Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пайкори 25-солаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастии Пешвои муаззами миллату ҳизб

Пайкори 25-солаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастии Пешвои муаззами миллату ҳизб

21-07-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Пайкори 25-солаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастии Пешвои муаззами миллату ҳизбДар қатори кулли шаҳрвандони Тоҷикистон, мо - аъзои ҲХДТ дар вилояти Хатлон хушбахтем, ки соҳиби сарвати бузурге чун маҳбубияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем.

Бо шарофати ҳамин сарвати бузург, имрӯз вилояти Хатлон ба яке аз вилоятҳои таъминкунандаи самтҳои стратегии рушди мамлакат: амнияти энергетикӣ ва озуқавориву аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани он табдил ёфтааст. Бо ифтихори бузург бояд зикр кард, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мо дар сафи пеши бунёдкорони Ватан қарор доранд ва бо иқдому ташаббусҳои худ дар амри созандагиву бунёдкорӣ нақши шоистаи худро мегузоранд.

Ҳоло ташкилоти ҳизбии вилоят бо азми қавӣ сиёсати бунёдкоронаро амалӣ гардонда, ҷиҳати боло бурдани сатҳи зиндагии мардум саҳмгузорӣ менамоянд. Асоси фаъолияти тарғиботии ҳизбиёни вилоятро раванди ба шаҳрвандон расонидани моҳияту аҳамияти Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии 25 соли даврони соҳибистиқлолӣ, таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар мегирад.

Мо масъулони ҳизбӣ худ меомӯзем ва ба шаҳрвандон пайваста талқин мекунем, ки истеъдоди худодод, фитрати бузурги шахсӣ, ватанпарастиву ҷасорату қаҳрамонии ба худ хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаст, ки миллати тоҷик аз пурдаҳшаттарин ва пурфоҷеатарин марҳалаи таърихии зиёда аз 2300-солаи худ гузашт. Аввалин бор аз ҷониби Пешвои миллии худ шунид, ки «шумо аз ҷумлаи миллатҳои тамаддунофар, миллати тоҷик ҳастед». Аз минбари СММ бо забони ноби тоҷикӣ сухан гуфтани Пешвои худро ва муроҷиатҳову пешниҳодҳои хирадмандонаи ӯро ба оламиён, аввалин бор шоҳид гардид.

Баъди ҳазорсолаҳои аз давлати соҳибистиқлол маҳрум будан, аввалин дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастиву ватандориро аз суханрониву ҳидоятҳо ва китобҳои арзишманди Сарвари миллии худ, аз ҷумла «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Дин ва ҷомеа», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ» гирифта истодаем. Аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои худ андешаи «ИСТИҚЛОЛ»-ро миллат дар дилу ниҳодаш бедору устувор мегардонад. Шоҳиди он гаштем, ки дар идомаи анъанаи тамаддунофарии аҷдодони гузаштаамон, аз ҷониби Президенти Тоҷикистон тамаддунсозии нав - тамаддуни сеюм оғоз гардидааст, ки таҳкурсии устувори он фарҳанги сулҳофарӣ ба шумор меравад ва оламиёнро ба ҳайрат овардаасту боиси ибрату омӯзиши онҳо гаштааст.

Мо ифтихор дорем, ки бо ташаббусҳои наҷиб дар сатҳи ҷаҳонӣ, ибрати шахсӣ ва бо иродаи нерӯманди худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таъмини амнияту рушди Ватани азизамон, ҳамчун Пешвои миллат, халқро ба созандагиву бунёдкорӣ ва худшиносии милливу ватанпарастӣ ҳидоят намуда, дар олами башарӣ ҳамчун Пешвои асри ХХ1 эътироф ва дар қатори 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд.

Бо иқболи баланду пойи қадами неки худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нобиғаҳои илму адабу сиёсати давлату давлатдории гузаштаро зиндаву гиромӣ дошта мешавад. Воқеияту адолати худовандӣ мебошад, ки тоҷикон дар дарозои таърихи пурфоҷеаи зиёда аз 2300-солаи худ, яъне баъди аз байн рафтани Империяи бузурги аҷдодони мо- Империяи форсҳо, инак 25 сол мешавад, ки ба орзуву ормони Давлати соҳибистиқлол ва Пешвои миллии худ доштан, расидем.

Аз ҳамин лиҳоз ҳар як аъзои ҷомеа, аз ҷумла аъзо ва ҷонибдорони ҳизбу ҳаракатҳо вазифадорем, ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои ҳизбӣ ва гурӯҳӣ боло донем ва дар ободиву осудагии Ватан саҳмгузорӣ намоем. Аз ҷумла эҷодкору навовар ва ихтироъкор бошем. Хубтару равшантар дарк намоем, ки барои ҳар як фарди боору номӯс, аз ҷумла аҳли илму адаб, акнун вақту майдони амалу сухан, ба хотири ободиву озодии Ватан омадаст. Боварӣ ва умед дорем, ки диду таваҷҷуҳи аҳли тақво ва намояндагони ҷамъиятҳои динӣ низ ба тақдири ояндаи Ватан ва давлати Тоҷикистон ва манфиатҳои он, аз таваҷҷӯҳ ба дин ва диди диниву мазҳабии онҳо болотар ва қавитар мегадад.

Ҳамасола ташкилотҳои ҳизбии вилояти Хатлон ҷаҳду талош меварзанд, ки иди муқаддаси миллӣ-Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо дастовезҳои арзандаи меҳнатӣ пешвоз бигиранд ва таҷлил намоянд. Аз ҷумла, танҳо дар панҷ соли охир Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои таҳкими корҳои ташкилӣ, таблиғотӣ ва молиявии ҳизбӣ як қатор ташаббусҳоро пешниҳод ва амалӣ гардондем. Аз ҷумла мо дар доираи фаъолияти ташкилии ҳизбӣ дар ҳудуди ҳамаи 154 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят ситодҳои таблиғотии доимиамалкунандаи ҳизбӣ ташкил кардем, ки онҳо мунтазам ва самаранок амал менамоянд.

Дар ҳайати ҳар як ситоди таблиғотии доимиамалкунанда ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ» созмон дода шудаанд, ки ба аъзогии он донишмандони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд ва онҳо мунтазам дар корхонаву муассисаҳо, кӯчаву маҳаллаҳо ва саҳроҳо кори таблиғотӣ мебаранд. Инчунин дар ҳамаи 1500 деҳаву маҳаллаҳои ноҳияву шаҳрҳои вилоят аз ҳисоби ҷавонони фаъоли синну солашон то 30-солаи аъзои ҳизб гурӯҳҳои мобилӣ ташкил ва ба ҳайати ситодҳо шомил шудаанд. Аз соли соли 2013 сар карда дар назди шуъбаи ҷавонони КИ вилоятии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи шаҳриву ноҳиявии он «Гурӯҳи ҷавонони ташаббускор» ташкил кардем.

Ба хотири ҳарчӣ бисёртар ба сафҳои ҲХДТ ҷалб намудани шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва пурқувват намудани таблиғоти ҳизбӣ пайваста таҳлилу омӯзишҳо мегузаронем. Чунин ташаббусҳои вилояти мо соли 2015 аз ҷониби роҳбарияти олии ҳизб пурра дастгирӣ ёфт. Ҳамин тавр то 1 июли соли 2016 шумораи аъзои ҲХДТ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар вилоят мутаносибан ба 172300 нафар ва 1488 адад расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2010-ум 135787 нафар зиёд мебошад.

Дар фаъолияти таблиғотии ҳизбӣ бошад, аввалин шуда маҷмуи шиору овезаҳои ҳизбиро дар шакли китоби алоҳида (албом) таҳия намуда, ба ҳамаи ташкилотҳои ҳизбӣ дастрас гардондем ва ба ташкилотҳои ҳизбии баъзе шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ пешниҳод кардем. Дар 5 соли охир зиёда аз 8 ҳазор шиору овезаҳои гуногунҳаҷми ҳизбиро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ омода ва дар мавзеъҳои сераҳолӣ насб кардем.

Анъанаи баргузор намудани аксияҳои ҳизбӣ ва «Рӯзҳои ҲХДТ»-ро мунтазам дар ҳудуди ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба шакли нав идома дода, қадршиносии беҳтарин ва ҳунармандтарин шаҳрвандон, собиқадорони ҷангу меҳнатро ба роҳ мондем ва ба ин самт аъзои фаъоли ҳизб-соҳибкорону тоҷиронро ҷалб намудем. Аз ҷумла аз аввали соли 2016 сар карда, чор аксияи ҳизбиро таҳти унвони Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро мехонем”, «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд», «Барои ояндаи боамну озод, ободии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии худ овоз медиҳем», аксияи ҳизбӣ бо шиори «Таблиғот тавассути созандагию бунёдкорӣ»-ро қабул намуда, ҳар ҳафта, хусусан рӯзҳои шанбе аз ҷониби гурӯҳҳои мобилӣ ва аъзои ҷамъияти таблиғотии «Фарҳанги сиёсӣ» дар деҳаҳо ва маҳаллаву кӯчаҳо мардумро ба корҳои ободонӣ ҷалб карда, ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем.

Маводи аёнии тарғиботиро дар шакли китобу буклетҳо, албому овезаҳо, тақвиму дастурамалу роҳнамоҳо, даъватнома, ифтихорномаву сипосномаҳо таҳия ва омода сохта, ба ташкилотҳои ҳизбиву аъзои ҳизб дастрас мегардонем. Барои донишҷӯёну унвонҷӯёни мактабҳои олии вилоят бошад, ҷоизаву идрорпулиҳо таъсис додаем. Аввалин сомонаи аз ҷиҳати техникӣ мукаммали интернетии ҲХДТ дар вилояти Хатлонро ташкил кардем, ки онро дар як шабонарӯз то 3500 шаҳрвандони дохилу хориҷи Ватан мутолиа менамоянд. Аввалин шуда таҷрибаи ҳамкорӣ ва ба имзорасонии созишномаҳоро бо мақомоти ҳизби «Единная Россия» дар минтақаҳои Санкт-Петербург, Иваново, Челябинск, Иркутск, ҷумҳуриҳои Бошқирдистону Удмурдистони Федератсияи Россия, бо мақсади мусоидат ба беҳтаршавии шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ба роҳ мондем.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, тибқи Низомномаи молиявии ҲХДТ ва талаботи мақомоти молиявии кишвар дар фаъолияти молиявии ҳизбӣ ва бунёдкорӣ ба роҳ мондани ҳисобу китоби молиявии ташкилотҳои ҳизбӣ, бо дастури КИМ ҲХДТ, бо раисону сармуҳосибони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машғулият-семинари умумиҷумҳуриявӣ гузаронд. Дар натиҷаи беҳтар гардонидани фаъолияти молиявӣ КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон танҳо дар чоруним соли охир фонди музди меҳнати кормандони ҳизбӣ то 5 маротиба афзуда, шароити меҳнату истироҳати онҳо ба маротиб беҳтар гардонида шуд.

Дар ин давра аз ҳисоби воридоти ҳаққи узвияти ташкилотҳои ҳизбии вилоят ба суратҳисоби Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ зиёда аз 627 ҳазор сомонӣ ирсол намудем. Ҳар сол 25 кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 950 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб то 160 ҳазор сомонӣ маблағҳои андози давлатиро месупоранд. Бо мақсади дар амал иҷро намудани дастуру ҳидояти бунёдкоронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба тариқи ҳашар 7 бинои маъмурии ҳизбиро дар ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Хуросон, Н.Хусрав, Фархор, Қумсангир, Қубодиён ва шаҳри Сарбанд сохта ба истифода додем.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки ин ташаббус аз ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ дастгирӣ ёфт ва ҳангоми буридани лентаи баистифодадиҳии бинои дуошёнаи маъмурии ҳизб дар ноҳияи Фархор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки чунин биноҳо дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон сохта шаванд.

Умуман фаъолияти мунтазам ва масъулияти баланди касбии ҳизбиён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон имконият фароҳам овард, ки онҳо дар маъракаҳои муҳим ва хеле тақдирсози сиёсии дар се соли охир дар Ватани азизамон-Тоҷикистон баргузоргашта, саҳми арзанда дошта бошанд ва ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз бигиранд.
А.Ализода, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: