Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Гулдони дилам...

13-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 1059 нафар
Назарҳо: 0
Гулдони дилам...
Бозгард

Зиндагиям бо рафтанат рӯ ба суқут кардаву ханда дар лабонам рӯ ба сукут аст.

Дунёям ҷаҳаннаме беш неву олами сарду зулмониям ба абад яхбаста аст… Бозгард. Баргард…

Бозгард, то аз нав эҳёям бисозӣ чун Наврӯзи сол ва гармие ба рӯҳу танам бибахшойӣ ҳамчун тобистони файзбахш ва ба сони фасли пойиз умрамро пурбаракату борвар гардонӣ. Баргард то аз сапедиҳои барфҳои даймоҳ самои зиндагиям испед гардаду ҳаёти бо ту биҳиштосоро бо омаданат бозпас… орзу бисозам.

Имрӯзи бо ту

Сар ба рӯи зонуят гузоштам, накҳати биҳиштосои танат рӯҳамро ба самои лаззати оғӯшат бурд.Дар олами малакутии васли деринтизор рӯҳам дар парвоз ва танам дар осоиш буд.

Панҷаҳои нармат мӯямро шона мезаду торҳои аъсобам, оҳанги тараб доштанд. Дил дар сина чун тифл дар гаҳвора ту гӯйӣ аллаи модар ба гӯш, ба хоби ноз мерафт.

Аҷаб оромише дорам, гоҳе ки бо туям. Замоне орзуҳои ҷавониям амалӣ шуд, ки дигар мӯям испед гашта буд. Ҳине, ки дигар дунё ба назарам берангу хокистарӣ буд, ту дар олами афсонавии ман пайдо гаштӣ ва онро мушкбезу садранг гардондӣ.

Инак дар оғӯши пурмуҳаббатат инони хешро метавонам ба олами рӯъёӣ биспорам ва то абад он ҷо …худ маскан гузинам.

Фардои бе ту

Куҷоӣ, ки сари пур аз суолҳои беҷавобамро ба зонуят гузораму даме осоиш биёбам? Куҷоӣ, ки панҷаҳои нармат шона ба гесувонам бизананду ман дар самои хушбахтӣ то ба авҷҳо дар парвоз бошам?

Куҷоӣ, ки бо диданат дил дар сина оромиш биёбаду торҳои аъсобамро оҳанги пурнавозишат бо зангулаи хушбахтиҳо ҷӯр гардонад?

Куҷоӣ, ки дар оғӯши пурмуҳаббатат ба хоби ноз биравам ҳамчуноне, ки бо аллаи модар дар гаҳвораи ноз?

Замоне, ки тақдир чун тадбири ислоҳи сарнавишт, моро ба ҳам овард, ки дигар бо мӯйи испед ҷунуни ҷавониро ба сар доштам. Ҳине, ки дунёям берангу хокистарӣ буд, бозомадат ба он садрангиҳо бахшид.
Инак, ба ёди оғӯши пурмеҳрат хешро дар самои рӯъёӣ дар парвоз мебинаму орзуям… то абад он ҷо маскан гузидан аст.

Гулдони дилам бароят холист

Гулҳои садранг дар гулдонҳои хонаам, шукуфтаанд, аммо гулдони дилам мунтазири дастагули муҳаббатат тиҳист. Дарахти олучаи боғамон гулбасар аст, вале як гуле дар кокулони ман нест, сарам ба ёди гул ба кокул задани ту, саргардон аст. Сабзаи пуштаи пешорӯи тирезаам ба мисоли махмали сабз алвонҷ мехурад, аммо ёдат дар дилам майл ба хазон дораду зардияшро ба рухсораҳоям додааст. Дар дилам баҳор, дар сарам хумор, ба чашм интизор, аммо қалбам қарор аст, зеро медонам, ки ту дил ба дигаре додаиву дигар ҳаргиз намеоӣ…

Бо роҳи «Каҳкашон» то нокуҷои кайҳон

Аз субҳ як гӯшаи дилам сиёҳ асту андешаам ба ёди диданат ғуё ба кайҳон ба ҷустуҷуи рӯҳи ту рафтааст, то биёбадат ва ту эҳсос намоӣ, ки ман чӣ қадар мунтазират ҳастам. Чун замони пешин барои омаданат хонаҳоро тамиз кардаам, худро ороставу пероста намудаам, хони пурлаззате оростаам, чашм ба дару дил беруни дар, тифлона интизориву беқарорӣ дошт. Садои раъди баҳорӣ ба худам оварду ба ойина нигоҳ кардам. Тораҳом мӯйи сафедам, ки дар фарқи сарам чун «роҳи каҳкашон» буд, андешаҳоро миёни осмони сиёҳи шаб ба нокуҷое бурду бурд. Чун ба охири раҳ расидам, дидам, ки миёни хонаи зебоям дар хилвати шаб чун ҳама шабҳои дигар ороставу пероста бо чашмони ноумеду пурнам, танҳоям…
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: