Аксияи ҳизбӣ23-06-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 242 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб дар китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» доир гардид.
Дар аксияи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева С., таърихшинос Шоинов Ҳ., директори китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб Обидов С. ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баргузории чорабинӣ қироати порчаҳои назмӣ ва нақли насрӣ аз китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, шеърҳо дар васфи ватан, ваҳдат, истиқлолият ва хондани порчаҳои мазмунан ва мантиқан баланд аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби донишҷӯён иҷро карда шуданд. Бояд зикр кард, ки бо мақсади дар қалби ҳар як шаҳрванд, хусусан, ҷавонон бедор кардани ҳисси ватанпарастӣ, худшиносӣ ва омодасозии онҳо барои ҳифзу таҳкими пояҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва инчунин дар амал татбиқ намудани ғояҳои дар ин шоҳасарҳо овардашуда аксияи мазкур баргузор шуда истодааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.