҳалин сабза, шароб, ангуштарини давлат, шамшер, дирҳаму динори хусравонӣ ва давоту қалам гузошта мешуд, ки онро мӯбади мӯбадон аз миёни ашрофону аҳли дарбор гузаронида, ба ҳузури шоҳ мерасонид ва ӯро шодбош мегуфт. Баъди Ҳахоманишиён дар аҳди Искандари Мақдунӣ ва Селевкиён низ истиқболи Наврӯз дар қаламрави империяи собиқи Ҳахоманишиён идома меёфт. Адиб ва воқеанигори машҳури юнонӣ Ксенофонд (асри 1У то милод) аз ташрифоти хосаи наврӯзии Ардашери 11 маълумот медиҳад, ки ҳар сол дар Тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Ҷашни Наврӯз баъди истилои Искандари Мақдунӣ дар замони Ашкониён ва Сосониён дубора эҳё гардида, бо шукуҳу шаҳомоти бузурге таҷлил мегардид. Дар аҳди Сосониён ҷашни Наврӯз ба як тантанаи бузурги давлатӣ ва умумимиллӣ табдил ёфта, аз ҷониби кулли бошандагони кишвар чун рамзи бузурги миллӣ ва оини давлатдорӣ истиқбол гирифта мешуд. Аз ин хотир ҷашни Наврӯз дар миёни аксари қавмҳои ғайриэронии муқими давлати Сосониён низ пазируфта шуд ва ба низоми зиндагиву оини рӯзгори онҳо ворид гардид. Ардашери Бобакон аҳли шеър ва навову мусиқиро ба қатори табақаи мумтоз дароварда, Хусрави Анӯшервон ва Хусрави Парвиз ба суннати пазироии Наврӯз шукуҳи зиёде афзуда буданд. Дар замони давлатдории Сосониён оҳангҳои мусикӣ ба миқдори рӯзҳои сол офарида шуда, дар ҷашнҳои наврӯзӣ силсилаи оҳангҳои ҳафтгонаи «Хусравониёт» навохта мешуданд. Дар ин давра навозандагону сарояндагони машҳури дарбори Сосониён Борбади Марвӣ, Накисои Ҷангӣ, Ромтин, Саркаш, Бомшод, Саркаб, Гесӯи Навогар ва дигарон падид омаданд, ки онҳо шуҳрати таронаву оҳангҳои маросимӣ ва суруду навоҳои ҳамосавиро дучанд афзуданд. Масалан, Борбади Марвӣ ҳафт силсилаи оҳангҳои «Хусравониёт» - ро вобаста ба теъдоди 360 рӯзи сол офарид ва шукуҳу шаҳомоти Наврӯзро мақоми давлатӣ ва тантанаи умумимиллӣ бахшид. Навову оҳангҳои машҳури он рӯзгор бо номи «Наврӯзи Бузург», «Оҳанги сабздори сабз», «Наврӯзи Хурд» ва «Боди Наврӯзӣ» ба шумор мерафтанд. Ба қавли Муҳаммади Малоирӣ дар аҳди Аббосиён ва Умавиён дар пайравӣ ба шоҳаншоҳи Сосонӣ додани туҳфаҳои наврӯзӣ ва овардани идона ба расмият медарояд. Ба андешаи ин муҳаққиқ аввалин туҳфаи идонаи наврӯзӣ дар замони хулафои рошидин ба Алӣ ибни Абӯтолиб (р) дар шаҳри Кӯфа аз ҷониби чанде аз деҳқонон ва бузургони шаҳр пешкаш шуда буд. Онҳо барои ӯ дар зарфи гаронбаҳои тиллоӣ меваҷот ва шириниҳои наврӯзӣ тақдим намудаанд, ки имоми мазкур аз чашидани ин подош хушҳол шуда, иброз намуд: «Наврӯзано куллу явмин», яъне («Ҳар рӯзи моро Наврӯз гардонад»). Сипас ба омилони хироҷ дастур дод, ки арзиши он зарфи гаронбаҳоро аз хироҷи солонаи ҳадякунандагон кам кунанд. Муҳаммади Малоирӣ эҳёи Наврӯзро яке аз хизматҳои бузурги дабирони эронӣ шумурда, зикр менамояд, ки пазироии иди Наврӯз дар аҳди Аббосиён дубора роиҷ гардида, ба иди умумии мусулмонон табдил ёфт ва ҳатто хулафо дар таҷлили он иштирок мекарданд. Гузашта аз ин, дар адабиёти аҳди Аббосиён шеърҳо, қасидаҳо ва номаҳои таҳниятие падид омадаанд, ки ба иди Наврӯз бахшида шуда, навиштани номаҳои наврӯзии табрикӣ ва таҳниятӣ дар доираи донишмандон, дабирону вазирон ва волиёну ҳокимон маъмул гардидааст. Ҳатто дар ин давра арбобони завқу ҳунар ашъори наврӯзиро дар китобҳои алоҳида гирдоварӣ намудаанд, ки дар байни онҳо «Ан-наврӯз вал-меҳрҷон»-и Алӣ ибни Ҳорун, «Ал-ибод ва-н-навориз» -и Мӯсо ибни Исои Касравӣ, «Ал-ашъору-с-соир фӣ-н-наврӯз ва-л-меҳрҷон» -и Ҳамзаи Исфаҳонӣ шуҳрати зиёд доштаанд. Оини Наврӯз бо ҳидояту пуштибонии хонадони Бармакиён, Саҳлиён, Ковусиён, Дайламиён ва Навбахтиён дар шаҳрҳои Кӯфаву Басра ва Димишқу Бағдод нуфузи тамом ёфта, дертар дар аҳди давлатдории Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дар қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр, бахусус шаҳрҳои Нишопуру Марв, Балху Ҳирот, Бухорову Самарқанд, Райю Исфаҳон ва Шерозу Ҳамадон бо шукуҳу шаҳомоти хоса истиқбол гирифта мешуд. Воқеан агар пазироии Наврӯз бурду бохтҳои роҳи паймуда ва ҷанбаҳои иҷтимоиву фарҳангии онро мавриди баррасӣ қарор диҳем, беихтиёр мебинем, ки ин оини маросимӣ чун рамзи ҳамбастагии халқу миллатҳои ориёитабор дар тӯли ҳазорсолаҳо бо симои хос идома дошта, дар тӯли давлату давлатдориҳои мухталиф бидуни аз даст додани асолату ҳувияти аслии худ таҳаввулу ташаккул ёфта, то ба имрӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса дар байни кулли ориёитаборон ва ҳудудҳои паҳновари Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори он ҷашн гирифта мешавад. Ин расму оини куҳан, бешубҳа, яке аз ҳалқаҳои пайванди занҷири ногусастании миллатҳои ҳамнажод, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги ориёӣ мебошад, ки дар аҳди давлатдории Тоҳириёну Саффориён умри дубора ёфта, тору пуди ҷаҳони маънавӣ ва моддии ниёгони моро дар аҳди Аббосиён поянда дошт. Ва дар ин росто эҳё шудани ҷашни қадимаи Наврӯз ба масал чун пули тақдирсозе буд, ки дастовардҳои бузурги таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзуву омол, ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ, хуллас, ҳама рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ ва тамаддуни миллии тоҷиконро ба рӯзгори Сомониён расонид ва ба он умри бегазанду ҷовидона бахшид. Имрӯз бузургдошт ва шинохти ҷашни миллии Наврӯз барои мо арҷгузорӣ ба асолату ҳувият ва маърифати рангини ниёгонамон дар тӯли ҳазорсолаҳо мебошад, ки аз саҳнаи пурҳангомаи таърих ва бурду бохтҳо гузашта, то асри инқилобҳои илмиву техникӣ ва муъҷизаҳои кайҳонии замони мо расидааст. Мо, тоҷикон, онро дар сатҳи давлатдорӣ бо шукуҳу азамати хоса таҷлил намуда, бо тору пуди ногусастании ин ҷашни безавол ормонҳои волою хуҷастаи зиндагии гузашта, имрӯз ва ояндаро бо ҳам пайванд мекунем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.