Ваҳдат сулҳ ва бунёдкорӣ мароми мост1-07-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
Ба муносибати 19-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Роҳи оҳан” бо иштироки Қаландаров Усмон, муовини раиси КВД “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, Шамолов Абдулвоҳид, аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Рузиева Ҳамида, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Муродов Ҷурабек, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Латипов Анвар, муовини кумитаи мазкур ва аъзоёни ҳизб маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Сараввал Латипов Анвар ҳамоиши идонаро кушода аҳли нишастро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки Ваҳдати миллӣ сармояи эътимоднокест, ки ҳар як давлат дар заминаи он метавонад ояндаи худро ба таври дилхоҳ бунёд созад. Сипас Шамолов Абдулвоҳид риштаи суханро ба даст гирифта қайд кард, ки воқеан ҳам ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки он ба хотири якпорчагӣ ба муттаҳидии миллати бузурги тоҷик баъд аз ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ сурат гирифт, нақши боризеро дар таърихи муосири тоҷик гузоштааст. Имрӯз барои мову Шумо тоҷикон ифтихор аст, ки 19-сол инҷониб дар фазои сулҳу осоиш умр ба сар мебарем. Дар охир ба хотири бузургдошти 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аъзоёни фаъоли ҲХДТ бо Сипосномаву Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.