Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пешвои миллат ва ҷавонон

Пешвои миллат ва ҷавонон

3-06-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 438 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат ва ҷавонон
(андешаҳо дар ҳошияи ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Хушбахтона, ифтихори бузург даст дод, ки дар чунин ҷаласаи сатҳи баланд иштирок карда, аз андеша ва дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бевосита баҳравар гардидам.


Тавре дар рафти ҷаласа зикр гардид, ҳадаф аз таъсиси Шӯро дар ҳузури Президенти мамлакат мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон буда, аз ҷониби Президенти мамлакат роҳбарӣ намудани Шӯро намунаи олии эҳтиром ва эътимоди мақоми олии сиёсии кишвар ба ҷавонон мебошад.

Воқеан, баргузории нахустин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигарбора аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ҷавони мамлакат шаҳодат дода, зимнан, ишора ба он аст, ки дар шароити тағйирёбии босуръати авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар назди мо- ҷавонон вазифа ва масъулиятҳои нав меистад.

Бояд гуфт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ин ҷаласа нахуст аз мақому манзалати ҷавонон дар назди давлату ҳукумат ва ватану миллат ёдовар гардида, вобаста ба рушди андешаву тафаккури ин қишри муҳими ҷомеа дар солҳои соҳибистиқлолӣ чунин ибрози андеша намуд: «…истиқлолият роҳи ҷавононро ба сӯи бунёдкориву созандагӣ боз кард ва замина гузошт, ки онҳо дар рушду инкишофи мамлакат саҳми назаррас ва шоиста дошта бошанд. Аз баракати истиқлолияти давлатӣ имрӯз дидгоҳ ва ҷаҳонбинии ҷавонон ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳи одобу маърифат ва муносибати онҳо ба зиндагӣ ва иштирокашон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ бамаротиб беҳтар шудааст».

Ин гуфтаҳо ҳисси баланди ифтихори мо ҷавононро аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ тақвият бахшида, кӯшишҳои моро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ бештар месозад. Ин маънӣ ишора ба он низ ҳаст, ки соли равон аз 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем ва ин сол барои мо соли имтиҳон ва ташаббускорист. Дар ин сол ва минбаъд мо бояд ҳама он ҳиссиёт ва ифтихори ватанпарваронаву миллатдӯстонаи худро, ки нишон аз самимият ва садоқат ба давлати соҳибистиқлоламон аст, бештар бо амалҳои созандаву меҳнати софдилонаи худ собит созем.
Орзу Ҳамидов, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: