Ҳамкории Тоҷикистон бо Интерпол3-08-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 332 нафар
Назарҳо: 0
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки барои ошкор ва дастгир кардани ҷинояткорон бо полиси байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Рамазон Раҳимзода 22 июл дар нишасте бо хабарнигорон афзуд: «Ҳоло дар маҷмӯъ, 342 шаҳрванди Тоҷикистон таҳти пайгарди Интерпол ҳастанд, ки 275 нафари онҳо аъзои гурӯҳҳои ифротгарову террористианд.» Ба гуфтаи ӯ, тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ, 1047 ҷинояти дорои хусусияти террористию – экстремистӣ дошта, муайян ва ошкор гардида, аз дастгиршудагон миқдори зиёди китобҳои дорои хусусияти ифротгароӣ, воситаҳои техникӣ, наворҳои гуногун, варақаҳои ташвиқотии зиддиҳукуматӣ, маводи мухаддир ва силоҳҳои оташфишон дарёфту мусодира шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони ин вазорат 110 гурӯҳи муташаккили ҷинояткор дар ҳайати 1387 нафар барои содир кардани 629 ҷиноят муайян ва дастгир карда шуданд. Вай таъкид кард: «Ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ ба ҳисоб рафта, мақомоти корҳои дохилӣ талош менамояд, ин раванд дар ҳаёти ҳамарӯза таъмин гардад. Вале ҳолатҳои савдои инсон ба назар расида, дар ин давра 26 ҷинояти мансуб ба хариду фурӯши одамон, 7 ҷиноят дар самти амнияти иттилоотӣ ва 376 ҷиноят вобаста ба моликияти зеҳнӣ муайян ва ошкор карда шуд.» Дар ин нишаст зикр гардид, ки тайи 6 моҳи гузашта аз чор кӯшиши созмони “Давлати исломӣ” барои роҳандозии ҳамлаҳои террористӣ дар кишвар пешгирӣ кардаанд. Ба гуфтаи вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, террористон мехостанд, биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар Душанбе, Хуҷанд ва Панҷакент мавриди таркишу ҳамла қарор диҳанд, вале боздошт гардиданд. Ӯ афзуд, боздоштшудаҳо ҷонибдори Давлати Исломӣ буданд ва аз Сурия баргашта, бо анҷоми ин амалиёти террористӣ мехостанд, ҷомеаро ноором созанд ва дар дили мардум тарсу ваҳмро ҷойгир кунанд. Ба гуфтаи вазир, фармоишгари ин ҳамлаҳои террористӣ, ки ҷилавгирӣ шуданд, раҳбарияти Давлати Исломӣ будааст. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.