Дирафш18-03-2016, 17:11
Хабарро хонданд: 447 нафар
Назарҳо: 0
Ҳоло то ҷое, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ёфтаҳои бостоншиносӣ маълум мегардад, аҷдоди мо дар дирафшҳои худӣ рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро бо нишонҳои мухталиф аз ҷумла бо уқоби қудрату тавоноӣ, ки ҳанӯз аз замони Куруши Кабир маъмул шуда ва дар дирафши шахсии ӯ насб гардида буд, бо эҳтиромоти махсус истифода мекарданд ва онро барои худ муқаддас мешумурданд.
Фирдавсӣ мегӯяд: Фуруҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш, Ҳаме хонадаш «Ковиёнӣ Дирафш». Ва ё Ҳаво сурху зарду кабуду бунафш, Зи тобидани Койне Дирафш. Маънии умумии ин рангҳо иборат аз қудратмандию тавоноӣ дар муҳофизати сарзамин ва номусу диёнати худ, мубориза алайҳи ғосибони аҷнабӣ, гармии табиӣ ва пурҳосилию серии мардум дар мамлакат, ободию сулҳу эминӣ ва эҳтироми хос ба обҳои кишвар ва дар ниҳоят фарогир будани мардуми ин сарзамин аз илму фарҳанг, таълиму таъаллум ва дар ин замина таҳким бахшидани иттиҳоди миллию мазҳабӣ будааст, ки ин сифатҳоро дар имтидоди таърихи чандинҳазорсолаи ин миллати шариф ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Ва гумон меравад, ки маҳз дар дирафши имрӯзии мо дарҷ кардани ин рангҳову рамзҳои миллии аҷдодӣ матавонад меҳру муҳаббати таърихиву аҷдодии нуҳуфтаро бори дигар дар пайкари ин миллати арҷманд зинда гардонад. Ва бошад, ки изҳори меҳри мардум ба воситаи боз ҳам бузургтар доштани ин порчаи матоъ, ки рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг, умуман кулли арзишҳои моддию маънавии миллист, бештару беҳтар намудор гардад. Дигар, зинда гардонидан ва ба таври умум роиҷ намудани калимаи «дирафш» аз миёни синонимҳои маъмул, он, ки ба воситаи забонҳо ва маъниҳои дигар дар ҷамъияти мо бештар маъмул шудаанд, аз қабили «байрақ», «ливо», «алам», «роят» ва «парчам» давоми мантиқии ҷорӣ доштани рангҳои миллӣ дар дирафши мо хоҳад буд. Дар сарчашмаҳои адабию таърихие, ки то замони барҳамхӯрии давлати Сомониён роҷеъ ба байрақ ва намудҳои он ҳарфе меравад, танҳо бо номи «дирафш», «дирафши Таҳамтан», «дирафши сарон», «дирафши сиёҳ», «дирафши шерпайкар», «дирафши пилпайкар», «дирафши аждаҳопайкар», «дирафши гургпайкар», «дирафши морпайкар», «дирафши лашкар», «дирафши шоҳӣ», «дирафши эрониён» ва амсоли ин. Яъне ҳар куҷо, ки агар аз байрақҳои қаблазисломии қавмҳои эронӣ ёд карда мешуд, бо номи «дирафш» навишта мешуд. Ва дар замони ислом номҳои арабии «алам», «ливо» ва «роят» ҷои «дирафш»-ро гирифт ва баъдан дар замони тасаллути туркон бо номи туркии «байрақ» (аз замони Ғазнавиён ба баъд) машҳур шуд, ки натанҳо номи «дирафш» гум шуд, балки ҳатто номҳои арабии он низ дар минтақаи Мовароунаҳр аз истеъмол афтода, ҳама дар маънии туркии он қарор гирифтанд, эъне «байрақ». Аммо калимаи «парчам», ки имрӯзҳо истифодаи он бештар ривоҷ мегирад, дар мавриди байрақ тамоман ғалат аст. Зеро дар тамоми сарчашмаҳои қадиму ҷадид «парчам» ба маънии пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи гови кӯҳӣ (қутос) ё чизе будааст сиёҳу мудаввар, ки ба гардан ё нӯги байрақу найза мебастанд. Ин калима дар замонҳои ахир ба ҷои «байрақ» ба истифода даромадааст. Ҳатто бузургтарин луғатнависи даврони ахир ба ҷои «байрақ» ба истифода даромадааст. Хатто бузургтарин луғатнависи даврони ахир Деҳхудо менависад, ки «имрӯзҳо дар миёни мардум гоҳҳо ба маънии дирафшу алам истифода мешавад», ки албатта ин ғалат аст. Ва дигар ин, ки калимаи «парчам» дар «Шоҳнома» ва «Гаршосбнома» барин ҳамосаҳои миллии мо мавҷуд нест, аз ин рӯ, донишмандон ба ин хулоса омадаанд, ки калимаи «парчам» на эронӣ балки аҷнабист. Аммо «парчам» дар суғдӣ ба маъниҳое, ки дар болотар овардем маънидод мешавад, аз ин рӯ, баъзеҳо онро калимаи суғдӣ низ гуфтаанд. Дар ҳар сурат он то замони муосир ҳеҷ гоҳ ба маънии байрақ набудааст. Калимаи «дирафш» дар луғатномаҳои мухталиф ба ин маъниҳо омадааст: дурахшон, тобон, дурахшандагӣ, нурпошӣ кардар, дирафшидан-яъне ларзидан аз бод, алвоҷ хӯрдани порчаи матоъ аз бод ва ниҳоят байрақ, алам, ливо, роят ва амсоли ин, ки ин ҳама маънӣ дар як порча матоъи манзури мо гирад омадааст ва сермаънитар аз ҳама калимаҳои туркию арабии он аст. Ва ҳар дар миёни номҳои мухталифи он ягон калимаи асили эронист, эъне ориёӣ. Бад-ин сабаб бояд номи аслии «дирафш» барқарор карда шавад. Инро танҳо мо карда метавонем, (ва вазифадор низ ҳастем) зеро меросбарони воқеъии тамаддуни эронитаборон моем. Эрону афғонистон имрӯз махлут бо тамаддунҳои эронӣ, паштунӣ ва туркист, ки яқин аст манфиатҳои сегонаашон намегузорад, ки ягонаи тоҷикӣ (эронӣ) пойдор буда бошад ва ё эҳё гардад. Дар тамоми адабиёти то ба имрӯз расидаи давраи инкишофи тиллоии халқи тоҷик, яъне замони Тоҳириён, Саффофиён ва махсусан Сомониён танҳо номи «дирафш» сабт аст, аз ин рӯ, моро низ лозим аст, ки ин номи муқаддаси нишони миллии падарони худро, бидуни маънӣ дигар синонимҳои маъмулшудаи баъдии он, бори дигар эҳё ва ба таври умум роиҷу машҳур гардонем ва дар садри ин калимот қарор диҳем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.