Нишондиҳандаҳои оморӣ15-07-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 154 нафар
Назарҳо: 0
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ ин масъалаҳои ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба ҲХДТ дар қаламрави вилоят мебошад. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд давоми моҳҳои январ-июн ҷиҳати зиёд намудани сафи аъзои ҳизб чораҳои мушаххас андешид. Агар ба санаи 1 январи соли равон теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ 1152 адад бошад, охири июни соли 2016 теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ 38 адад зиёд гардида, миқдоран ба 1190 адад расид. Шумораи аъзои ҳизб агар ба 1 январи соли 2016 102255 нафар бошад, пас ба 1 июли соли равон он ба 110890 нафар расид. Бо ибораи дигар, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ шумораи аъзои ҳизб 8635 нафар зиёд гардидааст. Аз шумораҳои умумии аъзоёни ҳизб занон 58051 нафар, ҷавонон 41388 нафарро ташкил медиҳад. КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд кӯшиш менамояд, ки қабули босифати аъзои ҳизб ҳамеша дар мадди назар бошад. Аз ҳисоби ҷавонон, духтарону бонувони соҳибмаърифату ватандӯст, собиқадорони меҳнат сафҳои ҳизб пурқувват карда шуда, ба ин васила талаботҳои оинномавии ҲХДТ амалӣ гардад. Бале, ин воқеият аст, ки имрӯз ҲХДТ ҳамчун ҳизби бавуҷудорандаи сулҳу субот, оромӣ, ваҳдат, ҳамдилӣ ва ҳамандешӣ, бунёдкору созанда дар дили сокинони Тоҷикистон мавқеи мустаҳкам пайдо кардааст ва боварии аҳли ҷомеа ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.