Ҳама иқдом барои насли ояндаи солим14-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 372 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дар истироҳатгоҳе, ки обу ҳавои тоза дошта, тамоми шароитҳои мувофиқу мусоид барои ҳам машғулияту ҳам истироҳат ва ҳам сайру гашт омода гардида буд, наврасону ҷавонон бо кайфияти болидаву хуш вақтгузаронӣ доштанд ва ташкилкунандагони чорабинии мазкурро бо руҳияи шоду идона пешвоз гирифта, дар иҷрои тамоми шартҳои бозиҳо чусту чолок ва фаъол буданд. ![]() Дар хотимаи чорабинӣ мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Ҳоҷиев, и.в.роҳбари НТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов ва мутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Вафоҷон Қӯлдошов дар назди насли наврас як ба як сухан карда, аз чобукию варзишдӯстии наврасон ибрози қаноатмандӣ ва хушнудӣ намуда, туҳфаҳои КИ ҲХДТ дар н.Деваштичро барои иштирокчиёни фаъол ва дастаҳои ғолиб тақдим карданд. ![]() ![]() ![]() ![]() |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.