Қабули 130 нафар ба узвият30-03-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ «Текстил» дар ноҳияи Фирдавсӣ яке аз ташкилотҳои беҳтарини ҳизбӣ ба ҳисоб рафта, оиди афзун намудани аъзои нави ҳизб корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.
Дар ҳошияи дастуру супоришҳои роҳбарияти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Текстил» имсол раванди ба узвият ворид шудани шахсони касбу кори гуногун аз солҳои қаблӣ дида бештар ба назар мерасад. Ба наздикӣ зиёда аз 130 нафар ба узвияти ҲХДТ қабул гардид. Муовини раиси КИИ «Текстил» Саидов И. зикр намуд, ки тамоми дастовардҳои Тоҷикистони азиз маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии ҶТ ба миён омаданд, ки ин боиси ифтихори ҳар яке мост. Дар маҷлис М. Ғаффоров -мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок дошт. Дар охир ба 130 - нафар кормандони корхона шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Ғаффоров М, корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.