
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш вобаста ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир намуд.
Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш О. Маҳмадов ба сухан баромада иброз дошт, ки Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои беҳбудии ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ ироа мегардад.
Дар рафти вохӯрӣ иштирокчиён аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш барои доир намудани чунин вохӯрӣ ибрози сипос намуда, таъкид доштанд, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои аз ҷониби Раҳбари давлат додашуда, саъю кӯшиш менамоянд.