
Бо иштироки муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Иброҳим ва директори Маркази ҷавонони «Ориё» дар шаҳри Душанбе, дар шаҳри Норак дар масъалаҳои мубрами рӯз дар китобхонаи марказӣ бо аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан», ҷавонон ва бонувон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯрӣ доир карда шуд. Меҳмонон оид ба масъалаҳое, ки барои ҳаёти имрӯзаи ҷавонон аз қабили воридшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, сабабҳою омилҳои гирифтории ҷавонон ба ин гуруҳҳо ва ҳаёти ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ суҳбату маслиҳатҳои муфид дода, ҷавононро ба хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ҳимояи Ваҳдати ба дастомада, шукргузорӣ аз Пешвои миллат ва Истиқлолият ва давлати тинҷу осуда даъват карданд.