Се суриягӣ мехостанд Олмонро тарконанд7-06-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 227 нафар
Назарҳо: 0
Дар Олмон бо гумони робита бо гуруҳи "Давлати исломӣ" ва қасди ташкили ҳамла дар қисмати ғарбии шаҳри Дюсселдорф се суриягӣ боздошт шуд.
Қасди ҳамла пешгирӣ шуд, зеро суриягии чаҳорумин, ки аз вай Солеҳ А. ном бурда мешавад, 1 феврал ба мақомоти Порис таслим шуда буд. Вай эътироф кард, ки ҳамлае дар нақша аст. Баъди бозпурсии Солеҳ А. барои муфаттишони олмонӣ чаҳор моҳ лозим шуд, то дар мавриди се марди боздоштшуда иттилои кофӣ ба даст оранд. Солеҳ А. дар маҳбаси Фаронса боқӣ мемонад, аммо Олмон талош дорад, ки ӯро истирдод кунад. То кунун Олмон ҳадафи ҳамлаҳои бузург, ҳамлаҳое монанди Белгия, Фаронса, Испания ва Бритониё, қарор нагирифта буд. Аммо ин кишвар осебпазир шинохта мешавад, зеро соли гузашта садҳо ҳазор муҳоҷир ба он сарозер шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.