МУШКИЛОТИ НАШРИЯҲОИ МУЗОФОТӢ25-08-2016, 12:30
Хабарро хонданд: 416 нафар
Назарҳо: 0
*Зарурияти таъсиси чопхонаҳои замонавӣ дар минтақаҳо *Дар «Оинаи Рашт» як нафар кор мекунад *Нашри «Мавҷи Хингоб» бо 700 нусха дар Душанбе Бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон рўзҳои 15-19-уми августи соли равон сафари корвони рўзноманигорон ба навоҳии водии Рашт сурат гирифт. Мақсад аз сафар шиносоӣ бо дастовардҳои даврони Истиқлол ва сатҳи зиндагии мардум буд. Тайи ин рўзҳо журналистон ба гурўҳҳо ҷудо шуда, дар ноҳияҳо рафти корҳои ободониро аз наздик дида, бо шахсиятҳои касбу кори гуногун суҳбат намуданд ва мавзеъҳои таърихию дилрабои ин минтақаи кўҳистонро тамошо карданд. Дар ҷамъбасти сафар 19-уми август дар маркази ноҳияи Рашт-шаҳраки Ғарм дар мавзўи «Воситаҳои ахбори оммаи музофотӣ: имконият, воқеият ва дурнамо» бо ширкати доираи васеи журналистон, аз ҷумла намояндагони нашрияҳои минтақа ва намояндагони васоити ахбори марказӣ дар ин водӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Қабл аз оғози ҷамъомад ҳозирин намоишгоҳи маҷаллаву рўзномаҳоро тамошо карданд. Як гўшаи намоишгоҳро, аз ҷумла намунаи чанде аз шумораҳои «Минбари халқ» зеб медоданд. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода бо сухани ифтитоҳӣ ҳадаф аз баргузории мизи мудавварро шарҳ дод. Сипас ў дар бораи сафари намояндагони ВАО, ки тайи ин рўзҳо ба навоҳии водӣ сурат гирифт, маълумот дода зикр кард, ки раҳбарияти давлату ҳукумат сол то сол ба васоити ахбори омма, аз он ҷумла ба нашрияҳои музофотӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад. З. Исмоилзода афзуд, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо баргузории мизи мудаввар ҳайати корвони рўзноманигоронро бо фаъолияти нашрияҳои маҳаллӣ шинос кунад. Муовини Раиси ноҳияи Рашт Зумрад Лоиқова изҳор дошт, ки аз сафари кормандони ВАО ба навоҳии минтақа шод аст ва умед дорад, ки хабарнигорон дар бозгашт дар бораи ин водӣ матолиби хонданӣ ва барномаҳои диданиву шуниданиро ба хонандагону тамошобинону шунавандагон пешкаш хоҳанд кард. Мавсуф зикр намуд, ки бовар дорем, рушди навоҳии минтақа аз ҷониби хабарнигорон ҳамаҷониба инъикос меёбад. Ба андешаи З.Лоиқова, фазои водӣ дучори холигии иттилоотӣ нест. Мардум тавассути расонаҳои хабарӣ сари вақт аз рўйдодҳои хориҷу дохили кишвар огоҳ мешаванд. Барои фароҳам овардани шароити мусоиди чоп соли равон аз буҷаи ноҳия 430 ҳазор сомонӣ барои азнавсозии матбааи ноҳия ҷудо шудааст, ки бештари нашрияҳои навоҳии минтақа дар ҳамин ҷо нашр мешаванд. Мавсуф аз фаъолияти почта, ки дар паҳн кардани нашрияҳои даврӣ нақши муассир дорад, ёдовар шуда зикр кард, ки ҳафтае 3 маротиба нашрияҳои марказӣ аз пойтахт ба навоҳии минтақа оварда ва ба хонандагон расонида мешаванд. Тибқи барномаи мизи мудаввар устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бахтиёр Қутбиддинов чанд шумораи соли 2015-и ҳафтаномаи «Оинаи Рашт» (нашрияи МИҲД н. Рашт)-ро ба риштаи таҳлил кашид. Ў бо мақсади пешравии кор ва хубтару хонданӣ баромадани шумораҳои нашрия пешниҳодҳои муфиду ҷолиб ироа намуд, ки мақбули ҳозирин гардид. Дар ҳошияи андешаҳои ин устоди донишгоҳ сармуҳаррири нашрияи мазкур Камол Бекзода мушкилиҳои фаъолияти ҳафтаномаро зикр намуд. Ба гуфтаи ў, дар чопи нашрия танҳо як нафар заҳмат мекашад. Бо сабаби кам будани музди меҳнат хабарнигорон ба ин ҷо ба кор намеоянд. Дар матбааи ноҳия дастгоҳҳои нав насб шудаанд, аммо сифати чоп ба талабот ҷавобгў нест. Аз ин рў, маҷбуранд, ки шумораҳои «Оинаи Рашт»-ро дар матбааҳои шаҳри Душанбе чоп кунанд. Дар тақвияти суханони К. Бекзода муҳаррирони нашрияҳои музофотӣ Наҳтутӣ Алиева («Мавҷи Хингоб», нашрияи МИҲД. н. Сангвор), Мавҷуд Саттор («Нури Нуробод»), Мавлуда Назарова («Ҳақиқати Ховалинг»), Муҳаммадносири Насруллоҳ («Меҳнат», нашрияи МИҲД н. Айнӣ) ба сухан баромада, аз мушкилоти нашрияҳояшон ҳарф заданд ва зикр намуданд, ки ба дастгирӣ ниёз доранд. Ба андешаи онҳо таъсиси матбааҳои замонавӣ дар минтақаҳо талаботи замон аст. Сармуҳаррири рўзномаи – «Садои мардум» Самариддин Асозода изҳор дошт, ки барои хонданӣ шудани нашрия бояд пойгоҳи хабариро тақвият бахшид ва сафари хабарнигоронро ба минтақаҳо таъмин кард. С.Асозода ҳамзамон афзуд, ки бо тасмими ҳайати таҳририяи «Садои мардум» бо мақсади ҳавасмандии рўзноманигорони ҷавон дар миёни донишҷўёни бахши журналистикаи Донишгоҳи омўзгории Рашт ҳамасола озмун баргузор мекунанд ва донишҷўёни беҳтарин бо ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд. Дар мизи мудаввар чанде аз рўзноманигорон низ аз таассуроти сафари хеш ба минтақа ҳарф заданд. Мирзошоҳи Акобир, як тан аз кишоварзони ноҳияи Рашт, ки баробари бунёди боғи намунавӣ бо ҷамъ овардани тангаю нигораҳо ва асбобу анҷоми қадимаи ниёгон мақсади кушодани осорхонаро дорад, дар ҳузури хабарнигорон аз сари вақт дастраси хонанда нашудани матбуоти даврӣ ва аз мушкилоти пахши барномаҳои телевизионҳои ҷумҳурӣ шикоят кард. «Аҷибаш ин аст, ки тавассути моҳвора сари вақт аз рўйдодҳои ҷаҳон бохабар мешавем, аммо аз рўйдодҳои дохили мамлакат бехабарем»,- гуфт ў. Аз суҳбат бо масъулини нашрияҳои музофотӣ бармеояд, ки дар ҳама ҷо мушкилоти нашрияҳо яксон аст: набудани чопхонаи замонавӣ, норасоии маблағ, кам будани воҳидҳои корӣ, набудани кадрҳои болаёқат, надоштани шароити мусоиди корӣ, маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет, кам будани теъдоди обуначиён ва ғайра. Зикр шуд, ки барои дарёфти маблағи иловагӣ таъсиси дўконҳои фурўши нашрияҳо дар ҷойҳои сераҳолӣ ба мақсад мувофиқ аст. Инчунин тавсия шуд, ки масъулини нашрияҳои музофотӣ метавонанд тибқи шартнома ба нашри матолиби характери рекламавидошта ва чопи эълону хабарномаҳо даст зананд. Ин ҷо суоле ба миён меояд: Вақте ки нашрия худ мушкил дорад, пас чӣ сон ба арзи хонанда мерасад? Хуб мешуд агар дар мизи мудаввар раисони шаҳру навоҳии минтақа иштирок мекарданд ва шояд ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба кадри имкон чора меандешиданд. Аммо як нуқта моро умедвор месозад, ки ба қавли Раиси ИЖТ З.Исмоилзода, пас аз сафари корвони рўзноманигорон ба минтақаҳо пешниҳодҳоеро дар шакли як консепсия ба Ҳукумати мамлакат ироа хоҳанд дошт, ки омўзиши он барои фаъолияти муассири нашрияҳои музофотӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо аз сўи мақомоти маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард. Ёдовар мешавем, ин дуюмин сафари корвони журналистон ба минтақаҳо аст. Сафари ҳайати аввали хабарнигорон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ ба навоҳии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сурат гирифта буд. Тибқи нақшаи Иттифоқи журналистон сафари корвони рўзноманигорон ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон ва берун аз он низ дар назар аст. Алӣ Ҷўра, Душанбе –Рашт- Душанбе. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.