Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «Сохтмони Истиқлол» таъсис ёфт.

«Сохтмони Истиқлол» таъсис ёфт.

15-09-2016, 10:18
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
«Сохтмони Истиқлол» таъсис ёфт.

Чанд рўз пештар аз ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» корхонаи фаръии сохтмони асосӣ ва таъмир, 10 нафар ба узви ҳизб шомил гардид. Ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбї супорида шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Асоев С.М. иброз дошт, ки Истиқлолияти Тоҷикистон барои мардуми шарафманди тоҷик хушбахтист. Имрӯз дар ҳақиқат миллати куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик дар фазои идонаи ҷашни зебои Истиқлол қарор дарад. Ҳамчунин ёдовар шуд, ки аз ин падидаи нек шукргузорӣ намудан, истиқлолиятро ҳамчун гаҳвараки чашм нигоҳ доштан меҳри онро дар хуну қалби хеш ва ворисонамон ҷой намудан зарур аст.
Сипас, директори корхона Шариф Ғаффоров баён дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби бонуфузу пешсафи ҷомеаи мо мебошад ва дар рушду суботи мамлакат нақши муасир дорад. Барномаи ҳизб баҳри ободию осудагии рӯзгори мардум ҳифзи арзишҳову суннатҳои миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, амнияту оромии мамлакат нигаронида шудааст. Мо омода ҳастем баҳри амалисозии Барномаву Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамкории зич намоем ва саҳми хешро дар татбиқи ғояҳои оливу созандаи он гузорем. Узви ҳизб будан ҳам ифтихор ва ҳам масъулият аст.

Ташкилоти нав «Сохтмони Истиқлол» номгузорӣ гардида, 10 нафар ба аъзогии он қабул шуд. Раиси ташкилот тариқи овоздиҳӣ Шариф Ғаффоров ва муовини раис Ҷунайдулло Саъдуллоев интихоб гардиданд.
Шариф Ғаффоров иброз дошт, ки ҷиҳати иҷрову амалисозии Барнома ва супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзоёни ташкилот саъйю кушиш хоҳам намуд.
Барои зиёд намудани сафи аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тариқи корҳои тарғиботию ташвиқотӣ низ саҳм гирифта, шахсони садоқатманд, худшиносу фарҳанги баланди инсонидоштаро ба ҳизб ҷалб менамоем.
Сипас, ба аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Мутахассиси шуъбаи ташкили
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ С. Сироҷова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: