Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иштирок дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

27-05-2016, 11:30
Хабарро хонданд: 336 нафар
Назарҳо: 0
Иштирок дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

Хотиррасон бояд кард, ки Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015 таъсис ёфта аз 43 нафар, аз ҷумла Раис, муовини Раис, котиби масъул ва аъзои Шӯро иборат аст.

Таъсиси Шӯро иқдоми навбатии мақоми олии сиёсии мамлакат дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта дар оянда робитаи бевосита ва самарабахши ҷавононро бо роҳбарияти кишвар таъмин менамояд.

Сарвари давлат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ изҳор дошт, ки таъсиси Шӯрои мазкур таҳти раёсати Президенти мамлакат ҳадафи мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин замина барои ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ бештар ҷалб кардани онҳоро дошта муносибат бо ҷавонон, роҳандозии усулҳои боз ҳам муассири ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият мебахшад.

Тавре таъкид гардид, зери роҳбарии Сарвари давлат амал намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эътимоду боварӣ ва эҳтироми роҳбарияти сатҳи олии мамлакат дар нисбати ҷавонони саодатманди кишвар буда ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодоти онҳо ҳарчи бештар дастгирӣ ёбад ва мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасию роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз нақш ва мақоми ҷавонон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда аз намояндагони ин қишри ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал овард, ки аз кирдорҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз ҷумла узвият ба ҳар гуна ташкилоту созмонҳои терористию ифротгароӣ ва нашъамандию ҷинояткорӣ худдорӣ карда бештар ба донишандузӣ, корҳои илмию озмоишӣ, ихтироъкорӣ ва тарбияи маънавию варзишии худ машғул шаванд ва дар корҳои муҳими сиёсию ҷамъиятӣ ва таҳияи лоиҳаҳои нави инноватсионӣ ба нафъи давлату миллат фаъолона иштирок намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Шӯро, ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат барои беҳтар гардонидани шароиту имкониятҳои ҷавонон, вусъати бунёди майдону толорҳои варзишӣ бо мақсади солимгардонии ҷомеа ва оммавигардонии варзиш, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ, тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солим, таъмини пешрафти сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори замонавӣ барои он, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ, ҷудо кардани маблағҳои грантӣ ба ҷавонон барои пешбурди соҳибкории хурду миёна ва дар ин замина ташкили корҳои хонагӣ аз қабили ресандагиву бофанд агӣ, қолинбофиву зардӯзӣ ва дигар навъҳои косибӣ, таъсиси марказҳои нави касбомӯзӣ, тарбияи хизматчиёни давлатии ҷавону фаъол ва ташаббускор бо мақсади ба корҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани онҳо, пурзӯр намудани корҳои таблиғотӣ дар миёни ҷавонон, бахусус ҷавонони деҳот ва ба шуғл фаро гирифтани онҳо, инчунин мусоидат ба пешгирии роҳи бегонапарастӣ ва гаравидани ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои ифротиву террористӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пас аз суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аъзои Шӯро ва дигар иштирокчиёни ҷаласа - Абдуллозода Аҳтам Рустам - раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳзод Раҳимзода - сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, Сураҷ Чоршанбиев - мудири бахши ҷавонони раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Фатҳиддин Солеҳов - директори Маркази миллии имконоти ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилрухсор Фармонова - олимаи ҷавон ва Гулафзо Пирова - хонандаи синфи 10 - и мактаб - гимназияи давлатии ноҳияи Бохтар, гирандаи стипендияи президентӣ баромад намуда, пеш аз ҳама ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароитҳои муосири илмомӯзӣ ва ташаббусу ғамхориҳои рӯзафзун баҳри ҷавонони ҷумҳурӣ изҳори сипос карданд,

Аъзои Шӯро дар ҷаласаи нахустин тамоми масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласа воридгардидаро баррасӣ намуда, мавзуъҳои ҷаласаи оянда ва вазифаҳоро муайяну мушаххас карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: