Рӯзе, ки хушбахтӣ овард23-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 239 нафар
Назарҳо: 0
Оре, солҳо паи ҳам мегузаранд. Рӯзҳои шадиду оташбори соли 1992 аз мо торафт дур мемонанд. Аммо дарду доғи он аз дили онҳое, ки падару модар, бародару хоҳар, фарзанд ва хешу табор гум кардаанд, ҳаргиз нест намешаванд. Онҳое, ки азизони хешро аз даст додаанд, то ҳанӯз месӯзанду ашк мерезанд. Ва ҳеҷ касро бовариаш намеомад, ки баъди сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар лабони мо бори дигар табассуми ширин падид меояд. Ватани азизамон дар миёни обу оташ қарор дошт. Ана, дар ҳамин шабу рӯзҳои оташбор ҷавонмарди ҷасуру тавоное бо номи Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омад, ки кишварро аз парокандагӣ нигоҳ дошт. Аммо дар ҳамон лаҳзаҳои вазнин баъзеҳо ба қудрати ин шахсияти бузург чандон боварӣ надоштанд. Фикр мекарданд, ки оташи ҷанг дар кишвар хомӯш намегардад ва давлати тозаистиқлол ба зудӣ аз байн меравад. Аммо бо амри Худованд нақшаи ҷангҷӯён хароб гардид муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суханони ҷовидонаи хеш: «Ман ба Шумо сулҳ меорам», қатъӣ истод. Дар кишвар баъди мулоқоту вохӯриҳои зиёд сулҳ тантана намуд. Ва рӯзе, ки ҳама интизораш будем фаро расид. Инак, мо ҳар сол рӯзи 27-уми июнро ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ботантана қайд мекунем. Орзую ҳавасҳои ширини хешро бо ҳам мешиканем. Ва бояд ҳаргиз фаромӯш накунем, ки ин ҳама кӯшишҳо дар роҳи сулҳу ваҳдат ба осонӣ рӯи даст наомадааст. Пас меарзад, ки ба қадри заҳмату ранҷи Президенти кишвар бирасем ва нагузорем, ки бадхоҳону сиёҳкорон бо чашми каҷ сӯи Ватани азизи мо назар андозанд.
Имрӯз ман ҳамчун як фарди миллат хешро хеле хушбахт ҳис мекунам. Ва аз он шод ҳастам, ки чунин як кишвари ободу зебо дорам. Ба ҳар як гӯшааш агар имрӯз назар афканем, хешро албатта хушбахт ҳис мекунем. Дастовардҳои сулҳу ваҳдат хеле зиёданд. Ин ҳама аз файзу баракати сулҳи тоҷикон аст. Ҳатто ҷаҳониён ба сулҳи мо офарин мехонанд. Ва дигар кишварҳои ҷангзадаю ноороми дунёро даъват менамоянд, ки аз таҷрибаи сулҳҷӯёнаи мо истифода баранд. Аз ҳар як соли сипаригардидаи сулҳу ваҳдат кишвари мо ба худ рангу таровати тару тоза мегирад. Аз дидани манзараҳои дилфиреб, корҳои созандагию бунёдкорӣ, шоҳроҳу нақбҳои нав чашми дил об мехӯрад. Ва ин ҳама бори дигар ҳар яки моро водор месозад, ки нисбат ба ин сарзамин дилсӯзу ғамхор бошем. Беҳуда нест, ки гуфтаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.