Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шукри ободию осудагии Ватан мекунам

Шукри ободию осудагии Ватан мекунам

2-08-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 371 нафар
Назарҳо: 0
Шукри ободию осудагии Ватан мекунам
Ман, Гулнора Ғаниева муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Мадад»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд.

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мо як гурӯҳ занҳои фаъоли шаҳри Хуҷанд аз ҷойҳои таърихии шаҳри Панҷакенти бостонӣ дидан намудем.

Воқеан, ман дар ин сафар ба худ хеле таассуроти зиёдро гирифтам. Хусусан, заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмиру тармими роҳҳои мошингард, таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат дар самти эҳё намудани ҷойҳои таърихӣ аз қабили шаҳраки қадимаи Саразм, муҷассамаи Асосгузори адабиёти класикии форсу тоҷик Абӯабдулоҳ Рӯдакӣ ва хонамузейи шоири зиндаёд Лоиқ Шералиро ба чашми худ дидем.

Дар ҳақиқат дар муддати на чандон зиёд кишвари мо хеле ободу шукуфон гардидааст. Обод гардидани дохили шаҳри Панҷакент моро хеле рӯҳбаланд гардонид. Ба ман Шоми Панҷакент, ки дар он мо оромию осудагӣ ва дӯстию рафоқати мардуми ин шаҳрро мушоҳида кардем хеле писанд омад. Бегоҳӣ дар маркази шаҳр мусиқии форам садо медод ва занону ҷавонон, кампирону муйсафедон дар мизҳо нишаста шукри ободию оромӣ ва осудагиро мекарданд. Аҷибаш он аст, ки мо дар онҷо бо шаҳрвандони Германия вохӯрдем, ки онҳо низ бо хушнудӣ рақсу хурсандӣ мекарданд.

Ҳамзамон, мо таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов аз вазъи хизмати афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳияҳои Шаҳристону Айнӣ ва шаҳри Панҷакент дидан намудем, ки ин ба мо таъсири хеле хуб бахшид, зеро шароити қисмҳои низомиро бо чашми худ дидем.

Ман гумон мекунам, ки иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хеле иқдоми саривақтӣ буд ва минбаъд низ агар чунин иқдомҳо роҳандозӣ гарданд боиси баланд бардоштани ҳисси ватанпарастию ватандӯстӣ ва қавӣ гардидани мафкураи ҷаҳонбинии занону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеаи мо хоҳад шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: