Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ободкорро Худо ҳам дӯст медорад

Ободкорро Худо ҳам дӯст медорад

26-05-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 395 нафар
Назарҳо: 0
ё сухане чанд роҷеъ ба саҳми ҲХДТ дар ободии кишвар
Ободкорро Худо ҳам дӯст медорад

Банда зиёда аз 15 сол инҷониб узвияти Ҳизби созандаю ободкори Халқии Демократии Тоҷикистонро дорам ва зиёда аз 10 сол инҷониб ба узвияти раёсат ва комиҷроияи он шомил ҳастам.

Ногуфта пайдост, ки насли мо парвардаи давлати Иттиҳоди Шӯравӣ буда, замони таҳсил ва бештари фаъолияти ин насл ба замони Шӯравӣ тааллуқ дорад ва мо дарси одамияту ахлоқ, поквиҷдониву покизакорӣ, ҳақро гуфтану ҳалол меҳнат кардану ҳалол хӯрданро дар курсиҳои макотиби миёнаву олӣ ва устодони Шӯравӣ омӯхтаем ва то ба ҳол бо ҳамин мақсаду мароми зиндагӣ дар шоҳроҳи рӯзгор роҳ мепаймоем.

Банда дар пойтахти кишварамон шаҳри зебои Душанбе имкону шароити хуби кориву зиндагиро соҳиб будам.

Вале дар даҳаи охири қарни 20 бар асари сиёсати тахрибкоронаи аввалину охирин Президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачов пойдевори чунин давлати муқтадири Шӯроҳо ва қиблаи мамолиқи сусиёлистӣ футур рафт ва дар ҷамоҳири собиқи Шӯравию мамолики сусиёлистии ҷаҳон байни миллатҳову гурӯҳҳо ҷангу ҷидолҳо бархостанд ва Тоҷикистони азизи мо низ дар ин ҷода истисно нагардид.

Солҳои 1991-1992 Душанбешаҳри сарсабзу хуррам мотамкадаро мемонд. Давлат фалаҷ гардида ҳокимият ба дасти гурӯҳҳои мухталифи мусаллаҳ қарор дошт. Фиғону нолаи модарони фарзандгумкарда, оҳу нолаи пирамардону пиразанон ва ҷавонзанони азизону саробон аз дастдода ба фалак мепечид, аждари ҷанг ҳар рӯз даҳҳо одамони бегуноҳро ба коми бетаги худ мекашид, мардумон аз фақру бечорагӣ ва таҳдиди гуруснагӣ худро ба ҳар кӯю дар мезаданд. Мардумоне, ки тамоми умри босамари хешро фидои ободию сарсабзии ин шаҳри азизи хеш карда буданд, ҳароина тарки пойтахт мекарданд. Зеро кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.

Вазъ сангин буд ва ҳеҷ кас ба ором шудани кишвар ва беҳбуди кору рӯзгор бовар надошт.

Дар ҳамон шабу рӯз нависандаи сатрҳо дар зодгоҳ қиблагоҳи хешро аз даст дод. “Бадбахтӣ танҳо намеояд” гуфтагӣ барин, духтараки дуюнимсолаам Рухсор туъмаи аждари ин кашокашиҳою ҷангҳои бемаънӣ шуд. Завҷаам шабу рӯз фиғон мекарду кӯч бастанро аз ин макони фақру бенавоӣ, шаҳри пур аз ҷангу бедодиҳо мекард.

Банда низ маҷбур шуд, ки ба зодгоҳ, ба марзу буми бобоӣ, ба шаҳри Ӯротеппа кӯч бандад.

“Охири ҳар ҷанг сулҳ аст”, гуфтагй барин, ба бахти мардуми азиятдидаи тоҷик дар Қасри Арбоб иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуду ба сари қудрати роҳбарии кишвар фарзанди шоистаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро овард.

Дар мамлакат бо ибтикори ин марди кордон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзи вуҷуд кард ва тибқи Барномаи амали ин ҳизб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барқарор кардани хоҷагии халқи бар асари ҷанг хароб гардида, баргардонидани гурезагон ва обод кардани кишвар шурӯъ намуд.

Дар шаҳри Ӯротеппа низ бахши ҲХДТ созмон ёфта, ин бахш дар сафи пеши корҳои ободонию созандагӣ қарор дошт.

Дар баробари ободу зебо шудани Истаравшан дигар шаҳру навоҳии кишвар ободу зебо мегардиданд. Дар қисмати ҷануби мамлакатамон то охирин фирорӣ ба Ватан баргардонида шуда хонаву дар, иншоотҳои маданиву хизматрасон, кӯчаю бозорҳо, гулгашту хиёбонҳои бар асари бесарусомониҳо харобгардида барқарор мегардиданд, мардумони кишвар нафаси тозаи озодиву ободиро соҳиб гардида дилашон ба давлату Ҳукумат, Ватану марзу буми бобоӣ торафт гармтар мегардид.

Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон ифтихор аз он дорад, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари ҳамешабаҳору офтобии мо сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмию иттифоқ таъмин гардид ва ба қавли Ҳазрати Ҳофиз Ватани мо аз нав чеҳра барафрӯхт. Ва дар муддати ниҳоят кӯтоҳ ба дастовардҳои чашмгире ноил шуд, ки ҳатто дар замони давлати абарқудрати Шӯравӣ назир надошт. Сохтмони даҳҳо пулу нақбҳо, шоҳроҳҳои ҷавобгӯи меъёрҳои байналхалқӣ, иншоотҳои азим, пешрафти сиёсиву иқтисодиву иҷтимоии кишвар баёнгари ин гуфтаҳо мебошанд.

Ба назари мо аз ҳама муҳимаш миллати тоҷик тавассути ҷидду ҷаҳду пойфишориҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз ҳазор соли таваққуф бори дигар худро шинохт, гузаштаи худро дарёфт ва онро ба имрӯзу оянда пайваст.

Дар урфият мегӯянд, ки «То худро нашносӣ, Худоро нашносӣ». Мо аз худшиносӣ ба Худошиносӣ расидем, ҳувияти миллии хешро дарёфтем ва имрӯз ифтихор аз Президентамон, аз Ватанамон ва аз халқи ободкорамон мекунем. Фарзандону наберагони мо имрӯз дар лаб тараннуми Суруди миллӣ доранд ва мо ҳамроҳашон онро замзама мекунем:

Зинда бош эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!
Ба шарофати тадбирҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо рӯҳи поки гузаштагони бузургамон устод Рӯдакию Фирдавсӣ, Мавлавию Ҳазрати Имоми Аъзам ва бисёр алломагони дигар шод гардиданд. Маҳз ба шарофати ин давлатмарди бузург мо аз таҷлили ҷашнвораҳои 50-солагию 60-солагии шаҳру навоҳии кишвар ба таҷлили ҷашнвораҳои миллӣ, ки аз ҳазорсолаҳои таърихи гузашта об мехӯранд, ба мисли 1100-солагии давлати Сомониён, 2500-солагии Истаравшани бостон, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон ва дигар ҷашнҳои бузурги миллӣ рӯй овардем. Маҳз ба туфайли пойфишориҳои Эмомалӣ Раҳмон суннатҳои аз байн рафтаи қадимаи мо аз нав эҳё гардиданд. Наврӯзи мо дар ҷаҳон пирӯз ва ҳар рӯзи мо Наврӯз гардид.

Агар бузургони миллати мо устодон Айниву академик Бобоҷон Ғафуров, Турсунзодаву Муҳаммад Осимӣ ва Аҳрор Мухторов шуҳрати илму адабу фарҳанги тоҷикро дар қарни гузашта дар Шарқ машҳур карда бошанд, кишвари мо ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ҷаҳон якҷо бо таърихи ғанӣ, суннатҳои воло, мардони шуҷоъ ва мардуми ободкору бунёдгузораш муаррифӣ шуд.

Маҳз тавассути сиёсати дуруст ва воқеъбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан ҷидду ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон имкон ба вуҷуд омад, ки кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ обрӯю нуфуз ва мавқеи хоси худро пайдо намояд.

Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон бо ақли солим ва назари некбинона тоҷикони саросари ҷаҳонро ба ҳам овард ва Тоҷикистон хонаи умеди онҳо гашт.

Махсусан, мардуми Истаравшани бостон ба ин марди шариф эҳтиром ва меҳру муҳаббати хоса доранд. Зеро чуноне, ки қайд кардем, ба шарофати дастгириву ғамхориҳои падаронаи ин марди бузург орзую омоли чандинасраи аҷдодони мо дар бобати таҷлили 2500-солагии Истаравшан ҷомаи амал пӯшид. Маҳз ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон Ӯротеппа соҳиби номи зебову ихчами тоҷикона - Истаравшан шуд.

Ман, ки баҳри адои қарзи интернатсионалӣ ва ба хотири пуштибонӣ аз сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳифзи манфиатҳои он солҳои беҳтарини айёми ҷавониро дар кишвари ҳамсоя Афғонистон сипарӣ кардаам ва бар асари ҷангу ҷидол бадбахтиҳои ба сари мардуми ҷафокашидаи афғон омадаро ба чашми сар дидаам, азобу машақкати нооромиҳоро паси сар кардам, медонам, ки сулҳу оромӣ барои мардум чӣ гуна арзише дорад.

Мардуми намакшиносу меҳнатқарини Тоҷикистон сиёсати дурусту ватандӯстона, ободкориҳо ва раҳнамоиҳои Сарвари давлатамонро ҳамеша дастгирӣ мекунанд ва боз ҳам дастгирӣ хоҳанд кард. Аз ин рӯ, мавриди пазириш қабул гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат»-ро ҳамагон гарму ҷӯшон ва аз самими дил дастгирӣ карданд. Мардуми тоҷик ва гузашта аз он тамоми тоҷикони соҳибхиради дунё ин давлатмарди бузурги қарни 21 Эмомалӣ Раҳмонро кайҳо на танҳо Пешвои миллати тоҷик, балки Пешвои тамоми тоҷикони ҷаҳон хондаанд. Тоҷикон ифтихорманд аз онанд, ки мисли Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат, мураббии ғамхор ва падари маънавии бузургвор доранд. Мо аъзои ҲХДТ ифтихорманд аз онем, ки сарварии ҳизби моро чунин абармард дар ихтиёр дорад. Мо ҳама ёрони ин марди Худоем. Зеро ба қавли шоири лисоннулғайб Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ:

Ёри мардони Худо бош, ки дар киштии Нӯҳ,
Ҳаст хоке, ки ба обе нахарад тӯфонро.
Ҳусейни Назрулло, узви Иттифоқи нависандагониТоҷикистон, барандаи Ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва журналистони вилояти Суғд ба номи Ҳоҷӣ Содиқ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: