Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар таълиму тарбияи фарзанд саҳлангорӣ насозем

Дар таълиму тарбияи фарзанд саҳлангорӣ насозем

25-03-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 472 нафар
Назарҳо: 0
Дар таълиму тарбияи фарзанд саҳлангорӣ насоземИмрӯзҳо масъалаҳое, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва хурофотпарастии онҳо, парастиши либосҳои бегона байни ҷавондухтарон мебошад. Нигаронкунандааш ин аст, ки бисёр ба ин гуна гуруҳҳо ва хурофотпарастӣ ҷавонон шомил мегарданд. Яъне иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар байни волидон пурра ба роҳ монда нашудааст.

Аз ин лиҳоз гуруҳҳои таблиғотии доимоамалкунандаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг оиди масъалаҳои номбурда байни сокинони маҳаллаҳои дурдаст вохӯрию корҳои таблиғотиро баргузор намуда истодаанд.

Дар муассисаи таълимии № 33 – и деҳаи Мазори Ҳазрати Султон бо сокинони маҳаллаҳои Айлоқдара, Дараи Аспон вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ рафти иҷрои қонуни дар боло зикргардида, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои терористӣ - ифротгароӣ, пӯшидани либосҳои бегона мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аз ҷумла аъзои гуруҳи таблиғотии доимоамалкунанда С. Сатторов ба сухан баромада, оиди масъалаҳои дарҷгардида ва қонунҳои ҷорӣ ҳарф зада, сокинонро таъкид дошт, ки нисбати амалҳои номатлуби гуруҳҳои ҷиноятпеша бетараф набуда, дар таълиму тарбияи фарзанд саҳлангорӣ насозанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: