Таваҷҷӯҳ ба ҲХДТ зиёд мешавад29-07-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 413 нафар
Назарҳо: 0
Кормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонони ноҳия ба ҷамоати деҳоти Анзоб сафар карда, аз ҳаёт ва кори мардуми деҳаҳои Такфон, Пишанза, Марғеб ва Анзоб дидан карданд. Зимни мулоқотҳо бо мардум бештар аз дастовардҳои даврони Истиқлол, вазъи феълии сиёсии кишвар сухан карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки барномаи амалии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҲХДТ тавъам буда, дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ҳизбиён низ саҳми шоиста мегузоранд. Дар мулоқотҳо раиси кумиҷроия Ғаниҷон Қобилов низ сухан карда, шомилшавӣ ба сафи ҲХДТ-ро шарафи бузург номид. Номбурда дар баромадҳояш таъкид намуд, ки нақши занону ҷавонон дар густариши фаъолияти ҳизбӣ хеле калон аст, аз ин рӯ, ҳизб бештар ба ин қишрҳои ҷомеа такя намуда, якчанд лоиҳаро дар ин самт роҳандозӣ карданист. Зимни мулоқоти озоду шаффоф сокинон, хоса ҷавонон омодагии худро барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ иброз доштанд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.