СУХАНРОНИИ РАИСИ КИ ҲХДТ АҲМАДҶОН АЛИЗОДА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ24-08-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоиши имрӯзаи рӯзноманигоронро дар маркази вилоят аз ду ҷиҳат рамзӣ арзёбӣ кардан мумкин аст. Якум ин, ки аввалин маротиба бо даъвати КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва дар арафаи ҷашни муқаддаси миллиамон-25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳамоиш сурат гирифта истодааст. Ва дуввум, агарчӣ мавзӯи ҳамоиш каме ҳисоботӣ ба назар расад ҳам, вале дар асл мақсаду шиораш низ аз фармудаи Мавлонои бузурги Балхӣ «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад» сарчашма мегиранд.
Матбуоти ватанӣ-миллии мо бо раванди таҳавуллоти дунёи муосир ҳамқадам буда, нисбати солҳои аввали соҳибистиқлолӣ пешрафта ва замонавитар гашта истодаанд. Ҷойи шубҳае нест, ки рӯзноманигорони ҳирфаии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бо диди ҳақбини худ дар раванди рушду нумӯъ ва бозсозии Ватани азизамон, аз ҷумла тарбияи худогоҳии милливу ватанпарастии шаҳрвандон, саҳми худро гузоштаанд. Рӯзноманигорони Ватан ба хубӣ эҳсос намудаанд, ки навиштаҳояшон, аз ҷумла танқид, бояд дар асоси таҳлил ва таклифу пешниҳоди мушаххас, бо зикри роҳу усулҳои бартарафсозии камбудиву норасоиҳо интихоб шуда, ҷиҳати пешрафти ҷомеа мусоидат кунанд. Вале имрӯз рисолати асосӣ ва ҳирфаии рӯзноманигор, ки худро як ҷузъи матбуоти муосири ватанӣ меҳисобад, дар инъикоси воқеият, тибқи шиори «Манфиатҳои милливу давлатӣ аз манфиатҳои фардиву гуруҳӣ боло меистанд!», муаррифӣ мегардад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки орзуву армони ҳазорсолаҳои миллати тамаддунофари тоҷик ва фарзандони хирадманду қаҳрамони вай мебошад, имконияти васеъ фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба созандагиву бунёдкорӣ, аз ҷумла эҷодкорӣ машғул бошанд. Воқеан, вақти он расидааст, ки беҳтарин амалу сухан барои рушду нумӯи мамлакат ва таъмини амнияту пойдории соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон, иҷрову эҷоду гуфта шаванд. Вақти он расидааст, ки маъниву асли омода будан ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, аз ҷумла ҳифзи фарҳанги миллат ва марзу буми Ватан, дар маҷмӯъ ҳифзи пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистонро дар ниҳоди тоҷику тоҷикистонӣ тарбият ва устувор бигардонем. Ба кори ин конференсияи илмӣ-амалӣ комёбӣ таманно намуда, ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон табрику таҳният гуфта, боварӣ ва умед дорем, ки дар оянда низ рузноманигорони ватанӣ ва умуман матбуоти миллӣ барои таъмини пойдории соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва амнияту осудагии халқи он ҷаҳду талош меварзанд. Аҳмадҷон Ализода,
раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.