Дарси ватандӯстиву ватанпарастӣ26-07-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон бо иштироки муовинон, сардорони шуъбаҳо ва масъулон дарси сиёсӣ баргузор гардид.
Ин чорабинӣ бо мақсади дастгирӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон»-ро мехонем!» доир карда шуд. Сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон полковники милитсия Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ дарси сиёсиро кушода, суханро ба раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода дод. Аҳмадҷон Ализода қабл аз ҳама ба Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон барои дастгирии Аксияи ҳизбӣ ва доир намудани чунин вохӯрӣ изҳорӣ миннатдорӣ намуда, ин ҳамоишро як дарси ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз давлату миллат, қадршиносӣ аз истиқлолият, арҷгузорӣ ба дастовардҳои истиқлолият ва ҳифзи дастовардҳои он номид. Зимни суханронӣ А. Ализода аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуда, онҳоро сипари боэътимоди Ватан номид ва таъкид намуд, ки роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа қотеъона мубориза баранд. А. Ализода ёдовар гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мо борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем. Аҳмадҷон Ализода аҳли толорро ба омӯзиши таърихи миллат, ҳувияти миллӣ, ҷойгоҳи тоҷикон дар дарозои таърих ва хусусан истифода аз китобҳои «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ даъват намуд. Ҳамчунин даъват намуд, ки бо шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободии Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Дар фароварди ин вохӯрӣ Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода барои чунин як суҳбати хотирмон изҳори миннатдорӣ намуда, ба аҳли толор тасмими худро оид ба баргузор кардани чунин омӯзиши таърихи ниёгон эълон намуд ва ба сардорони шуъба ва сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ оиди амалигардонии он супориш дод. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.