Ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ14-10-2015, 16:00
Хабарро хонданд: 629 нафар
Назарҳо: 0
Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд.
Меҳргон, тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо, дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Эмомалӣ РАҲМОН Малико, ҷашни Меҳргон омад, Ҷашни шоҳону хусравон омад (Рӯдакӣ) Меҳр нахустин моҳи фасли тирамоҳ, ё номи моҳи ҳафтуми солшумории мардуми эронӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин моҳ шабу рӯз баробар мешавад, ки онро ба истилоҳ «эътидоли пойизӣ ё тирамоҳӣ» мегӯянд. Эътидол ин адолат аст, яъне баробар шудани шабу рӯз. Дар моҳи фарвардин низ, ки мутобиқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ ба моҳи ҳамал баробар буда, ба 21-22 март рост омадааст, низ эътидол рӯй медиҳад, ки онро «эътидоли баҳорӣ» мегӯянд. Дар ин рӯзҳо низ шабу рӯз баробар мегардад ва мардум яке аз пурфайзтарин ва бузургтарин ид- Иди Наврӯзро ҷашн мегиранд. Иди Меҳргон пас аз Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои мардуми форсзабон аст, ки дар меҳр рӯз аз бурҷи Меҳр ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн дар рӯзҳои аввали фасли тирамоҳ баргузор мегардад. Дар гузашта ин ҷашнро зардуштиён дар даҳуми меҳр ва ё наздиктар ба он ҷашн мегирифтанд. Ин ҷашн дар меҳр рӯз оғоз мешуд ва шаш рӯз таҷлил карда мешуд ва дар ромрӯз ба поён мерасид. Нахустин рӯзи ҷашн «Меҳргони омма» (ҳамагонӣ) ва рӯзи охирини ҷашн «Меҳргони хоса» (вижа) номида мешуд. Дар замони Сосониён бар ин бовар буданд, ки худои некӣ Аҳурамаздо дар рӯзи Наврӯз ёқут ва дар рӯзи Меҳргон забарҷадро офаридааст. Ҳамчунин, эрониёни қадим ақида доштанд, ки дар ин рӯз Коваи оҳангар бар зидди Заҳҳоки морон ба мубориза бархоста ва Фаридун низ дар ҳамин рӯз бар Заҳҳок зафар ёфтааст. Мардуми эронинажод аз ҳазораи дуюми пеш аз милод онро ҷашн мегирифтанд. Меҳргон низ монанди ҷашни Наврӯз бо расму одат ва суннатҳои хосе таҷлил карда мешуд. «Меҳр» ё «Митро» дар забони форсӣ ба маънои «фурӯғ», «рӯшноӣ», «дӯстӣ», «пайвастагӣ», «пайванд» ва «муҳаббат» омада, зидди дурӯғгӯӣ, паймоншиканӣ ва номеҳрубонӣ кардан аст. Фалсафаи ҷашни Меҳргон сипосгузорӣ аз Худованд ба хотири неъматҳоест, ки ба инсон арзонӣ дошта ва устувор кардани дӯстӣ ва меҳру муҳаббат миёни одамон аст. Пештар Меҳргон бо номи «бағёди» ё «багёдӣ» ба кор мерафтааст, бар ин асос бархе бахши нахусти ин номро бағ - Худо ва бахши дуюмро (ёда) ситоиш ва дар маҷмӯъ, ба маънии «Худоёни ситоиш» медонанд. Ҳарчанд дар сари вожаи «Меҳргон» андешаҳои зиёде ҷой дорад, вале аз замони одамушшуаро Рӯдакӣ сар карда, ибораи «ҷашни Меҳргон» маъруф будааст. Мувофиқи бархе сарчашмаҳо ҷашни Меҳргон таърихи беш аз чаҳор ҳазорсола дорад. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» таърихи пайдоиши ин чашнро ба замони Фаридун мансуб медонад: Фирдавсӣ инчунин замони баргузории ҷашни Меҳргонро дар оғози моҳи меҳр ва фасли тирамоҳ баён кардааст, ки ин расм то охири даврони ҳукмронии Ашкониён идома доштааст. Олимон ба ин андешаанд, ки аз замони Сосониён сар карда, ин ҷашн ба меҳррӯзи меҳрмоҳ, ки ба шонздаҳуми моҳи меҳр баробар аст, интиқол меёбад. Пеш аз ҳахоманишиён ҷашни Меҳргон бо номҳои «бағ ёдӣ», «баг ёди», «ёди Худо», «сипосгузорӣ аз Худо» зикр мешуд, зеро «бағ»Худо гуфтан аст. Бағдод (Худо дода) номи боғе дар наздикии Тайсафун - пойтахти Ашкониён ва Сосониён буд, ки баъдҳо ба шаҳр табдил шуд ва номи шаҳри Бағдоди кунунӣ аз ҳамин номи порсӣ гирифта шудааст. Бар асоси мутуни Авасто тақвими эрониён пеш аз Ҳахоманишиён дорои ду фасл –тобистон ва зимистон аст. Наврӯз ҷашни оғози соли нав ва фасли тобистон буда, Меҳргон ҷашни оғози нимаи дуюми сол ва фасли зимистон будааст.Носири Хусрав ҳар ду ҷашн, яъне ҷашни Навруз ва ҷашни Меҳргонро «ҳангоми эътидолӣ», яъне баробарии шабу рӯз медонад: Наврӯз беҳ аз Меҳргон, гарчи Ҳарду замонанд, эътидолӣ. Ин ҷо «эътидоли поизӣ» , маънои «адолатии тирамоҳӣ» гуфтан аст, ки дар ин марҳала шабу рӯз баробар мегардад ва аз он пас рӯзҳо боз ҳам кӯтоҳ шудан мегиранд. Ба ақидаи эрониёни куҳан оғози соли нав дар ҳангоми эътидоли тирамоҳӣ бо низоми зиндагии кишоварзии онҳо вобастагӣ дошт, зеро барои кишоварзон соли зироъӣ аз тирамоҳ оғоз ва дар поёни тобистон хотима меёфт. Бархе бар ин ақидаанд, ки шояд дар фасли тирамоҳ оғоз гардидани мактабҳо низ намое аз солшумории меҳрӣ ё митроӣ бошад. Имрӯз низ суннати куҳани оғози соли нав шуморидани моҳи меҳр ва ё фасли тирамоҳ бо номи «Соли варз» дар тақвими маҳаллии курдон боқӣ мондааст. Ҳамчунин дар тақвими маҳаллии Помир, махсусан дар ноҳияҳои Ванҷ ва Хуф аз нахустин рӯзи поиз бо номи «Наврӯзи поизӣ» ё «Наврӯзи тирамоҳ» маъруф будааст. Бояд гуфт, ки дар гоҳшумории зардуштӣ ё авастоӣ сол ба 12 бурҷ ва ҳар бурҷ ба 30 рӯз тақсим мешуд ва ҳар рӯз ба худ номи хосе доштааст. Баъзе аз ин бурҷҳо бо номи яке аз рӯзҳояшон ҳамном мешудаанд ва дар ин сурат эрониён он рӯзро ҷашн мегирифтаанд. Чунончи, дар қадим Меҳргон низ ҳам номи моҳ ва ҳам номи рӯзи шонздаҳуми ин моҳ ҳисобида мешудааст. Дар сарчашмаҳо Меҳргон рӯзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шинохта шудааст. Дар «Таърихи Табарӣ» чунин омадааст: «Фаридун сари Беварасбро (Заҳҳокро) бо гурзи сархамидае бикӯфт, пас ӯро ба кӯҳи Дамованд бурд ва дасту бозӯяшро маҳкам бибаст ва ба чоҳ афканд ва фармон дод, ки рӯзи меҳрмоҳи меҳррӯзро ид бигиранд. Ва ин ҳамон ҷашни Меҳргон аст». Дар «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳони Берунӣ дар бораи Меҳргон омадааст: «Рӯзи бисту якум ромрӯз аст, ки Меҳргони бузург бошад. Ва сабаби ин ид он аст, ки Фаридун ба Заҳҳок зафар ёфт ва ӯро ба қайди асорат даровард. Ва чун Заҳҳокро пеши Фаридун оварданд, Заҳҳок гуфт: Маро ба хуни ҷаддат макуш. Ва Фаридун аз роҳи инкори ин қавл гуфт: «Оё тамаъ кардаӣ, ки бо Ҷам писари Виҷҳон дар қасоси ҳамсар қарин бошӣ? Балки ман туро ба хуни гови наре, ки дар хонаи ҷаддам буд, мекушам». Сипас бифармуд, то ӯро банд карданд ва дар кӯҳи Дамованд ҳабс намуданд ва мардум аз шарри ӯ роҳат шуданд ва ин рӯзро ид донистанд». Азбаски рӯзи меҳр бо замони бардоштани ҳосили кишоварзӣ аз саҳро мувофиқ омадааст, замони муносибе барои ҷашн, шодӣ ва истироҳати кишоварзон, ки аксари мардумони рӯзгорони куҳанро ташкил мекардаанд, будааст. Ин ҷашн монанди иди Наврузи баҳорӣ бошукӯҳ ҷашн гирифта мешуд, вале баъдҳо Навруз шукӯҳи бештареро соҳиб гардидааст. Нуктаи аҷиберо метавон вобаста ба ҷашни Меҳргон дар ин суханони Салмони Форс ба мушоҳида гирифт. Ӯ мегӯяд: «Мо замони дар аҳди зардуштӣ будан мегуфтем: Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард ва фазли ин ду рӯз бар рӯзҳои дигар монанди фазли ёқут ва зумуррад аст бар ҷавоҳири дигар. Ва Беварасб (Заҳҳок) ҳазор сол умр кард. Ин ки эрониён ба якдигар дуо мекунад, ки «Ҳазор сол бизӣ», аз он рӯз расм шудааст. Чун диданд, ки Заҳҳок тавонист ҳазор сол умр кунад ва ин кор дар ҳадди имкон аст, ҳазор соли зиндагиро дуо ва орзу карданд». Меҳргон монанди Наврӯз дорои дастархон ё суфра буда, ки онро «хони меҳргонӣ» меномиданд. Дастархони меҳргониро бо гулҳо зеб медоданд ва меваҳои тирамоҳие, ки сурх бошад, мегузоштанд. Анвои меваҳои анор, ангур, санҷид, себ, анҷир, бодом, писта, чормағз, хурмо ҷузви ин меваҳо маҳсуб мешуданд. Он гуна, ки аз маҷмӯи сарчашмаҳои дастрас, нигораҳо, матнҳои бостонӣ ва навиштаҳои муаррихон ва донишмандон бармеояд, мардумон дар ин рӯз то ҳадди имкон ҷомаҳои арғувонӣ ба бар мекардаанд, ба ҳамдигар хушбӯиҳо тақдим ва бо оғози ин ҷашн табрик мекардаанд. Аз шарбати гиёҳи ҳум нӯшиданиҳо омода мекарданд ва бо шир ҳамроҳ карда, ҳама бошандагони ҷашн ба нишонаи паймон аз он менӯшиданд. Нӯшидани шарбати ин гиёҳ боиси хурсандии онҳо мегардид ва ононро сархуш мекард. Нони махсуси меҳргонӣ аз омехтаи ҳафт навъ ғалла, монанди гандум, ҷав, биринҷ, нахӯд, адас, мош ва арзан омода мегардид. Дигар лозимаҳои дасторхони Меҳргон аз ҷоми оташ ё нӯкча (шамъ), шакар, ширбиринҷ, хӯрокҳои маҳаллӣ ва хушбӯиҳо иборат буд. Пас аз хӯрданихӯрок онҳо ба мусиқӣва пойкубиҳои гурӯҳӣ мепардохтанд. Оташ афрӯхта дар он хушбӯиҳо, монанди сипанд, заъфарон ва анбар меандохтанд. Бархе олимон бар он андешаанд, ки самоъҳои сӯфиёнаи пайравони тариқати мавлавия, ки имрӯз низ дар Қуния роиҷ аст, шакли дигаргуншудаи рақсҳоеанд, ки дар ҷашнҳои зардуштиён иҷро мегардиданд. ©Тоҷибой СУЛТОНӢ, номзади илмҳои филология ©Минбари халқ, №42 (1021), саҳ. 7, 14 октябри соли 2015, |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.