Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Ҷоми шаҳрдорӣ»: «ҲХДТ» сеюм шуд

«Ҷоми шаҳрдорӣ»: «ҲХДТ» сеюм шуд

7-06-2016, 11:15
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
«Ҷоми шаҳрдорӣ»: «ҲХДТ» сеюм шуд
Футболбозони дастаи «ҲХДТ» (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон) дар мусобиқаи шаҳри Душанбе оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ-2016» медалҳои биринҷиро сазовор шуданд.

Ду бозии охири мусобиқаи мазкур, субҳи 4 июни соли равон дар майдони варзишии шаҳраки Маяковскии пойтахт баргузор гардид.

Футболбозони «ҲХДТ» барои зинаи сеюми мусобиқаро соҳиб шудан бо дастаи «Коррупсия»-и Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба майдон баромаданд. Сабқат миёни ин дастаҳо басо ҷолибу хотирмон сурат гирифт, зеро дар ин дидор футболбозони ҳар ду даста ҳам зуд-зуд дар назди дарвозаи якдигар ҳолатҳои хуби голзаниро ба вуҷуд меоварданд, ки яке бо гол анҷом меёфту дигаре бар ҳадар мерафт.

Дар нимаи аввали бозӣ футболбозони дастаи «ҲХДТ» бештар дар хати ҳуҷум буданд ва аз рақибонашон дида зиёдтар ҳолатҳои голзаниро ба вуҷуд оварданд, ки дар ин қисмати сабқат чаҳор маротиба дарвозаи ҳарифони худро рахна карданд ва футболбозони дастаи «Коррупсия» дар ин қисмати бозӣ танҳо ба як голи онҳо посух доданд ва бо ҳамин натиҷа, зери садои ҳуштаки довар дастаҳо ба танаффус баромаданд.

Нимаи дуюми мусобиқа, равиши бозии дастаҳо каме тағйир ёфт. Футболбозони дастаи «ҲХДТ» дар дақиқаҳои аввали аз ду ҳолати хуби голзанӣ истифода бурда натавонистанд ва ин ҳолат онҳоро маҷбур сохт, ки дарвозаи худро аз гол эмин нигоҳ доранд. Аммо, ин шеваи бозияшон он қадар натиҷаи хуб надод, зеро пас аз як зарбаи кунҷӣ тӯб ба пои якеи онҳо бархӯда ба тури дарвоза печид, ки ин гол ба нафъи ҳарифонашон буд. Пас аз чанд дақиқа футболбозони дастаи «Коррупсия» голи сеюми худро ба дарвозаи «ҲХДТ» ворид намуданд, вале ин охирин голи онҳо буд. Зеро дар ин бозӣ дарвозабони дастаи «ҲХДТ» низ маҳорати хуб нишон дод ва нагузошт, ки рақибонаш бештар аз ҳамдастаҳояш гол бизананд. Ҳамин тариқ, дастаи «ҲХДТ» бо ҳисоби 4:3 дастболо шуд.

Як нуктаро бояд ёдовар шуд, ки дастаҳои «ҲХДТ» ва «Коррупсия» соли гузашта, дар бозии финалии ин мусобиқа миёни ҳам қувваозмоӣ карда буданд, ки дуввумӣ ғолиб омада буд.

Бозии дигари ин мусобиқа барои соҳиб шудани ҷойҳои якуму дуюм миёни дастаҳои «Динамо»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Тандурустӣ»-и Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии пойтахт баргузор гардид, ки дастаи «Динамо» ҳарифони худро бо ҳисоби 10:2 шикаст дод.

Пас аз анҷоми бозиҳо маросими ҷоизасупорӣ сурат гирифт, ки дастаҳои ғолиби зинаҳои ифтихорӣ бо диплому ифтихорномаҳо қадрдони шуда, нишонҳои ба дастовардаашонро ба гардан овехтанд.

Ғайр аз ин ташкилкунандагони мусобиқа дар рафти бозиҳо аз миёни дарвозабонону футболбозон беҳтаринҳоро интихоб намуда, онҳоро низ бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд. Аз ҷумла, аз дастаи «ҲХДТ» Исматулло Бобоҷонов ҳамчун дарвозабони беҳтарин ва Абдуқаҳҳори Пӯлод ҳамчун ҳамлагари беҳтарини мусобиқа эътироф шудаанд.

Дар охир Парвиз Собиров, мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе зимни суханронӣ ба ҳамаи иштирокчиён арзи сипос намуда, афзуд, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ қабл аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва ҷалби сокинон ба машқҳои пайвастаи варзишӣ ва таҳкими дӯстӣ, робитаҳои ҳамкорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ миёни кормандони ташкилоту муассисаҳои пойтахт мебошад.

Мавсуф ҳамчунин илова намуд, ки сол аз сол таваҷҷуҳи ниҳодҳои пойтахт ба ин мусобиқа зиёд гардидааст ва дар оянда ин мусобиқа боз ҳам дар як сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи мазкур соли ҳаштум аст, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе ва бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахт дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 20рӯзи ҷавонӣ миёни кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, вазорату идораҳо ва корхонаҳо баргузор мегардад, ки имсол дар он 16 даста миёни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки футболбозони дастаи «ҲХДТ» соли дуюм аст, ки дар ин мусобиқа ширкат варзиданд ва дар ҳар ду навбат ҳам тавонистанд, ки дар миёни беш аз 15 даста аз 3 ҷойи ифтихорӣ якеро соҳиб шаванд.
Ибодуллоҳи Тоҳир
«Ҷоми шаҳрдорӣ»: «ҲХДТ» сеюм шуд
«Ҷоми шаҳрдорӣ»: «ҲХДТ» сеюм шуд
«Ҷоми шаҳрдорӣ»: «ҲХДТ» сеюм шуд
«Ҷоми шаҳрдорӣ»: «ҲХДТ» сеюм шуд
«Ҷоми шаҳрдорӣ»: «ҲХДТ» сеюм шуд
«Ҷоми шаҳрдорӣ»: «ҲХДТ» сеюм шуд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: