Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иҷлосияи 16-ум ва ибтидои корномаҳои Пешвои миллат

Иҷлосияи 16-ум ва ибтидои корномаҳои Пешвои миллат

7-12-2015, 05:30
Хабарро хонданд: 615 нафар
Назарҳо: 0
Иҷлосияи 16-ум ва ибтидои корномаҳои Пешвои миллат
Тоҷикистони азизи мо, диёри назаркардаи Худо, сарзамини дорои куҳҳои сар ба гардуну пурганҷ, обҳои зулолу захираҳои калони энергетикӣ, манзараҳои бихиштосою рӯзҳои офтобии бо сафо, замини зархезу боғҳои шахдрез, аз ҳама муҳимаш макони халқи заҳматкашу ба ору номус, меҳнатқарину соҳибтамаддун аст.

Шояд ҳамин ганҷҳои худододу шаҳристони обод ва ганҷхезии замини мост, ки дар ҳама давру замон бегонагон ба мулкамон бо чашми ҳасрат менигаранд ва барои соҳиб шудан ба ин замини дар паноҳи Раҳмати Худованд қарордошта, аз ҳеҷ пастию ноҷавонмардӣ рӯй намегардонанд ва чун мебинанд, ки иродаи миллати мо шикастнопазир аст, роҳи фиребу найранг, низоъандозию фитнаангезиро пеш мегиранд. Чунин гирифтори фитнаи бегонагон шудани Миллат дар тули таърих борҳо мушоҳида шудааст. Мутаасифона дар охири асри XX чун худованд баъди ҳазор сол истиқлолиятро ба миллати мо арзонӣ дошт, боз чашми душманони миллат сих зад, боз рӯйсиёҳии рақибон рӯи кор омаду Миллатро ба майдонҳо кашида, Тоҷикистонро пора-пора кардан хостанд, аммо хиради азалие, ки дар хуни миллат омехта буд, тамаддуни чандинҳазорсолаи мо нагузошт, ки хасм ба муродаш бирасад.

Хирадмандони миллат аз иродаи халқ илҳом гирифта, дасти ҳам бигрифтанд ва дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-и Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват карданд. Хушбахтона Иҷлосия бо душворӣ бошад, ҳам вазифаи таърихии худро адо кард. Фарзанди Фарзонаи Миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки барҳақ ҳамин рӯзро мебояд ҳамеша чун рӯзи наҷоти миллат арҷгузорӣ намоем.

Лаҳзаи ҳамчун Сарвари давлати навини тоҷикон аз толор ба минбар баромадани Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ҳамешагӣ дар ёдам нақш бастааст. Бо вуҷуди ҷавон буданаш ниҳоят солору бо тамкин ба минбар баромад ва бо ҳамон тамкини оқилона ба халқи шарифи Тоҷикистон ваъда дод, ки ман ба Шумо сулҳ меорам. Гурӯҳе ё маҳалеро гунаҳгор накард. Чавҳари ин суханронии тақдирсоз сулҳу оштӣ, васлу тавҳид, ҷустуҷӯи роҳҳои ободии Ватан ва сарҷамъии миллат буд.

Чун суханронии Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон поён ёфт, падарам аз ҷевон китоберо гирифт ва хушҳолона ин сатрҳоро қироат намуд ва моро гуфт, ки бо диққат гуш кунем. «Ҳароина аз шумии исён хашму хизлон (хорӣ) дар он мардумон дар расад… ва суюфи (теғҳои) мухталиф кашида шавад ва хунҳои ноҳақ рехта ояд. Ва ҳаркиро даст қавитар ҳарчи хоҳад кунад он гунаҳгорон андар миёни он фитнаҳои хунрез ҳалок шаванд ва ҷаҳон аз ишон холиву софӣ монад. Ва аз ҷиҳати шумии ин гунаҳгорон бегуноҳон, низ дар фитнаҳо ҳалок шаванд ва мисоли ин чунон аст, ки оташ андар наистон афтад ҳарчи хушк бошад бисузад ва аз ҷиҳати муҷоварати хушк бисёр тар бисузад»

Падарам чун ба инҷо бирасид, аз китоб сар бардошт ва гуфт: Ба бузургии Ҳаким Низомулмулк андеша кунед. Кас гумон мекунад, ки ин бузургвор маҳз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро тасвир намудааст. Бо диққат гуш кунед, аҷибтараш дар поён аст, гуфт падарам ва хонданро идома дод. «Пас аз бандагон якеро ба тавфиқи Эзидӣ Саодате ва давлатеву иқболе ҳосил шавад ва аз Ҳақ Таоло донишеву ақле ёбад, ки бад-он донишу ақл зердастонро ҳар як ба андозаи хеш бидорад ва ҳар якеро бар қадри ӯ мартабае аз маҳалле ниҳад… Ва бар кифояти муҳимоти диннию дунявӣ бар эшон эътимод кунад ва раиёро нигоҳ дорад»

Падарам ин сатрҳоро хонду аз китоб сар бардошта ба мо гуфт: Иншоолоҳ Ҳамон яке аз бандагон, ки ба тавфиқи Эзидӣ Саодатеву давлатеву иқболе ҳосилаш шудааст ва аз Ҳақтаоло донишеву ақл ёфтааст, Ҳамин Эмомалӣ Раҳмон аст ва раиятро нигоҳ медораду аз ин баҳри пурталотум ба соҳили мурод мерасонад.

Як моҳ аз интихоб шуданаш ба вазифаи Сардори давлат нагузашта буд, ки муроҷиатномааш ба мардуми шарифи Тоҷикистон интишор шуд ва он меҳрашро дар дили халқи азиз боз ҳам қавитар намуд. Муроҷиатнома бо чунин сатрҳо анҷом меёфт «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, чоннисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам боварӣ дорам.»

Барои вохурӣ бо Рохбарияти Иттиҳоди неруҳои мухолифин дар шароите ба Хосдеҳи Афғонистон рафт, ки онҷо даргириҳо байни афғонҳо идома дошт ва танҳо Роҳбаре ҷурати рафтан ба онҷо мекард, ки омода аст, ҳар лаҳза баҳри сулҳу салоҳу сарзамини миллат ҷоннисорӣ кунад.

Сафарҳояш ба манотиқи гуногуни мамлакат низ пӯр аз хавфу хатар буданд, вале рӯҳи бешикасту меҳри беандоза ба Ватан барояш сипар гашта буд ва бо дилпурӣ сафарҳояшро идома медод ва дар ҳар вохурӣ бо халқи азиз саҳифаи наве дар китоби сулҳу Ваҳдатофариаш боз мегардид.

Оянда собит намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар ҳолату вазъият ба ин савганди худ содиқ монд ва ҳаёти худро ба миллат бипайвасту чунонки гуфта буд, ҷонашро аз халқ дареғ надошт. Одитарин далел барои исботи ин гуфтаҳо ҳамон аст, ки ҳангоми суиқасд ба ҷонаш баъди лаҳзае бо тани захмину рӯҳи қавӣ ба назди халқ рафт дар вохурӣ ширкат кард ва бо самимият дар назди халқ баромад карда, аз аз сулҳу салоҳ, ободии Ватан ва равнақи иқтисод сухан гуфт.

Чунон ки, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин мусоҳибаи худ ҳамчун Сардори давлат 19 декабри соли 1992 иброз дошта буд, «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, бе шак иҷлосияи таърихӣ буд. Дар он қисмати миллати тоҷик ва давлати Соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳал мешуд… Гуворотарин лаҳзаҳо қабули Парчаму Нишони Тоҷикистон буд» Оре барҳақ чунин аст ва яке аз лаҳзаҳои гуворотарину фаромушнашавандаи Иҷлосияи наҷотбахши 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин интихоби Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро ҳамаи комёбиҳои минбаъда, аз ҳамин интихоби оқилонаю дурандешона ибтидо гирифтанд. Сол то сол иқтидори давлати Соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо бо ҳидояти Пешвои хирадманди миллат мустаҳкаму пойдор мегардад ва обурӯю нуфузи миллату давлати Тоҷикистон болло меравад. Қабули чандин пешниҳодҳои Сардори давлати Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид далели гуфтаҳои болост.”Соли оби тоза” эълон гардидани соли 2003. Эълон шудани “Даҳсолаи об барои ҳаёт” аз ҷониби СММ ва дигар пешниҳодҳо боиси боз ҳам болоравии нуфузи Тоҷикистон ва равшантар айён шудани хирадмандии Пешвои муаззами миллат гардид. Бо баъзе пешниҳодҳои худ, махсусан бо пешниҳодҳо дар масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи об ва аз танқисии оби ошомиданӣ наҷот додани башарият Сардори давлати мо чун пешвои дараҷаи байналмилалӣ шуҳрат ёфтааст.

Пешравиҳои Тоҷикистони азизро агар дар 24 соли истиқлолият номбар карданӣ шавем, дар чандин ҷилд китоб намеғунҷад. Бинобар ин, оиди як масъала танҳо ибрози назар мекунам ва мебинем, ки соли 1992 дар кадом ҳолат будему то соли 2015 ба чиқадар дастовардҳои бузург ноил гардидем. Сардори давлат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон, 12 декабри соли 1992 аз ҷумла чунин гуфта буд: ”Ҳоло масъалаи таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрока ва дорӯворӣ, инчунин бо сузишворӣ таъмин кардани хоҷагии халқ ҳаллу фасл мешаванд. Дар ин роҳ ба мо ҷумҳуриҳои бародар, давлатҳои муштаракул манофеъ ва мамлакатҳои дигар дасти ёрӣ дароз мекунанд.” Аз инҷо бар меояд, ки ба мо он вақт ҳатто барои бо маводи хӯрока таъмин намудани аҳолӣ кӯмаки дигарон лозим буд.

Акнун як назар ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 мекунем ва айён мегардад, ки тафовут аз куҷо то бар куҷост? “Бояд гуфт, ки танҳо дар 7-соли охир даромади буҷети давлатӣ беш аз чор баробар афзоиш ёфта, пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми он соли 2015 ба 15,3 милиард сомонӣ расонида мешавад.

Вобаста ба ин, ба маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, имсол танҳо ба ин мақсад қариб 8 милиард сомонӣ равона карда мешавад, ки ин рақам зиёда аз 50 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.”

Дар як муддати кӯтоҳ расидан ба ин пешравии азим танҳо ба халқе муяссар мегардад, ки монанди Эмомалӣ Раҳмон Пешвои оқилу тавоно ва дурандешу ғамхор дошта бошад.

Чуноки ҳамагон огаҳӣ доранд, бо вуҷуди тантанаи Ваҳдат дар сарзамини тоҷикон баъзе полковнику генералҳои ба бегонагон фурӯхташуда бар зидди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон шӯру исён бардоштанд. Вале онҳо мақсадҳои нопоки хешро амалӣ карда натавонистанд. Чунки ҳеҷ кадоми онҳо аз ҷониби халқи азиз дастгирӣ наёфтанд.

Халқи ватандӯсту худшиноси мо роҳи ояндаи хеш – роҳек, ки онро ба қуллаҳои мурод мерасонад, аллакай интихоб намудааст, на танҳо фирефтаи ақидаҳои нопоки душманони миллат намегардад, балки бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намуда, дар сарнагунсозии душманони миллат саҳмгузорӣ намуд. Ин рафтори ватанпарваронаи халқи азиз бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ, тенҷиву осудагӣ ва меҳри Пешвои муаззами миллат дар мазраи дили халқ чуқур реша гирифтааст.

Оре на танҳо халқҳои Тоҷикистон, балки тамоми тоҷикону форсизабонони олам ба хирадмандӣ, ҷасорату мардонагии Эмомалӣ Раҳмон ифтихор доранд. Ҳанӯз соли 2001 сипоҳсолори тоҷиктабори Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар бораи Эмомалӣ Раҳмон барҳақ чунин гуфта буд: “Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст.

Дар идомаи ин суханони самимии Аҳмадшоҳи Масъуд метавон илова намуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистониён ва тоҷикони олам Пешвои тавоною хирадманди миллатро дод, ки ӯ бо корномаҳои фаромӯшнопазираш номи Тоҷикистонро дар сар то сари олам машҳур сохт. Ва аҳли башар роҳҳои сулҳофаринию ваҳдатпарвариро аз ӯ омӯхтанд. Ва ин мактаб то имрӯз омӯхта мешавад ва ба таври ҳамешагӣ омӯхта хоҳад шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки ин ақидаро кайҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст. Бо ҳамин мазмун Муншии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо Ян Кубиш ҳанӯз соли 2002 гуфта буд: - Таҷрибаи Тоҷикистон дар бобати истиқрори сулҳ ҳамто надорад ва имрӯз бояд дар Афғонистон, дар ҷараёни барқарор сохтани ҳаёти осоишта ва созиши тарафҳои гуногуни даргири ин мамлакат истифода шавад.

Гуфтаҳои боло бар он далолат мекунанд, ки Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи об, балки дар масъалаи сулҳофарӣ низ мақоми Пешвои байналмиллалиро дорост.

Табиист, ки корномаҳои беназири Пешвои муаззами миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон бадхоҳони миллати моро сархаму бе роҳат мекунад ва ҳамаи ин ҷоннисорӣ, дастоварду пешравиҳоро нодидагирӣ мекунанд, аммо аксарияти халқҳои олам, ки дӯстону некхоҳони миллати мо мебошанд, аз ин пешравиҳо шоду мамнун гаштаю ба миллати тоҷик ва Пешвои муаззами он аҳсану офарин мегуфтанду мегуянд. Ба замми ин фаромуш набояд кард, ки таърих довари холис ва одиле мебошад, ки ҳукми он дар қаъри асрҳо устувору пойбарҷо монда, бо санади сохтаю бохтаи дигар онро инкор кардан номумкин аст.

Ба ибораи дигар офтобро бо доман пушонидан нашояд.

Шоири халқии Доғистон, Қаҳрамони меҳнат Расул Ғамзатов соли 2003 ба корномаҳои ҷовидонаи Пешвои миллати тоҷик Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо дода буд: - Ман аз Сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони бо ҷасорату хирадманд – Президенти Тоҷикистон тавонист, формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад.

Ба заковату хирадмандии Эмомалӣ Раҳмон бисёр шахсиятҳои шинохтаи олам баҳои баланд додаанд ва мактаби сулҳофарии ӯро қайд кардаанд. Оре бе зуроварию хунрезӣ ба ҳам овардани ҷонибҳои даргир ва аз нобудшавӣ наҷот додани як миллати мутамаддин, вале дар гирдоби муноқишаҳои таҳмилӣ ғарқшуда, кори саҳлу осон нест. Барои ин хирадмандии бе мисл матонату мардонагӣ ва доштани қалби бузург зарур аст.

Аз нигоҳи мо, арзиши ин корнамоии бе мисл дар таърихи башар ба он баробар аст, ки Юсуф алайҳисалом бо нерӯи хирад мардуми Миср ва мамолики ҳамҷавори онро аз чанголи гӯшнагӣ наҷот дод. Ин корномаи хирадмандона ба он мемонад, ки Курӯши Кабир Бобулро бо нерӯи ақлу заковат фатҳ намуда, хуни касеро нарехт, молеро барбод надод. Ваҳдатофарии Пешвои хирадманди миллати тоҷик ҳамсанги он аст, ки Исмоили Сомонӣ дар ҷанги Тарос 10 ҳазор артиши хасмро ба нерӯи хирад асир гирифт ва Бухорои шарифро аз чанголи ғосибон наҷот дод.

Роҳи тайкардаи Эмомалӣ Раҳмон аз он рӯзи муборак, яъне 19 ноябри соли 1992 то имрӯз пур аз комёбиҳои бе назир басо шарафманду пурифтихор аст. Мухтасараш аз Қасри арбоб то Арбоби барҷастаи сиёсии сатҳи байналмиллалӣ ва то Пешвои муаззами Миллати мутамаддини тоҷик.

Ҷавонони мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ибораи демократия, ки мутаассифона имрӯзҳо аксар вақт бо мақсади ноамнии кишваре ва сарсону саргардон гардидани мардумони он истифода мешавад, ҳамон вақт дар маънои аслиаш таҷассум меёбад, ки халқ бо иродаи озод ва бе дахолати беруна Пешвои худро, Пешвое, ки тамоми ҳастии худро баҳри пойдории истиқлолият, нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва пешравии Ватани азизаш бахшидааст, Пешовое, ки ҳамеша тайёр аст, баҳри миллат ва сарзамини худ ҷоннисор кунад, интихоб карда бошад.

Интихоботҳои Перизидент дар Тоҷикистон бе шак исботи гуфтаҳои боло мебошад.

Солҳо паси сар мешаванд, асрҳо мегузаранд, наслҳои ояндаи миллати мо ба саҳифаҳои таърихи давлатдориамон назар меафкананд ва аз доштани чунин нобиға, ки лоиҳаи сулофариашро башар таҳсин ва истифода кардааст, ифтихор мекунанд.

Зиҳӣ миллатеро, ки чунин Пешвои халқпарвару ваҳдатоварро ба арсаи сиёсат баровардааст. Аҳсану офарин ба чунин Пешвое, ки меҳри халқашро дар қаъри ҷону дил мепарварад.
©Қувватзода Фотеҳ, судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: