Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иштирок дар намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилояти Хатлон 25.08.2016 , шаҳри Қурғонтеппа

Иштирок дар намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилояти Хатлон 25.08.2016 , шаҳри Қурғонтеппа

26-08-2016, 14:03
Хабарро хонданд: 309 нафар
Назарҳо: 0
Иштирок дар намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилояти Хатлон 25.08.2016 , шаҳри Қурғонтеппа


Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа дар намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилоят ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни бузурги умумимиллӣ 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Қабл аз оғози барномаи идона Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди иштирокчиёни ин чорабинии фарҳангӣ суханронӣ карда, нахуст ҳамаи ҳозирин ва дар шахси онҳо сокинони вилояти Хатлонро бо санаи муҳими таърихӣ ҷашни тақдирсоз - истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат орзу намуданд, ки ин неъмати худодод то абад ҳамчун нишонаи ифтихору сарбаландии миллати мо пойдору устувор бошад.

Таъкид гардид, ки бо шарофати ин ҳадяи тақдир кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва давлати тоҷикони куҳанбунёду тамаддунсоз дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки маҳз ба ҳамин хотир, мо истиқлолиятро муқаддас мешуморем ва барои ҳифзу таҳкими он дар зарфи чоряк асри сипаришуда бо азму иродаи қавӣ, ҳисси баланди миллӣ ва масъулият дар назди Ватан саъю талоши ватандӯстона мекунем.

Ба андешаи Сарвари давлат ҳамаи дастовардҳо туфайли меҳнати садоқатмандона ва пуштибонии амиқи мардум аз сиёсати давлату ҳукумат ва бо кӯшиши ватандӯстонаи мардуми кишвар ба даст омадааст. Таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ низ, аз ирода ва хизмати бузурги мардуми солору хирадманди тоҷик мебошад.

Иштирок дар намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилояти Хатлон 25.08.2016 , шаҳри Қурғонтеппа


Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар охир бори дигар ҳамаи иштирокчиёни барномаи фарҳангии идонаро бо ҷашну идҳои умумимиллӣ шодбош гуфта, таъкид доштанд, ки истиқлолияти давлатӣ ҳамон вақт устувору побарҷо мемонад, ки мардум муттаҳиду сарҷамъ, зираку ҳушёр бошанд ва дар дохили давлат ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил ҳукмрон гардад. Сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсиву иҷтимоӣ аз ҷумлаи шоҳсутунҳои кохи муҳташами истиқлол ва кафолати рушди муназзаму устувори давлати тоҷикон мебошанд.

Баъди анҷоми суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши рангини театрикунонидашуда оғоз гардид, ки тараннумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: